Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳумони Мӯсавӣ - зодаи зиндон ва маҳкум ба зиндон


Ҳумони Мӯсавӣ

Ҳумони Мӯсавӣ

Падару модару ӯ ҳарду маҳбусони сиёсӣ буданд ва Ҳумон ҳамагӣ ду сол дошт, ки волидайнашро қатл карданд ва ӯ ятим монд. Дар синни 23-солагӣ, баъди чандин соли таъқиби нирӯҳои амниятии Эрон, қаҳрамони мо худаш низ ҳамчун маҳбуси сиёсӣ ба зиндон. Имрӯз Ҳумони Мӯсавӣ 26 сол дошта, баъди тарки зиндон ва фирор аз Эрон гӯё ба озодӣ расидааст. Вале мегӯяд, то замоне ки ҳамсангарону дӯстони дигараш дар чордевори зиндонҳои Эрон азоб мекашанд, дар худ ҳеҷ эҳсоси озодии комил надорад.

Теҳрон. Зиндони Эвин. Апрели соли 2010, 10 моҳ баъд аз эътирозҳои густардае, ки дар пайи эълони пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ Эрон фаро гирифт. Зиндоние бо чашмони баста ва рӯ ба девор рӯи сандалӣ нишастааст. Ҳамаҷо сокиту хомӯш. Баъди садои қадамҳои фардеро мешунавад, ки ба ӯ наздик мешавад ва канораш қарор гирифта, бо садое ҷоуфтода исмашро мепурсад. Зиндонӣ мегӯяд: Ҳумони Мӯсавӣ.

Он мард аз пушт зарбае ба сари Мӯсавӣ мезанад ва як тӯда қоғазро берун кашида, амраш медиҳад, ки имзо кун. Мӯсавӣ мегӯяд, ин мард ба дунбол ӯро боз як шаппотӣ зад ва ин бор ба рӯяш: “Ин ҷаласа наздики 18 соат тӯл кашид. Тамоми ин муддат ман сари ҷоям ба ҳамон сандалӣ рӯ ба девор дар кунҷи утоқи бозҷӯӣ нишаста будам. Ва тамоми ин муддат чашмбанд ба суратам буд. Ӯ тамоми ин муддат маро таҳдид мекард ва исрор дошт, ки баргаҳоро имзо кунам, ки ман бо киҳо иртибот доштам, дар кадом таҷаммӯъҳо ширкат кардам, тайи ҳар таҷаммӯъ чӣ кор кардам, чӣ гузорише таҳия кардам, чӣ филме гирифтам ва барои киҳо фиристодам?”


Завлона дар даст...

Баъди бозҷӯии чунин тӯлонӣ Ҳумони Мӯсавиро ба ҳуҷраи яккасаи зиндони Эвин баргардонданд. Лаҳазоте баъд ду зиндонбон вориди ин ҳуҷра шуда, дастҳои Мӯсавиро ба лӯлаҳо қуфл мезананд. Ӯ мегӯяд: “Он қадар лӯла баланд буд, ки ман наметавонистам бишинам. Дар ҳамин ҳол хобам бурд. Вақте бедор шудам, ангуштони дастонам комилан кабуд шуда буд. Ин дастбандҳо чунон фишорам медод, ки хун ба дастҳоям намерасид. Китфонамро ҳам наметавонистам таккон диҳам. Камарам як фир мекашиду гарданам овезон шуда буд аз боло.“

Дастони Мӯсавиро фақат рӯзе баъд боз карданд ва ҷисми беҳоли хуншори ӯ билофосила рӯи фарш меуфтад. Бо ин вуҷуд, ӯро дубора ба утоқи бозҷӯӣ мекашонанд ва боз ҳамон азияту шиканҷаву фишор ва таҳдиди ҳамешагии бозҷӯ, ки мегуфт: “Туро ҳам мисли падару модарат эъдом мекунем...” Ҳумони Мӯсавӣ мегӯяд, дар ниҳоят ӯро “шикастанд”: “Ин бор вақте гуфтанд, имзо мекунӣ ё на? Гуфтам, ба Худо, имзо мекунам, ҳарчӣ бошад, бигзоред инҷо, ман имзояш мекунам.Аммо дастонам он қадар беҷон шуда буд, ки ҳатто қаламро наметавонистам маҳкам дар дастам нигоҳ бидорам.”

Ҳумони Мӯсавӣ аз ҷумлаи ҷавонони мӯътариз ба натоиҷи интихоботи соли 2009 буд ва барои ширкат дар эътирозҳои Ҷунбиши сабз ва аксу наворбардорӣ аз ҷараёни эътирозҳо дувуним солро дар зиндони Эвин пушти сар кард. Аз ҷумла 7 моҳро дар ҳуҷраи яккасаи ин зиндон.

Зодгоҳ: Зиндони Одилободи Шероз


Мӯъмини Мӯсавӣ - падари Ҳумон

Мӯъмини Мӯсавӣ - падари Ҳумон

Аммо ин зиндони аввал дар зиндагии Ҳумони Мӯсавӣ набуд. Сояи зиндон ва эъдом ӯро дар тамоми тӯли зиндагиаш таъқиб мекард.

Ҳумони Мӯсавӣ худ соли 1986 дар зиндон дида ба ҷаҳон кушодааст, дар зиндони Одилободи Шероз. Падарашро, ки матоъ мефурӯхт, як моҳ қабл аз таваллуди ӯ бо иттиҳоми ҳамкории иқтисодӣ бо созмони Муҷоҳидини халқ боздошт ва 15 рӯз баъд қатл карданд: “Падарам ва шавҳари аммаам як коргоҳи кӯчаки тиҷорӣ доштанд, ки порча мехариданд ва порчаҳоро ранг карда, мебуриданд ва мефурӯхтанд. Муҷоҳидини халқ ҳам аз онҳо рӯсарӣ мехарид. Ба ҳамин далел, онҳоро гирифтанд ва 15 рӯз баъд хабар доданд, ки эъдом шудаанд.”

Ҳумони Мӯсавӣ то 2-солагӣ дар канори модараш дар зиндони Одилобод бузург шуд, вале модари ҳамагӣ 28-солаашро ҳам дар ҷараёни эъдомҳои дастаҷамъии соли 1988 ба қатл расонданд: “Модарам, тавре холаҳоям таъриф мекарданд, як зани хеле ва хеле сода буд ва барои ақоиди шавҳараш қурбон шуд. Ӯ ҳатто намедонист, ки ақоиди тӯдаиҳо, ё коммунистҳо, ё Муҷоҳидини халқ чисту раҳбаронашон киҳоянд?” Ӯ падару модарашро ёд надорад ва ҳатто намедонад, ки онҳоро дар куҷо хок кардаанд. Ҳарчӣ Ҳумон дар бораи волидонаш медонад, аз ҳикоятҳои дигарон аст.


Волидони Ҳумон

Волидони Ҳумон

Қатли падару модар Ҳумону хоҳар ва бародарашро аз ҳам ҷудо кард. Ҳумон дар хонаводаи аммаш ва хоҳару бародари ӯ дар хонаводаҳои хола ва амакашон ба воя расиданд. Ва онҳам дар се шаҳри дур аз ҳам ва дар як шароити хеле сахт. Аз як сӯ, азоби ятимӣ, ки на дасти падар болои сараш буду на меҳри модарро эҳсос мекард, аз сӯе ҳам - таҳдиди фақру нодорӣ ва болои ин ҳама – таъқибу табъизи доимии ниҳодҳои амниятии Ҷумҳурии исломӣ, ки ҳамеша ба ёдаш меоварданд, ки фарзанди душманони эъдомшудаи низом аст ва чун ҳам падару модар ва ҳам шавҳари аммааш бо ҷароими сиёсӣ қатл шудаанд, бояд аз ҳар навъ фаъолияти сиёсӣ парҳез кунад, вагарна поёни ногузири роҳи зиндагии ӯ ҳам танҳо ва танҳо зиндон хоҳад буд.

Фарзанди волидони эъдомшуда

Ҳумони Мӯсавӣ мегӯяд, бори аввал ҳамагӣ 12 ило 13 дошт, ки барои бозҷӯӣ ба идораи амнияти Шероз эҳзор шуд: “Ҳар 6 моҳ боре ҳатман даъват мешудам. Асосан тафтиш мекарданд, ки бо чӣ коре машғулам ва дар хонаводаам чӣ мегузарад? Ба ман мегуфтанд, ки май бинӯш, маводи мухаддир бизан, ҳатто дуздӣ кун, вале коре ба сиёсат надошта бош, ки зиндонат мекунем. Ва ҳамин тавр ҳам шуд.”


Акси айёми тифлии Ҳумон

Акси айёми тифлии Ҳумон

Аммо сояи фишори низоми Ҷумҳурии исломӣ ҳамеша ӯро таъқиб мекард ва шонсе барои интихоби роҳи дигаре дар зиндагӣ барояш боқӣ намегузошт. Вақте донишгоҳи Қазвин рафт, ки дар риштаи муҳандисии саноат таҳсил кунад. Чоруним сол донишҷӯ буд, вале баъди интихоботи соли 2009 бо ҷурми ширкат дар эътирозҳои донишҷӯӣ ҳукми ихроҷашро ба дасташ доданд. Баъди тарки донишгоҳ коре пайдо кард, то аробаи рӯзгорашро бикашад, вале чун маълум шуд, ки падару модараш эъдомианд, аз кор ҳам берунаш андохтанд...

Чунин шароити пур аз фишору табъиз ва эҳзорҳои пайдарпай ба ниҳодҳои амниятӣ дар ниҳоят Ҳумони Мӯсавиро ба роҳе овард, ки оқибаташ мисли сарнавишти волидони ӯ чордевори зиндон шуд. Ӯ ба эътирозҳое пайваст, ки Эронро ба дунболи эълони пирӯзии Аҳмадинажод дар интихоботи соли 2009 фаро гирифт. Давлат эътирозҳоро саркӯб кард ва ҳазорон нафарро ба зиндон кашонд. Ҳумони Мӯсавӣ яке аз ҳамин ҳазорон ҷавони гумном буд.

Баъди 7 моҳи адои ҳукм дар ҳуҷраи яккасаи зиндони Эвин қаҳрамони моро ба банди умумии 350-уми зиндон, маҳалли нигаҳдории машҳуртарин маҳбусони сиёсӣ кӯчонданд. Вале азияти ӯ дар банди 350-уми зиндони Эвин ҳам давом дошт ва Ҳумони Мӯсавӣ боз ҳам аз ҷумлаи маҳбусоне буд, ки пайваста аз маъмурини зиндон шаллоқ мехӯрданд.

Озодӣ ва фирор


Ҳумон бо хоҳару бародараш

Ҳумон бо хоҳару бародараш

Моҳи августи соли 2012, вақте алакай дувуним сол аз 3 сол ҳукми зиндонашро адо карда буд, Ҳумон Мӯсавӣ афв шуд. Аммо аз роҳи муборизаи сиёсие, ки интихоб кардааст, барнагашт. Балки аз хонаводаҳои маҳбусони сиёсӣ аёдат мекард, сари қабри Нидои Оғосултон, Сӯҳроби Аъробӣ ва дигар қурбониёни эътирозҳои пасоинтихоботии Эрон меравад. Мақомоти амниятӣ ҳам ба навбаи худ домани ӯро раҳо накарданд. Ҳамон муфаттише ки ӯро барои 3 сол маҳкум ба зиндон карда буд, дубора эҳзораш кард ва азобу азияти ҳуҷраи яккасаи зиндони Эвинро барояш бори дигар ёдовар шуду ҳушдораш дод, ки агар ин бор ба зиндон уфтод, бо таноби дор сарукор хоҳад дошт.

Ҳалқаи фишор дар гардани Ҳумон чунон танг шуд, ки ӯ ба ҷуз аз сари худро гирифтану фирор аз Эрон илоҷи дигаре барои худ надид.
Сарнавишти норӯшане қаҳрамони моро дар пеш аст, вале Ҳумони Мӯсавӣ умед дорад, ки дар ниҳоят сарнавишти пуразоби тифле, ки дар зиндон зодаву ятим шуд ва зери чархи мошини таъқиботии Ҷумҳурии исломӣ бечора шудааст, рӯзе ҳатман тағйир хоҳад ёфт ва давоми зиндагиаш бо рангҳои рӯшантаре наққошӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG