Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Яке аз масъулини шабакаи Сафо ТВ изҳор намуд, ки мақомоти Тоҷикистон аз пахши барномаҳои телевизион дар кишвар ҷилавгирӣ мекунанд.

Ба гуфтаи Темур Варқӣ, пахши барномаҳои Сафо ТВ дар Тоҷикистон ду рӯз боз номумкин шудааст. Ӯ дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки дар шарқи Душанбе таҷҳизоти монеъи пахши барномаҳо гузошта шудааст, ки аз фиристодани сигнали моҳвора ҷилавгирӣ мекунад. Ин масъули телевизиони Сафо ТВ ҳадс зад, ки шояд Тоҷикистон ин таҷҳизотро аз дигар кишвар, шояд аз Чин, ба иҷора гирифтааст, зеро қиммати он хело гарон аст.

Зимнан, пахши барномаҳои ТВ Сафо рӯзи сешанбе дар шаҳри Прага ҳам номумкин шуда буд.

Дар посух ба иддаои масъулини шабакаи Сафо ТВ муовини раиси ширкати давлатии "Тоҷиктелерадиоком" оид ба масоили фаннӣ Файзулло Солеҳов ба
Темур Варқӣ

Темур Варқӣ

Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан Тоҷикистон имкони техникии монеъи пахши мавҷҳои телевизион шуданро надорад. Ба гуфтаи ӯ, "мо ҳатто дар фикри монеъ шудан ба пахши барномаҳои ин телевизион ҳам нестем ва ин ба мо зарур ҳам нест".

Ёдовар мешавем, ки аввалин барномаи хабарии Сафо ТВ, ки нахустин телевизиони моҳвораии тоҷикӣ буда, дар Маскав таъсис ёфтааст, рӯзи 8 август аз табрикоти Иди Фитр шурӯъ шуд. Дар оғози ин барнома муфтии Маскав Элдар Аляутдинов иди Рамазонро ба бинандагони шабакаи нави телевизионӣ табрик гуфтанд.

Дар идомаи барнома журналисти саршиноси Русия Максим Шевченко, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон Мавлон Мухторов низ идро ба бинандагон хуҷаста гуфтанд.Исломшиноси маъруфи рус Ҳайдар Ҷамол, ки 10 дақиқа ба тоҷикӣ сӯҳбат кард, ҳомии маъруфи озодии матбуот Алексей Симонов, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва рӯҳонии саршинос Маҳмудҷон Тӯраҷонзода аз зумраи аввалин меҳмонони нахустин барномаи Сафо ТВ буданд.

Зимнан, баҳси таъсиси ин шабака аз нимаҳои моҳи июл сари забонҳо буда, яке аз масъулони шабакаи ҷадид рӯзи 23 июл ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Сафо ТВ рӯйи таҳия ва нашри барномаҳо дар бораи ҳаёти муҳоҷирон ва ҳамин тавр, пахши ахбори сиёсиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ дар бораи Тоҷикистон тамаркуз хоҳад кард. Ӯ гуфт, ки ин шабака асосан махсуси муҳоҷирони тоҷик ва масоили будубош ва ҳуқуқи онҳо хоҳад шуд.

Бархе аз манбаъҳо шабакаи навро ба ҲНИТ рабт дода буданд, аммо Муҳиддин Кабирӣ, сарвари ин ҳизб мегӯяд, азбаски ҲНИТ як ҳизби ба тамоми қишрҳои мардум наздик аст, рақибонаш дарҳол мехоҳанд, ҳар танзими навро ба он рабт диҳанд: "Мо қаблан эълон дошта будем, ки мехоҳем дар дохили кишвар як телевизион дошта бошем. Санадҳоро ниҳоӣ карда, ба Кумитаи радио ва телевизион супурдаем. Ба ҳамин наздикӣ, як ҷаласаи махсус дар ҳизб доир ба ин масъала буд. Васоили техникӣ пурра омода шудаанд. Ҳеҷ зарурат ба телевизион дар хориҷи кишвар надорем, зеро чун имкон дар дохил ҳаст, дар хориҷ зарурат намемонад. Мо барои ҳамин талош мекунем".

Номи чанде аз чеҳраҳои шинохтаи тоҷикони Маскав низ дар робита ба таъсиси Сафо ТВ расонаӣ шуда, бархе аз онҳо дертар гуфтаанд, ки ба ин тарҳ пайванди мустақим надоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG