Пайвандҳои дастрасӣ

Шоми 8-уми август телевизиони “Сафо” ба пахши намоишҳои худ аз тариқи моҳвораи Hotbird 13D оғоз намуд.

Аввалин барномаи хабарии телевизиони Сафо, ки нахустин телевизиони моҳвораии тоҷикӣ буда, дар Маскав таъсис ёфт, аз табрикоти Иди Фитр шурӯъ шуд. Дар оғози ин барнома раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси намояндагон Муҳиддин Кабирӣ Иди Рамазонро ба бинандагони шабакаи нави телевизионӣ табрик гуфт.

Дар идомаи барнома журналисти саршиноси Русия Максим Шевченко, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон Мавлон Мухторов низ идро ба бинандагон хуҷаста гуфтанд.Исломшиноси маъруфи рус Ҳайдар Ҷамол, ки 10 дақиқа ба тоҷикӣ сӯҳбат кард, ҳомии маъруфи озодии матбуот Алексей Симонов ва рӯҳонии саршинос Маҳмудҷон Тӯраҷонзода аз зумраи аввалин меҳмонони нахустин барномаи Сафо ТВ буданд.

Аммо то ин дам маьлум нашудааст, ки барномаи "Хабар", ки соати 21 ба вақти Душанбе пахш шуд: ба маънои оғози расмии пахши барномаҳои Сафо ТВ аст ё боз ҳам идомаи барномаҳои озмоишии ин шабака, ки пахшаш дар ин моҳвора аз 19 июл ин тараф идома дошт. Вале ҳангоми пахши ин барнома ишораи "нашри озмоишӣ" намудор набуд.

Баҳси таъсиси ин шабака аз нимаҳои моҳи июл сари забонҳо буда, яке аз масъулони шабакаи ҷадид рӯзи 23 июл ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Сафо ТВ рӯйи таҳия ва нашри барномаҳо дар бораи ҳаёти муҳоҷирон ва ҳамин тавр, пахши ахбори сиёсиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар бораи Тоҷикистон тамаркуз хоҳад кард. Ӯ гуфт, ки ин шабака асосан махсуси муҳоҷирони тоҷик ва масоили будубош ва ҳуқуқи онҳо хоҳад шуд.

Бархе аз манбаъҳо шабакаи навро ба ҲНИТ рабт дода буданд, аммо Муҳиддин Кабирӣ, сарвари ин ҳизб мегӯяд, азбаски ҲНИТ як ҳизби ба тамоми қишрҳои мардум наздик аст, рақибонаш дарҳол мехоҳанд, ҳар танзими навро ба он рабт диҳанд: "Мо қаблан эълон дошта будем, ки мехоҳем дар дохили кишвар як телевизион дошта бошем. Санадҳоро ниҳоӣ карда, ба Кумитаи радио ва телевизион супурдаем. Ба ҳамин наздикӣ, як ҷаласаи махсус дар ҳизб доир ба ин масъала буд. Васоили техникӣ пурра омода шудаанд. Ҳеҷ зарурат ба телевизион дар хориҷи кишвар надорем, зеро чун имкон дар дохил ҳаст, дар хориҷ зарурат намемонад. Мо барои ҳамин талош мекунем."

Номи чанде аз чеҳраҳои шинохтаи тоҷикони Маскав низ дар робита ба таъсиси Сафо ТВ расонаӣ шуда, бархе аз онҳо дертар гуфтаанд, ба ин тарҳ пайванди мустақим надоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG