Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

25 ҷангҷӯи тоҷик - дар рӯйхати сиёҳи Интерпол


Яке аз афроди таҳти таъқиби Интерпол
Яке аз афроди таҳти таъқиби Интерпол

Интерпол дастикам 25 шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми “зархаридӣ” ва “узвият дар гурӯҳи террористӣ” таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додааст.

Интерпол, пулиси байналмилалӣ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар рӯйхати афроди таҳти таъқибаш дастикам 25 ҷангҷӯ аз ин кишварро илова кардааст. Ин афрод ба “зархаридӣ” ва “узвият дар гурӯҳи террористӣ” айбдор мешаванд.

Интерпол, марказаш дар Лиони Фаронса, ки 190 кишвари ҷаҳон узви онанд, афродро бар асоси дархости шӯъбаҳои миллиаш ба рӯйхати афроди таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ шомил мекунад ва маъмулан тасмимашро шарҳ намедиҳад.

Аммояк манбаъ дар вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон рӯзи 16 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯйхати ахир асосан ҷангҷӯёнеро, ки дар Сурияву Ироқ ва кишварҳои дигари ҷангзада дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” меҷанганд, ва ҳамчунин афроди гумонбар дар ошӯби ахири генерал Абдуҳалим Назарзодаро дар бар мегирад. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, мақомоти Душанбе рӯйхати афроди бештаре аз ҷангҷӯёни зодаи Тоҷикистонро, ки дар Сурияву Ироқ қарор доранд, тартиб додааст ва умедвор аст, ки ба зудӣ онҳо низ аз сӯи Интерпол таҳти ҷустуҷӯ гузошта мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир, мақомоти Тоҷикистон аз тариқи Интерпол 160 нафарро таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор додаанд, ки тақрибан чоряки онҳо бо иттиҳомоти марбут ба фаъолиятҳои ифротгароӣ ва ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ таъқиб мешаванд. Онҳое ки ба “рӯйхати сиёҳ”-и Интерпол меафтанд, дар кишварҳои узви ин созмон зери таъқиб қарор мегиранд ва ба муҷарради зоҳир шудани исмашон дар компутарҳои пулиси хадамоти марзбонии ин кишварҳо боздошт мешаванд.

25 нафари ахире, ки бо иттиҳомоти “зархаридӣ” ва “узвият дар гурӯҳи террористӣ” таҳти таъқиби Интерпол қарор гирифтаанд, аз 18 то 50 сол доранд. Як қисми онҳоро ҳатто аксҳое, ки дар даст силоҳ ва дар тан либоси ҷангӣ доранд, ба рӯйхати Интерпол шомил кардаанд.

Бино ба ин рӯйхат, аз ҷумла Замиров Абдуаҳад, зодаи ноҳияи Нуробод, 27-сола, Лутфулло Нилов, сокини Душанбе, 26-сола, Ҷӯрахони Назарзода, сокини Ваҳдат, 24-сола, Зафар Табаров, низ аз Ваҳдат, 26-сола, Амирхон Обидов, 30-сола, Алӣ Шамсови 31-сола аз шаҳри Душанбе, Фарҳод Ҳасанови 23-сола аз Нуробод, Шаҳидулло Давлатов ва Мирзошариф Азизови ҳарду 23-сола ва Акбар Неъматови 25-сола аз Душанбе, Зоиршо Ҳаитов аз шаҳри Кӯлоб, 22-сола, Абдуҷаббори Зоирзодаи 22-сола аз ноҳияи Файзобод бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористӣ аз сӯи мақомоти адлияи Тоҷикистон таъқиб мешаванд.

Ҳамин тавр, бино ба рӯйхати Интерпол, мақомоти Тоҷикистон Муҳаммадсаид Аъзамови 18-сола ва Садриддинхоҷа Зулфиқорови 37-сола аз вилояти Суғд, Шавкат Алимови 27-сола Абдухолиқ Бобоеви 38-сола аз Исфара, Сайдулло Сафарови 50-сола ва Қурбоналӣ Шокирови 38-сола аз вилояти Хатлон, Қурбоналӣ Гиёеви 28-сола аз Ваҳдат, Эраҷ Гулмаҳмадови 23-сола ва Абдулқаҳҳор Асророви 24-сола аз ноҳияи Ванҷ бо иттиҳоми зархаридӣ ба дасти таъқиби пулиси байналмилалӣ супурдаанд.

Таҳти таъқиби Интерпол қарор гирифтани дастикам 25 ҷангҷӯи зодаи Тоҷикистон дар ҳолест, ки Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилаи ин кишвар Рамазон Раҳимзода рӯзи 14 декабр дар Роштқалъаи Бадахшон гуфт, ба ҳисоби онҳо, дар ҷангҳои Сурияву Ироқ беш аз 600 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок доранд ва то имрӯз бо мусоидати мақомот ва “бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чораҳои оператививу ҷустуҷӯӣ”, ҳудуди 50 нафар аз он ду кишвари ҷангзадаи арабӣ ба Ватан баргардонда шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши шумори шаҳрвандони тоҷик дар сафи гурӯҳҳои тундрав дар Сурияву Ироқ дар соли гузашта ба Кодекси ҷиноӣ банди махсуси 406-ро илова карданд, ки барои зархаридӣ, яъне ширкат дар низоъҳои мусаллаҳона дар хориҷ, аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Ҳамзамон ба он ҷангҷӯёне, ки ихтиёран ба Ватан бармегарданд, аз сӯи мақомоти Тоҷикистон пешниҳоди афв ҳам шуд.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки соли 2014 қисматҳое аз қаламрави Сурияву Ироқро тасарруф ва дар ин сарзаминҳои таҳти назораташ эълони “хилофат” кард. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба асирону дигарандешон ва пайравони динҳову равияҳои ғайр, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асиронаш ном баровардааст.

Кишварҳои Ғарб ва ҷаҳони Араб алайҳи ин созмон як эътилофи байналмилалӣ таъсис додаанд, ки аз моҳи августи соли 2014 мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия бомббор мекунад.

Русия низ аз сентябри соли ҷорӣ ба амалиёти ҳавоӣ дар Сурия шурӯъ кардааст, вале дар Ғарб бар ин назаранд, ки ҳамлаҳои ҳавоии Русия бештар таҳкими мавқеи режими президенти Сурия Башор Асадро ба ҳадаф доранд, то саркӯби гҷангҷӯёни “Давлати исломӣ”-ро.

XS
SM
MD
LG