Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Тоҷикистон аз идораҳои давлатӣ тақозо кардаанд, то 118 мансабдори ба синни бознишастагӣ расидаро ба нафақа гусел кунанд.

Оҷонсии хидмати давлатии назди президенти Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз сохторҳои давлатӣ хостааст, 118 мансабдореро, ки вазифаҳои раҳбарикунандаро бар дӯш доранд, аммо синнашон ба нафақа расидааст, аз кор озод кунанд.

Юсуф Бӯриев, сардори шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии Оҷонсии хидмати давлатӣ рӯзи 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин нома тақозо шудааст, то дар зудтарин фурсат занҳои раҳбар, ки синнашон ба 57 ва мардони синнашон ба 63 расидаро ба нафақа бифиристанд ба ҷои онҳо ҷавононро ба кор бигиранд.

“Ба ҷуз ҳолатҳои истисноӣ занҳо аз сини 58 ва мардон аз сини 63 бояд ба нафақа бираванд. Дар ҳолатҳои истисноӣ танҳо аз як то ду сол имкони дароз кардани мӯҳлати дар вазифаи роҳбарикунанда мондан ҳаст,”- гуфт ҷаноби Бӯриев ва афзуд, бар асоси ин тақозо аллакай 36 нафар пурра бознишаста шуда ва 82 нафари дигар то пайдо шудани кадрҳои ҷавон дар вазифаҳояшон боқӣ мемонанд.

Маросими гусели мансабдорони вазорати корҳои дохилӣ дар соли 2013

Маросими гусели мансабдорони вазорати корҳои дохилӣ дар соли 2013

Гусели иҷборӣ ба нафақа дар Тоҷикистон ду сол пеш, замоне шурӯъ шуд, ки ҳукумат барои ҷавон кардани сафҳои худ ва роҳ кушодан ба кадрҳои ҷавон иқдом кард. Он замон ба дунболи як мактуби дастгоҳи президент садҳо нафар аз раҳбарон дар муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва дигар соҳаҳо иҷборан бознишаста шуданд.

Муҳаббат Иззатова, номзади илмҳои педагогӣ соли гузашта ҳамроҳ бо шавҳараш профессори улуми кимиё Самариддин Каримов аз кор дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барканор шуданд.

Хонум Иззатова мегӯяд, ӯ ҳамроҳ бо шавҳараш умри худро дар таълиму тарбияи донишҷӯён сарф карда буданд ва чунин барканориро як навъ таҳқир пазируфтанд. Ӯ мегӯяд, дар иҷрои қонун ва дастури президент, ки дар таъини ҷавонон ба вазифаҳо бартарӣ дода шавад, “ба ҷои сала калла” оварданд.

Муҳаббат Иззатова мегӯяд: “Дар донишгоҳи Кӯлоб дар баробари мо 54 нафар устодони собиқадорро аз вазифаҳо гирифтанд. Мо тарафдорем, ки ҷавонон фаъол бошанду дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор кунанд. Аммо мо дидем, ки ба ҷои аксари омӯзгорони собиқадор мутахассисони арзанда пайдо нашуд. Ба андешаи ман, дар соҳаи маориф бояд чунин набошад. Дар Русия раҳбарони Донишгоҳҳоеро медонам, ки 80-солаанд ва то кунун кор мекунанд. Ин шева метарсам, ки якбора мутахасисонро дар мо кам мекунад ва ҷои онҳоро беҳунарон мегиранд.”

Аммо масъулони Оҷонсии хизмати давлатӣ мегӯянд, бознишастагӣ дар синни барои занон 58 ва барои мардҳо - 63 бар асоси қонун сурат мегирад ва онҳо маҷбуранд, иҷрои қонунро назорат кунанд.

Акс аз маросими ба нафақа гусел кардани муовини собиқи вазири нақлиёт Ҷумъахон Зуҳуров дар соли 2013

Акс аз маросими ба нафақа гусел кардани муовини собиқи вазири нақлиёт Ҷумъахон Зуҳуров дар соли 2013

Дар ҳамин ҳол, Бек Қурбонов, вакили парлумони Тоҷикистон, ки лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи нафақаи шаҳрвандон”-ро таҳия кардааст, мегӯяд, қабули ин қонун бар асоси пажӯҳиши Кумитаи омор сурат гирифтааст: “Қабл аз таҳияи ин қонун Кумитаи омор синну соли миёнаи шаҳрвандонро муайян кард. Бар асоси таҳлили ин Кумита, занҳои тоҷик то синни 58 ва мардҳои тоҷик то синни 63 қобилияти раҳбарикуниро доранд. Пеш аз қабул ҳамаи паҳлуҳои рӯҳиву ҷисмонии сокинон омӯхта шудааст.”

Аммо коршиносон мегӯянд, ҳолати рӯҳию ҷисмонӣ ва қобилияти кории як шаҳрванд аз як шаҳрванди дигар комилан фарқ дорад ва бояд қонунгузории Тоҷикистон инро дар назар мегирифт.

Аҳтам Сатторов, як устоди равоншинос, ки 43 сол дорад, мегӯяд, афроде ҳастанд, ки дар синни аз 70 боло ҳам баробари як ҷавон тавони корӣ дорад ва кор мекунад: “Хуб аст, ки мо ба ҷавонон имконияти бештар диҳем, аммо ҳеҷ гоҳ воқеиятҳоро сарфи назар накунем. Мо ба ҳар нафар воқеъбинона ва аз рӯи тавонаш баҳо диҳем. Нафаре ки 70-сола шудааст ва таҷрибаи хуби корӣ ҳосил кардаасту ҳанӯз кори хуб мекунад, чаро мо ӯро аз кор барканор ва ба ҷояш як ҷавонеро орем, ки ҳеҷ коре карда наметавонад? Барои ҳамин бояд бештар ба қобилияту тавон диққат диҳем, на ин ки ба сину сол.”

Чанд соли ахир ба нафақа гусел кардани кормандони давлатӣ дар Тоҷикистон ба анъана табдил ёфтааст ва инро сокинон бештар бо номи “маъракаи ҷомапӯшонӣ” ёд мекунанд. Соле садҳо нафар марду зан бо далели ба синни нафақа расидан аз кор озод мешаванд ва ба ҷои онҳо ҷавононе сари кор меоянд, ки ба гуфтаи коршиносон, аксаран таҷрибаи дурусти корӣ надоранд.

Ҷамъи мардуми бознишаста дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Нафақаи миёна дар Тоҷикистон беш аз 200 сомониро ташкил медиҳад ва солона барои таъмини нафақаи бознишастагон аз буҷаи давлати Тоҷикистон ҳудуди 1,5 миллиард сомонӣ, ё қариб 300 миллион доллар сарф мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG