Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ғамхории нокофӣ дар ҳаққи бознишастаҳои тоҷик


Теъдоди бознишастагон дар Тоҷикистон аз марзи ним миллион нафар гузаштааст.

Теъдоди бознишастагон дар Тоҷикистон аз марзи ним миллион нафар гузаштааст.

Тоҷикистон дар як шохиси нав дар мавриди таъмини бознишастагон бо нафақаи муносиб дар мақоми 117 ва болотар аз кишварҳои африқоӣ ҷой гирифтааст.

Шохиси мазкурро NATIXIS GLOBAL ASSET MANAGEMENT, як ширкати азими амрикоӣ бо назардошти вазъи зиндагӣ, сиҳатӣ ва некӯаҳволии мардуми бознишаста дар 150 кишвар таҳия кардааст. Ва дар он гуфта мешавад, ҳоло ҳатто дар кишварҳои дар ҳоли рушд ҳам бояд мардум барои ояндаи худ пасандози бештар кунанд, то дар пирӣ зиндагии осуда дошта бошанд.

Дар Тоҷикистон, ки мардуми бознишастааш ба шарофати фарзандон “даври пирӣ” меронанд, айни замон ҳаққи миёнаи нафақа бештар аз 150 сомониро ташкил медиҳад, ки барои ғизои якмоҳаи як пирамард ва ё пиразане кофӣ нест, чӣ расад ба сару либос ва ё доруворӣ. Бо гуфтаи мутахассисон, хушбахтона Тоҷикистон кишвари ҷавонон аст, ки такягоҳи тақрибан 600 ҳазор нафар бознишаста ҳастанд, вагарна бо нафақае, ки онҳо аз давлат мегиранд, ҳоли зоре доштанд.

Бо вуҷуди онки афроди бознишаста дар Тоҷикистон бар асоси қонун ва муқаррарот аз имтиёзҳои гуногуни давлатӣ ва ҳаққи нафақа баҳраманд ҳастанд, аммо ин кӯмакҳо ночизанд ва маҳз ба шарофати фарзандону хонаводаҳои бузург онҳо ба қавле зиндагии ба ҳадде “осуда” доранд. Айни чизро як таҳқиқи се мутахассиси Донишгоҳи Соузҳемптон дар Бритониё нишон додааст, ки дар он гуфта мешавад, “хатари камбизоатӣ ба ҷавонон дар муқоиса ба пирон бештар таҳдид мекунанд”, зеро бинобар фарҳанги суннатӣ, аъзои хонавода дар ҳаққи пиронсолон ғамхорӣ мекунанд.

Бар асоси як пажӯҳиши вазъи камбизоатӣ, ки бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ сурат гирифтааст, соли 2003 камбизоатӣ дар миёни кӯдакони то 15-сола бештар аз 65,7 дар сад, вале дар миёни афроди синни нафақа яъне аз 58 сола боло, каму беш аз 60 дар садро ташкил медодааст. Аммо куҳансолоне, ки танҳо ва мӯҳтоҷи кӯмаки давлат ҳастанд, чунин “толеъи” баланд надоранд. Тоҷикистон, ки таназзули низоми ҳифзи иҷтимоиаш баъди суқути шӯравӣ шурӯъ ва дар замони ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ бадтар шуд, ислоҳи ин низом то кунун идома дорад.

Сар аз соли 2000 то 2001 ҳукумат Барномаи Стротегии Коҳиши Камбизоатиро таҳия кард, ки як сутуни асосии он ҳифзи иҷтимоии куҳансолон ва афроди ниёзманд буд. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, танҳо соли гузашта барои ҳифзи иҷтимоии афроди мӯҳтоҷ ва бознишастагон бештар аз 1 миллиард сомонӣ харҷ кардаанд, ки назар ба соли 2011 ҳам бештар аст. Нашрияи расмии "Ҷумҳурият" аз қавли Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон, навиштааст, дар соли гузашта дар ҷумҳурӣ 385 ҳазор нафар аз 80 то 150 сомонӣ ва 198 ҳазор нафар аз 150 то 400 сомонӣ нафақа мегирифтан. Нафақаи 11500 нафар аз 400 сомонӣ боло будааст. Айни замон Шукурҷон Зуҳуров изҳори нигаронӣ кардааст, ки нафақаи баъзе аз кормандони бонк, соҳибкор ва онҳое, ки мақоми баландпоя будаанд, аз 3 то 16 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бар асоси қонун ҳоло дар кишвар занон баъди 20 соли кор ва 58-солагӣ бознишаста мешаванд ва мардҳо бояд 25 сол кор кунанд ва вақте ба 65-солагӣ расиданд ва баъди ин метавонанд, аз ҳаққи нафақа баҳраманд бошанд. Аз рӯзи якуми январи соли равон Қонуни нави Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ҳукми иҷро гирифт, ки бар асоси он меъёри таъйини ҳама навъи нафақа, “нафақаи заминавӣ” муайян шудааст, ки ҳоло он 105 сомониро ташкил медиҳад. Аз кордиҳандаҳо низ хоста мешавад, ки ҳар моҳ 25 дар сад аз ҳаҷми ҳаҷми умумии музди коргарро ва як фоиз аз музди кори худи ӯро барои оянда ба хазинаи нафақа бисупорад.

Бар асоси муқаррарот, нафақаи фард 55 дар сади муздеро ташкил медиҳад, ки коргар тайи чанд моҳи ахир гирифтааст. Ба шарте, ки дар ҷойи кори дурусту расмӣ кор карда ва кордиҳандааш ҳамвора барои пасандози ӯ ба бунёди нафақа пул пардохта бошад. Аммо таври маълум ҳоло аксарияти садҳо ҳазор ҷавонони тоҷик, ки дар Русия аксаран ғайрирасмӣ кор мекунанд, на аз бунёди нафақа хабар доранд ва на аз пасандоз ва пуле, ки ҳам мегиранд, аз ҷумла барои таъмини волидони бознишастаашон харҷ мешавад.

Ба гуфтаи коршиносон, ҳоло ба шарофати ҳамин ноноварон аст, ки ҳукумати Тоҷикистон таҳти фишори зиёде қарор надорад, аммо бо гузашти солҳо ин насл, ки аксаран ғайрирасмиву бепасандоз кор кардаанд, мӯҳтоҷи кӯмаку дастгирии ҳукумат мешаванд. Созмони Help Age International дар як пажӯҳише дар ҳамин бора навиштааст, “бо афзоиши шуғлҳои ғайрирасмӣ, афроди куҳансол дар Тоҷикистон ва Қирғизистон” низомҳои бознишастагии ин кишварҳо дар оянда дар таъмини бознишастагон бо нафақаи муносиб сахтӣ хоҳанд кашид” ва аз ин рӯ ҳукуматҳо бояд аз фурсат ва “инсофи ҷавононашон” истифода бурда, чора биандешанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG