Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи пуриддаоеро тасвиб кардааст, ки таъсиси 302 600 ҷойи нави корӣ дар ду соли ояндаро дар назар дорад.

Рӯзи 27 ноябр дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017 тасвиб шуд. Ин барнома, бино ба иттилои сомонаи расмии президенти Тоҷикистон, дар ду соли оянда таъсиси 302 600 ҷойи нави кориро дар кишвар дар назар дорад. Ин рақам назар ба барномаи дусолае, ки феълан дар ҳоли анҷомёбист, қариб ду маротиба бештар аст.

Ниёз Қурбонов, муовини раиси Оҷонсии шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷират, як ниҳоди вобаста ба вазорати шуғли аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 27 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017 дурнамоест, ки бар асоси барномаҳои таъсиси ҷойҳои корӣ аз тарафи мақомоти маҳаллӣ ва барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои озоди иқтисодӣ таҳия шудааст.

Ниёз Қурбонов афзуд: “Ин як дурнамост. Бар асоси он, мақомоти маҳаллӣ бояд рӯи таъсиси ин теъдоди ҷойҳои нави корӣ барномаву нақшаҳои мушаххаси худро таҳия кунанд.”

Дар посух ба ин суол ки оё ин 302 600 ҷойи нави корӣ аз кадом ҳисоб сохта хоҳанд шуд?, мусоҳиби мо гуфт: “Ҷойҳои нави корӣ асосан аз ҳисоби ташкили корхонаҳову коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва аз ҳисоби рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил хоҳанд шуд.”

Бино ба омори расмӣ, аз тақрибан 4 миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон ҳудуди 2 миллиону 400 ҳазораш дар худи ин кишвар кор мекунанд. Аммо ҳаҷми маош дар Тоҷикистон, ки бино ба маълумоти расмӣ, чизе бештар аз 900 сомонӣ, ё ҳудуди 140 долларро ташкил медиҳад, ҳамаро қаноат намедиҳад. Аз ин рӯ, беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ҳар сол дар ҷустуҷӯи ҷои кору маоши муносибтар худро ба хориҷ ва асосан ба бозори кори Русия мезанад.

Ниёз Қурбонов, муовини раиси Оҷонсии шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, як ҳадафи асосии Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017 низ бо таъсиси ҷойҳои кории муносиб дар Тоҷикистон коҳиш додани вобастагии аҳолии қобили ин кишвар аз муҳоҷирати корӣ дар кишварҳои хориҷӣ, бахусус дар Русия мебошад: “Албатта. Ҳар қадар ки дар дохили ҷумҳурӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ бештар шавад, ҳамон қадар таъсираш ба пастшавии сатҳи муҳоҷирати кории мардуми мо меафзояд. Яке аз мақсадҳои асосӣ низ ҳамин аст, ки мо дар дохили кишвар ҳарчӣ бештар ҷойҳои корӣ таъсис диҳему аҳолии қобили корро дар дохили Тоҷикистон бо ҷои кор таъмин кунем. Ҳадаф ҳамин аст.”

Бино ба иттилои ин намояндаи Оҷонсии шуғли аҳолӣ, дар ҳоли ҳозир, барномаи таъсиси ҷойҳои корӣ барои солҳои 2014-2015 дар ҳоли анҷомёбист ва бояд то поёни соли равон ҷамъбаст шавад. Ӯ гуфт, тибқи ин барнома, дар ду соли ахир дар Тоҷикистон 180 000 ҷойи кори нав таъсис дода шудаанд, вале ин барои таъмини пурраи аҳолӣ бо ҷои кор дар дохили кишвар, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, ҳанӯз кофӣ нест.

Бо ҷои кори муносибу маоши муносиб таъмин карда натавонистани аҳолӣ ва маҷбур ба муҳоҷират шудани садҳо ҳазор аз мардону занони қобили кор аз интиқодҳои умда аз фаъолиятҳои ҳукумати кунунии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Душанбе тақрибан як даҳсола боз талош дорад, то бо таҳияи чунин барномаҳо ва аз ширкатҳои хориҷии фаъол дар кишвар талаб кардани истихдоми шумори муайяни коргарони маҳаллӣ ба таъсиси ҷойҳои кории бештар дар дохили Тоҷикистон ва ба ин васила, ба кам кардани вобастагии иқтисоду суботи иҷтимоияш аз пулҳои интиқолии муҳоҷирон мусоидат кунад.

Аммо ҳукумат то кунун зоҳиран дар иҷрои ин ҳадаф чандон муваффақ нашудааст ва муҳоҷират дар Русия ҳамчунон як манбаи асосии таъмини рӯзгори хонаводаҳо дар Тоҷикистон ва як чархаи муҳим дар аробае, ки иқтисоди ин кишвари пасошӯравиро ба пеш мебарад, боқӣ мемонад.

Бино ба омори расмӣ, ҳар сол дар Тоҷикистон то 140 000 ҷойи нави корӣ ташкил мешавад, вале як таҳқиқоти расмӣ дар соли гузашта ба натиҷае расида буд, ки аксари ин ҷойҳои корӣ дар рӯи қоғаз ва танҳо ба хотири ҳисобот додан ба мақомоти болоӣ "ташкил" шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG