Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имсол ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоле, ки роҳҳои ҳарбии аз байн бурдани "Давлати исломӣ"-ро ҷустуҷӯ мекард, аммо натавонист идеологияи ин гурӯҳро ба таври ҷиддӣ ба чолиш бикашад.

Пажӯҳишгари олмонӣ Даниэл Колер саъй дорад, ҷиҳодиҳои собиқро, ки аз Сурия ба кишварҳои Аврупо ва Амрикои шимолӣ баргаштаанд, ба ҳаёти осоишта ташвиқ кунад. Колер мегӯяд, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар муқоиса бо гурӯҳҳои дигари ҳамсон, аз ҷумла "Ал-Қоида" ба ташвиқи ҳаводоронаш ва сафарбарии онҳо ба "ҷиҳод" бештар муваффақ будааст.

Ба гуфтаи пажуҳишнгари олмонӣ, гурӯҳи ҷиҳодӣ ба ҳаводоронаш ин ақидаро талқин мекунад, ки дини Ислом зери зарбаи нерӯҳои бад қарор дорад ва мусулмонони садоқатманд бояд ба ҳимояти дини худ бархоста, ватанеро барои мусулмонон бунёд намоянд. "Ин паём ба тамоми мусулмонон, сарфи назар аз мақоми иҷтимоии онҳо, дахл дошта, ҳаводорашро ба ҷиҳод дар кишварҳои муайян ва ё ҳатто дар зодгоҳҳояшон ташвиқ мекунад," -- мегӯяд ӯ.

Ба қавли Даниэл Колер, бисёре аз ҷиҳодиҳо баъди бозгашт аз Сурия ва Ироқ нақл мекунанд, ки баъзеҳоро мушкилӣ дар оила, дигаронро табъиз ё мақоми иҷтимоии ғайри қобили қабул ба ин роҳи пурхатар тела кардааст: "Бисёре аз ҷиҳодиҳои хориҷӣ бо дили сард, орзуҳои татбиқнашуда ва даҳшат ба ватанҳояшон бармегарданд. Фикр кунед, шумо ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” дохил шудед ва ба ҷангҳои Сурияву Ироқ рафтед. Агар орзуҳояшон амалӣ мешуданд, магар бармегаштанд? Ин гурӯҳ феълан пайравонашро ба ақиб намефиристад, зеро ба нерӯ эҳтиёҷ дорад."

Ба гуфтаи шореҳи олмонӣ барномаҳои тарғиботии гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки дар Сурия ва Ироқ рӯи навор омадаанд, аз филмҳои Ҳолливуд ҳеч камӣ надоранд. Вале коршиносони дигар ба ин назаранд, ки худи ҳамин филмҳо метавонанд мояи дилсардии ҳаводорони ин гурӯҳи ифротӣ шаванд. Дар соли 2013 сухангӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” Абу Муҳаммад Аднонӣ гуфта буд, ки ҳадафи онҳо бунёди давлати исломӣ аст, ки ҳеч марзеро эътироф намекунад.

Ба гуфтаи Колер дар ду соли охир марзҳои зери назорати ин гурӯҳ зиёд тағйир наёфтаанд. Бар илова, сӯҳбатҳои ҷиҳодиҳои баргашта ва даҳшате, ки онҳо қисса мекунанд, боис шудааст, то ҷиҳодиҳои эҳтимолӣ аз ин кор даст кашанд.

Рӯзномаи бритониёии “Гардиан” навиштааст, ки солҳои 2012-2013 31 ҷавони ин кишвар ба ҷангҳои Сурия пайваста буданд, вале дар соли 2014 фақат як нафар ба Сурия рафтааст. Ба ҳар ҳол нерӯҳои амниятии кишварҳои аврупоӣ пешниҳод мекунанд, ки ҷиҳодиҳои баргашта зери назорат қарор гиранд, то агар касе аз онҳо бо ниятҳои бад омада бошад, кашф ва безарар гардонида шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG