Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳори сипос барои пешниҳоди афви муҳоҷирон


Ҳайъати Тоҷикистон дар Думаи вилояти Маскав

Ҳайъати Тоҷикистон дар Думаи вилояти Маскав

Сафири Тоҷикистон дар Русия рӯзи 11 ноябр бо раиси Думаи вилояти Маскав мушкилоти муҳоҷират, аз ҷумла пешниҳоди афви муҳоҷирон дар ин вилоятро баррасӣ кардааст.

Раиси Дума – маҷлиси вилояти Маскав Игор Бринтсалов рӯзи 11 ноябр бо сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ва раҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Зоҳир Мирзоев мулоқот кардааст. Як мавзӯи асосии ин дидор вазъи муҳоҷирони корӣ будааст. Имомуддин Сатторов гуфтааст, шадид шудани қонунҳои муҳоҷирати Русия вазъи муҳоҷиронро хеле мушкил кард ва онҳо дар амри қонунӣ гардондани будубоши худ ба далели расмиёти зиёд мушкил доранд. Оқои Сатторов афзудааст, “мардум маҷбур мешавад ба бахши соягии иқтисод рӯ биорад, бидуни дафтарчаи меҳнатӣ ва кадом санади дигар ҷои кор биҷӯяд. Дар натиҷа онҳо дар як шароити номуносиб ба сар мебаранд ва бисёр вақт маоши худро гирифта наметавонанд.”

Игор Бринтсалов ба навбаи худ гуфтааст, дарк мекунад, ки “вақте муҳоҷирон маҷбур ба бозгашт ба Ватан мешаванд, ин барои кишвари онҳо мушкилоти изофие ба бор меорад: бекорӣ меафзояд, бозори кор метафсад.” Вале ӯ гуфтааст, вилояти Маскав бар асоси муқаррароти ҳукумати марказии Русия наметавонад беш аз 130 000 муҳоҷирро ба кор таъмин кунад.

Бринтсалов бо ишора ба вуҷуди беш аз 200 000 муҳоҷири ғайриқонунӣ танҳо дар вилояти Маскав гуфтааст, ки онҳо ба сурати фаврӣ ҷиҳати такмили заминаи қонунгузории муҳоҷират талош хоҳанд кард, то муҳоҷирон битавонанд худро бидуни мушкил қонунӣ гардонанд.

Ин ишораи раиси Думаи вилояти Маскав зоҳиран ба ибтикори ин Дума ба як тарҳи қонунест, ки афви муҳоҷирон дар ҳудуди ин вилоятро ба ҳадаф дорад. Ширкати муаллифи ин тарҳ – муовини раиси кумитаи ҳокимияти давлатӣ ва амнияти минтақавии Думаи вилоятӣ Николай Черкасов дар мулоқот бо сафири Тоҷикистон ҳокист, ки як ҳадафи боздиди Имомуддин Сатторов аз Думаи вилояти Маскав ташвиқи ҳамин тарҳи қонуни афви муҳоҷирон буд.

Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон Русия, ки дар мулоқоти сафир бо Бринтсалов ширкат дошт, дар сӯҳбат бо Озодӣ тасдиқ кард, ки тарҳи афви муҳоҷирон дар мулоқот матраҳ шуд: “Мо ба вакилони Думаи вилояти Маскав барои ин ташаббуси накӯ изҳори сипос кардем ва изҳори умедворӣ кардем, ки мақомоти вилояти Маскав ба ҷалби муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештар нишон хоҳанд дод."

Раиси думаи вилояти Маскав гуфтааст, ки тарҳи афви муҳоҷирон бояд дар сатҳи федеролӣ баррасӣ шавад, вале Думаи вилояти Маскав барои ташвиқи ин тарҳ ҳамчунон талош хоҳад кард.

Муҳоҷирон дар як "мардикорбозор"-и Русия

Муҳоҷирон дар як "мардикорбозор"-и Русия

Думаи вилояти Маскави Русия ду ҳафта пеш эълон кард, бо ҳадафи қонунӣ гардондани садҳо ҳазор муҳоҷири ғайриқонуние, ки дар ҳудуди вилояти Маскав кору зиндагӣ мекунанд, як тарҳи афви муҳоҷиронро таҳия мекунад. Николай Черкасов , бо эълони ин ибтикор гуфт, "имрӯз масъалаи бардоштани ташаббуси қонунгузорӣ ҷиҳати амалӣ кардани афви муҳоҷирон пеш омадааст." Ба гуфтаи Черкасов, садҳо ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ дар вилояти Маскав "дар чорчӯби қонунҳои мавҷуда, ҳатто агар хеле инро бихоҳанд ҳам, ҷисман наметавонанд худро сабти ном кунанд. Онҳо бояд қаламрави Русияро тарк кунанд ва агар ягон қонуншиканӣ карда бошанд, дар он сурат барои 5-7 сол ҳаққи вуруд ба қаламрави Русияро аз даст медиҳанд."

Вилояти Маскав дар баробари шаҳри Маскав аз умдатарин аҳдофи муҳоҷирони корӣ аз саросари Иттиҳоди Шӯравии собиқ, аз ҷумла аз Тоҷикистон эътироф мешавад. Бино ба ҳисобҳо, аз 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Русия то 300 000 нафари онҳо маҳз дар шаҳру вилояти Маскав кору зиндагӣ мекунанд.

Вале ба далели шадидтар шудани қоидаҳои будубоши муҳоҷирон дар Русия, то имрӯз теъдоди танҳо муҳоҷирони тоҷике, ки ҳаққи вуруд ба Русияро аз даст додаанд, ба 320 000 нафар расидааст. Аксари онҳо, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Муҳаммади Эгамзод, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав, барои қонуншиканиҳои хеле хурде резае аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд.

Ба ҳисоби ФМС- Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, дар ҳоли ҳозир 148 000 муҳоҷир аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум шудаанд. Ба гуфтаи Алексей Сичёв, муовини раҳбари ФМС дар вилояти Маскав, танҳо аз аввали соли равон аз ин вилоят ҳудуди 34 000 муҳоҷирро ихроҷ кардаанд.

Ҳоло тибқи қонунҳои муҳоҷирати Русия, муҳоҷир ҳатто барои ду қонуншикании маъмурӣ, аз ҷумла ҳатто барои напардохтани пули телефон ё ҷарима барои бо суръати баланд рондани мошин, метавонад аз қаламрави ин кишвар берун карда шавад ваё, агар аллакай ба зодгоҳи худ баргашта бошад, дар ғайбаш аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум шавад. Бисёриҳо баъди бозгашт ба Русия танҳо ҳангоми гузаштан аз хатти марзи ин кишвар мефаҳманд, ки дар “рӯйхати сиёҳ”-анд ва ноилоҷ маҷбур мешаванд, хароҷоти бузурги пули роҳ дар гарданашон бо ҳамон ҳавопаймо ба зодгоҳи худ баргарданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи июл дар Уфа дар мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин хостори расидагӣ ба вазъи ин садҳо ҳазор муҳоҷире шуд, ки ба далели маҳрумият аз ҳаққи сафар ба Русия аз манбаи таъмини зиндагии худ маҳрум шудаанд. Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия низ моҳи июн дар мулоқот бо Андрей Исаев, муовини раиси Думаи давлатӣ ва раиси фирқаи ҳизби ҳокими “Единая Россия” пешниҳод кард, ки Русия аз тариқи эълони як афви муҳоҷирон, аз ҷумла онҳое, ки дар қаламрави ин кишвар ягон ҷиноят содир накардаанд, роҳро барои қонунӣ сохтани ин мардум ҳамвор кунад.

Маскав чунин таҷрибаи афви муҳоҷиронро дорад. ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия - дар моҳи июн, дар пайи ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё пайвастани Қирғизистон эълон кард, ки то 267 000 муҳоҷири қирғизро аз “рӯйхати сиёҳ”-аш хат мезанад

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG