Пайвандҳои дастрасӣ

14 000 $ пора хостани ду милиса барои "ёрдам"


М.Назриев баъди боздошт. Акс аз сомонаи anticorruption.tj

М.Назриев баъди боздошт. Акс аз сомонаи anticorruption.tj

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти ду афсари милиса дар шаҳри Душанбе бо иттиҳоми ришвахоҳӣ ба маблағи беш аз 14 000 доллар хабар медиҳад. Ин афсарон барои «ёрдам» ба ду гумонбар ин қадар пул хостаанд.

Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 22 январ ду муфаттиш – яке аз шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ва дувумӣ аз раёсати умури дохилаи шаҳри Душанберо бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир карда ва алайҳи ҳарду парвандаи ҷиноӣ кушодааст.

Дар хабари расмии нашршуда дар сомонаи Оҷонсии зидди фасод гуфта мешавад, ки боздошти ин ду афсари милиса бар асоси шикояти шаҳрванде бо номи М.Б.Абдураҳимов муяссар шудааст. Ин нафар рӯзи 22 январ аз ришвахоҳии муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ Муҳаммад Ҳакимович Назриев ва муфаттиши раёсати корҳои дохилии Душанбе Дилшод Сафаралиевич Пирмаҳмадов ба ин Оҷонсӣ шикоят оварда, хостааст, алайҳи онҳо «чораҳои қонунӣ андешида шавадВа худи ҳамон рӯз ҳардуро дастгир кардаанд.

Оҷонсии мубориза бо фасод дар шарҳи ин қазия аз суханони Абдураҳимов менависад, Назриев ва Пирмаҳмадов «аз рӯи маслиҳати пешакӣ аз мақоми хидматии худашон сӯиистифода намуда, барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шиносаш Тағойназаров Рустам 10000 доллари амрикоӣ талаб намуда, аз ин маблағ 7200 долларро ба сифати пора гирифтаастАммо иштиҳо, тавре мегӯянд, дар вақти хӯрдан бештар кушода мешавад ва муфаттишони «корчаллон» «кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, бо маслиҳати пешакӣ ҳамчунин барои сабук намудани ҷазои ҷиноятӣ нисбати Саидов Х.Ҳ, аз ӯ маблағи 4000 доллари амрикоӣ талаб намуда истодаанд

М.Назриев баъди боздошт. Акс аз сомонаи anticorruption.tj

М.Назриев баъди боздошт. Акс аз сомонаи anticorruption.tj

Аммо рӯзи 22 январ Муҳаммад Назриев ҳангоми гирифтани пул аз ин корафтода дастгир шуд ва аз ӯ, бино ба гузориши сомонаи Оҷонсӣ, «далелҳои шайъӣ ёфта гирифта шуд.» Алайҳи Муҳаммад Назриев ва Дилшод Пирмаҳмадов ҳоло бар асоси 3 банди аввали қисми чоруми моддаи 319-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷониби шахси мансабдор гирифтани пора барои ҳаракати (беҳаракатии) ғайриқонунӣ батакрор, аз сӯи гурӯҳи муташаккил ва бо маслиҳати пешакӣ) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои чунин аъмол ҳамчун ҷазо «маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳафт то дувоздаҳ сол бо мусодираи молу мулк бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати панҷ сол»-ро пешбинӣ мекунад.

Яке аз афсарони моҳи октябр боздоштшуда. Акс аз сомонаи anti-corruption.tj

Яке аз афсарони моҳи октябр боздоштшуда. Акс аз сомонаи anti-corruption.tj

Ин нахустин мавриди бо иттиҳоми порагирӣ дастгир шудани афсарони милисаи пойтахти Тоҷикистон нест. Дар моҳи октябри соли 2014 Оҷонсии мубориза бо фасод аз боздошти се афсари раёсати корҳои дохилии пойтахт - майор Маҳмадулло Ҳикматов, лейтенанти калон Нозим Рӯзиев ва лейтенант Азизхоҷа Халилов - дар вақти гирифтани ришва хабар дод. Дафтари матбуоти Оҷонсӣ рӯзи 28 октябр ба Озодӣ гуфта буд, ин се афсари милисаро рӯзи 21 октябр дар назди тарабхонаи “Вохӯрӣ”-и пойтахт дар лаҳзаи ситонидани 400 доллар аз ду сокини пойтахт боздошт карданд.

Бино ба ин манбаъ, афсарони раёсати корҳои дохилӣ ин ду сокини пойтахтро дар яке аз бозорҳо боздошт карда, аз ҷайби онҳо 9 000 рубли русӣ ва 110 сомонӣ пайдо кардаанд ва ба ин далел ҳардуро ба дуздӣ муттаҳам карданд. Афсарони милиса, ба гуфтаи маъмурони Оҷонсӣ, боздоштшудаҳоро аз кушодани парвандаи ҷиноӣ ва боздошт тарс дода, пешниҳод мекунанд, ки агар 500 доллар биоранд, аз масъулият озод хоҳанд шуд. Аммо ин ду нафар ба Оҷонсии зиддифасод шикоят оварданд ва афсарони милисаро ҳангоми гирифтани пора дастгир карданд.

Ҳамин тавр, моҳи апрели соли 2014 Оҷонсии зидди фасод подполковники милиса Бегмурод Зиёевро бо гумони ришваситонӣ дастгир кард. Гуфта мешуд, ки ин сардори шӯъбаи назоратӣ- таҳлилии раёсати таҳқиқии вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) ҳангоми бозпурсӣ аз донишҷӯи факултаи иқтисоди ҷаҳон ва маркетинги Донишгоҳи технологӣ Акмал Маҷнунов, ки ба фурӯши маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) гумонбар мешуд, барои раҳоияш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ 2000 доллар талаб кардааст, вале 9 апрел ҳангоми аз Раҳмонов гирифтани 800 доллар, ки ба истилоҳ «транш»-и якум аз 2000 доллар пораи ваъдагӣ буд, дастгир шудааст.

Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ дар радифи 20 кишвари фасодзадатарини дунё ҷой гирифтааст. Ниҳодҳои вазорати умури дохила ҳамеша дар ҷумлаи идороти давлатии фасодзадаи ин кишвар ном бурда мешаванд ва ҳар сари чанд вақт дар бораи боздошти афсарони милисаи тоҷик бо гумони даст доштан дар фасод хабарҳо ба гӯш мерасанд.

Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода

Даст доштани маъмурони милиса дар қонуншиканиҳо як мавзӯъи доғ ва обрӯрез барои вазорати корҳои дохилӣ боқӣ мемонад. Вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода дар моҳи феврали соли 2012 дар як суханрониаш ваъда дода буд, ки сафҳои милисаи тоҷикро аз ҳузури афроди тасодуфӣ ва дастонашон нопок пок хоҳад кард. Раҳимзода ба хотири мубориза бо зуҳуроти манфӣ дар вазораташ ҳатто "Телефони боварӣ" (шуморааш: +992 372212121) таъсис додааст.

Бо гузашти 3 сол ҳанӯз ягон оморе нашр нашудааст, ки оё чанд маъмури милиса бо ҷурми поймол кардани қонун ба масъулият кашонда шудаву чанди дигар ба далели иснод овардан ба номи милиса аз кор ронда шудаанд? Аммо додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2014 танҳо бо иттиҳоми шиканҷа алайҳи 4 корманди умури дохила парванда боз шудааст. Худи вазорати корҳои дохилӣ ҳам дар поёни соли 2014 хабар дод, ки дар як соли охир 20 кормандаш бар асоси шикоятҳои мардум аз тариқи "Телефони боварӣ” муҷозот шудаанд.

Дигар ин ки ба эътирофи худи мақомоти вазорати умури дохилӣ, “муоширати нодуруст, дағалгуфторӣ ва бадмуомилагӣ бо шаҳрвандонро аз ҷониби бисёре аз кормандон, бахусус кормандони хидмати беруна пайваста мушоҳида кардан мумкин аст.”

Бо ин дастгоҳҳо ҳар қадами ходимони БДА ва ППС назорат хоҳад шуд. Акс аз mvd.tj

Бо ин дастгоҳҳо ҳар қадами ходимони БДА ва ППС назорат хоҳад шуд. Акс аз mvd.tj

Дар моҳи октябри соли 2014 вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки барои мубориза бо фасод ва ҷилавгирӣ аз рафтори дағалонаи кормандонаш аз хориҷ дастгоҳҳо ва чипҳои махсус овардааст, ки дар бадани афсарони милиса насб шуда, тамоми муоширати онҳоро дар тӯли соатҳои корӣ - чӣ дар ҳуҷраи корӣ ва чӣ дар кӯча - сабт хоҳанд кард. Аммо то ҳол дар бораи озмоиши ин дастгоҳҳову чипҳо гузорише нашр нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG