Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Ҷавонони саодатманд" - ба ҷои "пирони доно"


Хатмкардаҳои Донишгоҳи технологӣ (акс аз бойгонӣ)

Хатмкардаҳои Донишгоҳи технологӣ (акс аз бойгонӣ)

Бархе аз коршиносон мегӯянд, табдили омӯзгорону олимони ботаҷриба бо мутахаcсиcони ҷавон буҳрони риштаи илму маорифро дар Тоҷикистон амиқтар кардааст.

Донишмандон маъмулан замоне ба дараҷаи профессорӣ ё академикӣ мерасанд, ки солманд мешаванд, аммо синнусол наметавонад муайянкунандаи сатҳи илмии ӯ бошад.

Вақте ки охири соли гузашта дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ба ҳамаи ниҳодҳо ва идораҳои давлатии кишвар дастур дод, ки шартномаҳои худро бо кормандони синни бознишаста бекор кунанд, садҳо солманд аз кор ронда шуданд, вале дар ивази онҳо касоне омаданд, ки таҳсилкардагони солҳои ҷанги дохилиянд ва то ҳол натавонистаанд, ҷойҳои холишударо ба гунаи сазовор пур кунанд.



Худойназар Асозода, профессор ва адабиётшиноси маъруф мегӯяд, ин дастур зарбаи сахте ба соҳаи илм ва маориф, аз ҷумла мактабҳои олӣ шуд. Ба гуфтаи вай, ҷавонони “насли истиқлол”, ки дар даҳ соли аввал, дар авҷи ҷангу нооромиҳо таҳсил кардаанд, дониши амиқ надоранд: «Ба донишгоҳ дохил мешаванд, аммо ба ҳама маълум, ки майле барои кадри хуб шудан ба чашм намерасад. Азбаски дар кишвар кадр нест, чашмро мепӯшанду як баҳо мемонанд. Олим то китоб нахонад, дар соҳаи илму маориф олим шуданаш мушкил аст.»


Худойназар Асозода, донишманди тоҷик.

Худойназар Асозода, донишманди тоҷик.

Профессор Асозода, ки то лаҳзаи нашри ин дастур мудири кафедраи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, аз ин вазифаи худ канор рафт. Ба дунбол, яке аз шогирдони ӯро ба ин симат таъин карданд. Вай дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, шогирдаш истисноан дониши хуб дорад, вале на ҳама метавонанд шогирдҳои шоистаро ба ҷояшон гузоранд. Ва аз сӯи дигар, меафзояд Худойназар Асозода, аз ашхоси солдидаи арзанда истифода бояд бурд.

Ин адабиётшиноси тоҷик амри табдили ҳатмии ходимони солдида бо кадрҳои ҷавонро дар баробари профессорон ва собиқадорони илму маориф нозарур медонад: «Бештари профессорон шогирдони худро тавсия карданд ва ректор фармон баровард. Баъд ин ки зиндагӣ маҷбур мекунад, ки кор кунӣ, вагарна рафтуомад барои як профессор зарурате надорад. Зеро донишҷӯи ин замон дигар он донишҷӯе нест, ки дар замони Шӯравӣ буд. Барои баъзеи онҳо дарс гуфтан ҳам ҳайф аст.»

Донишмандони нафақахӯр ва ҷомиашиносон мегӯянд, дар пайи табдили кадрҳои пир ба ҷавон бештар аз ҳама соҳаҳои илму маориф ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд. Зеро кадрҳои 20 соли охир, ки ҳоло ҷои профессорҳои замони Шӯравиро мегиранд, ҷавобгӯи талаботи касбӣ нестанд. Профессор Асозода мегӯяд, ҳоло бештари профессорону академикҳо дубора ба кор дар донишгоҳҳо ҷалб мешаванд, зеро ки тамоми кафедраҳо дар ҳолати «буҳрон» қарор гирифтаанд.

Аммо мақомот мақсад аз ин иқдомро ҷалби бештари мутахассисони ҷавон ба мудирият арзёбӣ мекунанд. Таҳлилгарон мегӯянд, ин нахустин бор нест, ки тариқи чунин дастурҳо, ҳукумат аз шахсиятҳои алоҳидаи шоиста дар сохторҳои мухталиф «халос » мешавад, аммо дар асл ба ҷои онҳо афроди ҷавон ва кордон хеле кам меоянд.

Абдусаттор Нуралиев 10 сол боз бознишаста аст, аммо то ҳол ба тарбияи донишҷӯён дар Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи славянӣ машғул будааст. Профессор Нуралиев аз муҳаққиқони мӯътабари таърихи журналистика, мегӯяд, ҳарчанд мақомот ба ҷалби бештари ҷавонон ба мансабҳои раҳбарӣ талош мекунанд, аммо камсаводии насли 20 соли ахир, ки ба унвони «ҷавонони насли гузариш» муаррифӣ мешаванд, сабаби роҳ наёфтани онҳо ба симмати мудирият дар идораҳои давлатӣ шудааст: «Дар тамоми донишгоҳҳои ҷаҳон аз таҷрибаи ашхоси солдида истифода мекунанд. Ин хуб аст, ки агар профессорон пас аз нафақа ҳам барои шогирдони худ таҷриба омӯзанд. Ҳарчанд донишу таҷрибаи насли ҷавони имрӯз дар муқоиса ба ҷавонони замони Шӯравӣ нисбатан суст аст. »

Иҷборан ба нафақа фиристодани бознишастаҳо дар пайи дастури дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз моҳи декабри соли гузашта сурат мегирад, ки бар пояи он ниҳодҳо ва идораҳои давлатӣ бояд шартномаҳои худро бо кормандони бознишаста лағв намуда, то 5-уми январи соли равон аз натиҷааш гузориш медоданд. Гуфта мешавад, ҳадаф бештар ин буд, ки афроди солманд дар сохторҳои давлатӣ ҷойи худро ба ҷавонон диҳанд. Дар бораи аз кор дар идороти давлатӣ хориҷ шудани кормандони солхӯрда оморе то имрӯз пахш нашудааст. Ин дар ҳолест, ки ин дастур пуртаҷрибатарин устодони донишгоҳу мактабҳоро бознишаста кард.

Ҳокимхон Валиев - сардори раёсати кадрҳои вазорати маорифи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, бо ин дастури дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, тақрибан ҳамаи профессороне ки синашон ба нафақа расидаву ҳанӯз ҳам дар мудирият қарор доштанд, барканор шуданд. Ҳарчанд ҷаноби Валиев омори дақиқеро наовард, аммо гуфт, бештари ин профессорон «дар мактабҳои олӣ ба ҳайси мудири кафедра ва як теъдоди онҳо декани факултаҳо кор мекарданд.»

Бо ин ҳама, ба гуфтаи ин масъули вазорат, профессороне, ки солашон ба бознишастагӣ расидааст, бар асоси кодекси меҳнат ҳуқуқи кор карданро доранд ва тибқи қарордод дар донишгоҳҳои олии кишвар дарс мегӯянд: «Профессор ҳам дар як синну соли муайян метавонад, ки кори илмӣ кунад ва ба тарбияи мутахассисони ҷавон машғул бошад. Аз ҳамин хотир, онҳо бо қарордод дар донишгоҳҳо дарс мегӯянд.»

Аммо ҳоло суоле матраҳ аст, ки дастури дастгоҳи раисҷумҳур барои аз кори раҳбарӣ дур кардани афроди синни нафақа то куҷо дар сатҳҳои болоӣ амалӣ мешавад, симои ҳукумати Тоҷикистонро ҷавон мекунад ва ё тағйир медиҳад?

Тибқи қонуни кори Тоҷикистон, мардҳо дар синни 63-солагӣ ва занҳо дар синни 58-солагӣ бо собиқаи кории беш аз 20-сола бознишаста мешаванд. Шумораи бознишастагон дар Тоҷикистон ҳудуди 600 ҳазор нафар гуфта мешавад. Аз ин шумор ҳудуди 7 дар сади онҳо дар идораҳои давлатӣ кору фаъолият доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG