Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТВ "Сафо" куҷо шуд?


Масъулони ТВ “Сафо” мегӯянд, ин шабака ба хотири анҷоми корҳои профилактикӣ пахши барномаҳояшро дар моҳвораи Hotbird боздоштааст.

ТВ “Сафо”, ки аз як студияи дар шаҳри Маскав бо забонҳои русиву тоҷикӣ тавассути моҳвораи Hotbird барнома пахш мекард, аз рӯзи ҷумъа аз эфир ғайб зад. Ин қазия сарусадои зиёдеро ба по кардааст, ки чунки дар моҳи август пахши барномаҳои ТВ “Сафо” барои 25 рӯз масдуд шуда, масъулони ин шабака онро натиҷаи “задан”-и мавҷи “Сафо” аз қаламрави Тоҷикистон хонда буданд.

Аммо Темур Варқӣ – сардабири ТВ “Сафо” рӯзи 10 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин бор дар қатъи пахши барномаҳои онҳо дасти беруна нест, балки худи идора ба хотири анҷоми корҳои фанниву профилактикӣ чунин тасмим гирифтааст. Темур Варқӣ аз гуфтани замони мушаххаси бозгашти ТВ “Сафо” ба моҳвораи Hotbird ё моҳвораи дигар худдорӣ кард ва гуфт, ки ин рӯзи душанбеи 11 ноябр дар пайи машварат бо ҳайъати фаннии идора маълум хоҳад шуд.

Бархе ҳамин тавр, ҳадс мезананд, ки азбас ТВ “Сафо” як тарҳи сиёсие дуруст қабл аз интихоботи президентии Тоҷикистон роҳандозишуда буд, вале баъди ин маърака, ки нирӯҳои мухолифин ҳатто натавонист барои ширкат дар он номзади худро сабти ном кунанд, шояд зарурати таъмини молии кори як телевизион, ки тарҳе ба сари худ хеле пурҳазина аст, аз байн рафта бошад. Аммо масъулони ТВ “Сафо” чунин эҳтимолро рад мекунанд ва мегӯянд, бо анҷоми корҳои профилактикӣ ин шабака ба эфир ҳатман бар хоҳад гашт.

ТВ “Сафо” аз 8 августи соли равон, дар арафаи иди Рамазон ба пахши барномаҳояш дар моҳвораи Hotbird оғоз кард ва дар як муддати кӯтоҳ бо барномаҳои ахбори тоҷикӣ, ки ҳар шом соати 21-00 ба вақти Душанбе ва ахбори русӣ, ки соати 22-00 пахш мешуд, ва барномаҳои сиёсиии “Личное дело” ва мазҳабии "Ба сӯи нур" ва силсилаи мусоҳибаҳои ихтисосиаш аз силсилаи “Дидор” маъруфият пайдо кард. Вале алакай баъди ду ҳафта, дар таърихи 20 август мавҷи ин шабака “зада” шуд. Масъулони ин шабака иддао доштанд, ки мавҷи онҳоро ҳадафмандона ва аз Тоҷикистон мезананд. Мақомоти Кумитаи радио ва телевизиони ҳукумати Тоҷикистон ин иддаоро рад карда мегуфтанд, аз нигоҳи фаннӣ задани мавҷи телевизионҳои моҳвораӣ ғайримумкин аст.

Ҳарчанд дар гузашта мақомоти давлатҳои худкомае, чун Чину Эрон “задан”-и амвоҷи радиову телевизионҳои “душман”-ро таҷриба кардаанд, рӯзи 21 август дар посух ба иддаои масъулини шабакаи ТВ “Сафо” муовини раиси ширкати давлатии "Тоҷиктелерадиоком" оид ба масоили фаннӣ Файзулло Солеҳов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Тоҷикистон имкони техникии мамониат ба пахши мавҷҳои телевизиониро надорад. Ба гуфтаи ӯ, "мо ҳатто дар фикри монеъ шудан ба пахши барномаҳои ин телевизион ҳам нестем ва ин ба мо зарур ҳам нест".

Дар таърихи 12 сентябр ТВ “Сафо” пахши барномаҳояшро дар ҳамон моҳвораи Hotbird аз сар гирифт, вале рӯи мавҷи нави 12 380V (кунҷи вертикал). Масъулони шабака он вақт гуфта буданд, ки амдан мавҷеро интихоб кардаанд, ки аз Душанбе зада натавонанд. Ва дар воқеъ баъди ин ТВ “Сафо” бо пахши барномаҳояш дигар мушкил надошт. Дуруст то зӯҳри 8 ноябр, ки дигарбора аз эфир ғайб зад.

Масъулони шабака мегӯянд, ки ТВ “Сафо” як шабакаи мустақили телевизионист, ки бо кумаки соҳибкорони тоҷики муқими Русия барои муҳоҷирони тоҷике, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд, таъсис ёфтааст. Аммо ба ақидаи б​архе манобеъ, дар асл дар пушти ин шабака ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) – умдатарин ташаккули мухолифини Тоҷикистон – истодааст, ки баъди чанд соли талошҳои ноком барои таъсиси телевизиони ҳизб бо роҳҳои расмӣ дар худи Тоҷикистон маҷбур шуд, то бо чунин шева ва дар хориҷ аз кишвар амал кунад. Аммо масъулони ТВ “Сафо” ва ҳамин тавр, раҳбарони ҲНИТ ҳар навъ рабт ё тааллуқ доштани ин шабака ба ин ҳизби сиёсиро радд мекунанд.
XS
SM
MD
LG