Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти вилояти Нангарҳои Афғонистон аз боздошти 15 нафар, бо шумули 12 нафар аз Тоҷикистону Узбакистон бо иттиҳоми иртибот бо гурӯҳҳои чирикӣ хабар доданд.

Мақомоти вилояти Нангарҳори Афғонистон мегӯянд, дар ҳудуди ин вилоят 15 хориҷиро бо иттиҳоми иртибот бо гурӯҳҳои ҷангҷӯ дастгир кардаанд. Атоулло Хубиёнӣ, сухангӯи волии Нангарҳор рӯзи 14 декабр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ин афрод дар поёни ҳафтаи гузашта дар вулусволии Ғанихейл аз сӯи нирӯҳои Урдуи давлатии Афғонистон боздошт шудаанд. Ӯ мегӯяд, “аксари онҳо ба забонҳои тоҷикиву узбакӣ сӯҳбат мекарданд ва ба ин далел, мақомоти амниятӣ ба хулосае расиданд, ки онҳо ғолибан шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистонанд.”

Шоҳмаҳмуд Шинворӣ, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Нангарҳор бо такя ба иттилои мақомоти амниятии Нангарҳор гуфт, ин 15 нафар савори ду мошин аз Покистон меомаданд. Баъди боздошт сеи онҳо худро зодагони сарзаминҳои қабиланишини Покистон ва 12 нафари дигар, ки дар байнашон як зан ва ду кӯдак ҳам будаанд, худро аз Тоҷикистону Узбакистон муаррифӣ кардаанд. Шинворӣ мегӯяд, мақомот ин 15 нафарро ба иртибот бо гурӯҳҳои чирикие, ки алайҳи ҳукумати Афғонистон меҷанганд, айбдор мекунанд.

Хабари боздошти 12 шаҳрванди Тоҷикистону Узбакистон дар вилояти Нангарҳор дар ҳоле нашр мешавад, ки рӯзи ҷумъа шаҳри Ҷалолобод – маркази ин вилоят ҳангоми интиқоли як гурӯҳи боздоштшудаҳои дигар, ки ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, шаҳрвандони Узбакистон буданд, як зан аз миёни боздоштшудаҳо худро тарконд. Дар натиҷа дастикам 6 нафар, бо шумули се кӯдаки ҳамроҳи ин зан ва се афсари Раёсати амнияти миллии Афғонистон кушта шуданд.

Мақомоти Нангарҳор дар бораи далоиле, ки онҳоро нисбат ба эҳтимоли иртиботи ин 15 нафари боздоштшуда ба гурӯҳҳои ҷангҷӯ машкук кардааст, сӯҳбат намекунанд.

Аммо дар моҳи ноябр дар бораи даргириҳои шадид байни ҷангиёни гурӯҳи Толибон ва афроди марбут ба Ҳаракати исломии Узбакистон дар вилояти Зобул ва ҳалокати даҳҳо нафар дар ин ҷангҳо гузориш шуда буд. Ҷангиёни Толибон ахиран дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет аксҳоеро нашр карданд, ки ба иддаои онҳо, акси ҷасади Усмон Ғозӣ, раҳбари кушташудаи Ҳаракати исломии Узбакистон аст.

Ин созмони тундрави мазҳабӣ дар моҳи майи соли 2015 ба Абӯбакри Бағдодӣ, “халифа”-и худхондаи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” байъат супурд ва худро бахше аз “вилояти Хуросон” дар ҳайъати “хилофат”-и Бағдодӣ эълон кард. Ин иқдоми Ҳаракати исломӣ ва раҳбараш Усмон Ғозиро ҷангиёни Толибон, ки тайи солиён ба ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон паноҳ дода буданд, ҳамчун “хиёнат” қабул карданд.

Ба дунбол, гузоришҳое ба даст мерасид, ки ҷангиёни содиқ ба Усмон Ғозӣ бо тарки сарзаминҳои қабиланишини Покистон мехоҳанд худро аз тариқи Афғонистон ба вилоятҳои шимоли ин кишвар, ки бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳаммарзанд, бирасонанд.

Шоҳмаҳмуд Шинворӣ мегӯяд, ба эҳтимоли ғолиб, афроди ахиран боздоштшуда дар Нангарҳор низ аз ҷумлаи он ҷангиёни узбаку тоҷики Ҳаракати исломии Узбакистонанд, ки мехостанд аз тариқи ин вилоят ба шимоли Афғонистон бираванд.

Ҳаракати исломии Узбакистон, ки аз сӯи кишварҳои зиёде, аз ҷумла дар Амрико, Аврупо, Русия ва дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Узбакистону Тоҷикистон, созмони террористӣ шинохта шудааст, дар ибтидои солҳои 90 арзи ҳастӣ кардааст. Ҷангиёни он ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ ва Тоҳири Юлдош дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз тарафи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин меҷангиданд. Баъди имзои созишномаи сулҳ байни давлат ва мухолифини тоҷик ва ду талоши ҳамлаҳои мусаллаҳонаи Ҳаракати исломӣ ба Узбакистону Қирғизистон, дар соли 2000 ҷангиёни ин ҳаракатро маҷбур карданд, ки аз Тоҷикистон ба Афғонистон бираванд.

Дар пайи оғози амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон даҳҳо тан аз ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон, бо шумули фармондеҳаш Ҷумъаи Намангонӣ кушта шуданд ва боқимондаҳои он ба раҳбарии Тоҳири Юлдош ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурданд.

Раҳбари ин ҳаракат Тоҳири Юлдош дар моҳи августи соли 2009 дар натиҷаи асобати як мушаки ҳавопаймои амрикоӣ кушта шуд ва ба ҷои ӯ домодаш Усмон Одилро раҳбари ин гурӯҳ интихоб карданд. Аммо дар соли 2012 Усмон Одил низ ба ҳалокат расид ва ба ҷои ӯ Усмон Ғозӣ ба раҳбарии Ҳаракати исломии Узбакистон расид.

Аммо байъати ба “Давлати исломӣ” супурдаи Усмон Ғозӣ ҷангиёни ин созмонро ба ду шоха тақсим кард ва ӯву тарафдоронашро аз ҳимояти Толибон маҳрум сохт.

XS
SM
MD
LG