Пайвандҳои дастрасӣ

Ба хотири наздиктар кардани милиса ба мардум ва мубориза бо фасоду бадрафторӣ дар сохторҳои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар назди ин вазорат як Шӯрои ҷамъиятӣ таъсис додаанд.

Дар назди вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятии мусоидат ба ислоҳоти милиса таъсис шудааст. Низомномаи ин Шӯро ҳанӯз рӯзи 11 октябр тасвиб, вале танҳо рӯзи 12 ноябр нашр шудааст.

Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “ин шӯро мақоми маслиҳативу назоратӣ дорад ва ба хотири ширкати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди ислоҳоти соҳаи милисаи тоҷик, ҳамкории густардаи вазорати корҳои дохилӣ бо мардум ва ба эътибор гирифтани фикру назари ҷомеа таъсис ёфтааст.” Ба таъкиди ин масъулон, яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ин Шӯро, “таҳияи Консепсияи ҳамкории милиса бо ҷомеаи маданӣ мешавад.”

Ҳамчунин ин Шӯро, кӯмакҳои маслиҳатӣ, методӣ ва ғайра ба сохторҳои вазорати корҳои дохилӣ расонида, ба гуфтаи масъулони вазорат, дар боло бурдани эътимоди мардум ба пулис, наздик кардани милиса бо ҷомеа, таҳкими ҳамкорӣ бо созмонҳои иҷтимоӣ ва матбуот мусоидат мекунад.

Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин шӯро дар асоси ширкати довталабонаи худи шаҳрвандони кишвар, ки синнашон ба 21 расидааст ва доғи додгоҳӣ надоранд ва шаҳрванди доимии Тоҷикистон ҳастанд, ташкил мешавад.

Теъдоди аъзои Шӯро 15 нафар буда, аммо панҷ тани дигар ба унвони аъзои эҳтиётӣ низ пазируфта хоҳанд шуд. Инчунин дар раёсатҳои минтақавии вазорати корҳои дохилӣ чунин шӯроҳои ҷамъиятии иборат аз 10 узви доимӣ ва 3 узви захиравӣ мешавад.

Мӯҳлати узвият ба Шӯро 3 сол буда ва ҷаласаҳои он ҳар се моҳ як маротиба баргузор мешавад ва дар нишастҳои ғайринавбатии он вазири корҳои дохилӣ низ ширкат мекунад.

Дар солҳои охир бархе аз идороти давлатии Тоҷикистон ба хотири наздиктар кардани худ ба мардум чунин Шӯроҳои ҷамъиятӣ ташкил мекунанд. Яке аз фаъолтарин Шӯроҳои ҷамъиятӣ Шӯрои таъсисшуда дар шаҳрдории Душанбест, ки як силсила аз мунтақидони давлат, бо шумули хабарнигор Раҷаби Мирзо ва ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов низ узви онанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳоле ба таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ иқдом мекунад, ки дар ҷомиа дар бораи фасодзадагӣ ва бадрафториву дағалии маъмурони милиса дар муомила бо мардуми оддӣ зиёд сӯҳбат мешавад. Вуҷуди афроди қалбдаст дар сафи нирӯҳои милисаро вазири кунунии умури дохила Рамазон Раҳимзода низ борҳо эътироф кардаву ду сол пеш ҳатто ба як маъракаи густардаи поксозии сафи милисаи тоҷик аз афроди дасту нияташон нопок даъват карда буд.

Бо ин дастгоҳҳо ҳар қадами ходимони БДА ва ППС назорат хоҳад шуд. Акс аз mvd.tj

Бо ин дастгоҳҳо ҳар қадами ходимони БДА ва ППС назорат хоҳад шуд. Акс аз mvd.tj

Дар моҳи октябр вазорати корҳои дохилӣ эълон кард, ки барои таъмини назорати беҳтар ва муассиртари фаъолияти ходимони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА- ГАИ) ва Хадамоти посбонӣ-пайроҳадории милиса (ППМ – ППС) таҷҳизоти наву замонавӣ овардааст.

Бино ба гузориши сомонаи вазорати умури дохила, «ин дастгоҳҳои муосир барои назорат, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва муоширату муносибати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо шаҳрвандон ҳангоми фаъолият пешбинӣ шудааст.» Мубориза бо фасод ва бо бадрафториву дағалии кормандони милиса як ҳадафи асосии ин "навоварии технологӣ" дар кори милисаи тоҷик гуфта мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG