Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тӯдаиҳои Эрон чӣ гуна ба Тоҷикистон омаданд?


Тӯдаиҳо кӣ буданд? Коммунистони эронӣ чӣ гуна то Тоҷикистони Шӯравӣ расиданд? Бозмондаҳои онҳо чӣ ҳол доранд? Хабарнигорони Озодӣ дар як гузориши видеоӣ ба ин пурсишҳо посух гуфтаанд.

Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи маъруфи тоҷик ва духтари Ҳасани Ғуломзода, аз коммунистони вақти Эрон, ки баъдтар унвони Тӯдаиро гирифт, бо ифтихор ба акси падараш менигарад. Ба қавли ӯ оқои Ғуломзода дар ташкили Тоҷикистон нақши бузург гузоштааст. Ҳамчун афсар бар зидди Иброҳимбек ҷангидааст ва ҳамчун муаллим аввалин мактабро дар ноҳияи собиқи Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ) сохтаасту ба фарзандони тоҷик хатту савод омӯзондааст.

Ҳасани Ғуломзода яке аз 400 афсари эроние буд, ки дар солҳои 20-уми қарни гузашта ҳамроҳи шоири шинохта Абулқосим Лоҳутӣ аз дарёи Аракс гузашта, вориди қаламрави Шӯравӣ шуданд. Ба хотири қаробати фарҳангиву забонӣ аксари онҳо ба Тоҷикистон фиристода шуданд.

"Аксари Тӯдаиҳое, ки дар Тоҷикистон мезистанд, аҳли фарҳангу ҳунар буданд. Аз ҳама бештар саҳми Лоҳутӣ барои тоҷикон бузург аст, ки ҳатто дар ташкили Тоҷикистон ҳамчун кишвар саҳм дошт. Масалан, нависанда Ҳилолиён Аскар, журналист Қосим Дайламӣ, ҳунарпеша Маҳмуд Тоҳиров низ аз ҷумлаи Тӯдаиҳое буданд, ки дар рушди ҷомеаи нави тоҷик саҳми бисёр муҳим гузоштаанд," -- мегӯяд таҳлилгар Қиёмуддин Сатторӣ.

Мавҷи муҳоҷирати коммунистон ва аъзои Ҳизби Тӯдаи Эрон, ки баъдтар соли 1941 расман таъсис ёфт, ба Иттиҳоди Шӯравӣ дар се давра сурат гирифтааст. Ташкили суиқасд ба ҷони Ризошоҳ дар соли 1949 ба Тӯдаиҳо нисбат дода шуд ва таъқиби коммунистон дар Эрон мавҷи муҳоҷирати онҳоро ба Иттиҳоди Шӯравӣ ба бор овард. Баъд аз пирӯзии инқилоби Исломӣ дар соли 1979 низ гурӯҳи бузурги Тӯдаиҳо дар Шӯравӣ паноҳгоҳ ёфтанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон насли севуми Тӯдаиҳо ба сар мебаранд ва онҳо аз ҷумлаи афроди шинохтаи кишвар низ ҳастанд. Метавон аз Ноҳид Зайналпур -- ғижжакнавози машҳури тоҷик ном бурд, ки падараш Тӯдаӣ буд. Аккос ва наворбардори машҳур -- Заур Дахте низ ҳамагӣ 14 сол дошт, ки ба Тоҷикистон омад.

"Падарам ману се бародарамро ба як чӯпон супурд, ки роҳ то марзи Туркманистони Шӯравиро медонист. Ба дастам як себ дод ва гуфт, агар чӯпон сиҳат шуморо то марз бубарад, онро солим ба дасти ӯ бидеҳ, то ман фаҳмам, ки Шумо саломат расидед ва ҳаққи хизматашро бидиҳам. Агар ба Шумо осеб рассад, себро як бор бигазу ба дасти чӯпон бидеҳ,” -- ба ёд меорад Заур Дахте.

Азҳампошии Шӯравӣ барои Тӯдаиҳо зарбаи сахте шуд. Онҳо, ки тамоми умрашонро сарфи идеяи коммунизм кардаанд, худро ҳамакнун бекасу танҳо эҳсос мекунанд. Ҳасан Ризозодаи 80-сола яке аз дигар аъзои Ҳизби Тӯда, ки 54 соли умрашро дар Тоҷикистон гузарондааст, бо пош хӯрдани Шӯравӣ худро ятим эҳсос мекунад: "Шӯравӣ хуб буд. Моро мехӯронду мепӯшонд, хона доштем. Барои ман мисли падар буд. Шӯравӣ, ки пош хӯрд, мо сағира шудем. Аз ночорӣ китоб мефурӯшам. Даромади якрӯзаам ҳамагӣ барои харидани ду нон ва роҳкироям мерасаду бас.”

Ҳоло боқимондагони Ҳизби Тӯдаро дар Тоҷикистон метавон бо ангуштони як даст баршумурд. Аммо бо вуҷуди барҷомонда будан ин афрод ҳанӯз ҳам хабарҳои Эронро бо таваҷҷӯҳ мутолиа мекунанд. Онҳо мегӯянд, тақдири зодбумашон ҳоло ҳам барояшон бефарқ нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG