Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ID-card бигиред! Шиносномаи дохилӣ аз байн меравад


Намунаи корти шиносоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Чех

Намунаи корти шиносоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Чех

Аз 1 марти соли 2014 дар Тоҷикистон барои шаҳрвандонаш санади нави расмие бо номи корти шиносоӣ(ID card) ҷорӣ мекунанд.

Дар раёсати консулии вазорати умури хориҷа ва дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба Озодӣ тасдиқ карданд, ки бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 1 март ба ҷои шиноснома ба шаҳрвандон кортҳои шиносоӣ дода хоҳанд шуд.

Сомонаи «Вебверсия», ки тағйирот дар қонунгузории кишварҳои пасошӯравиро мунъакис мекунад, рӯзи 6 январ матни фармони Эмомалӣ Раҳмон аз 20 сентябри соли 2013 таҳти рақамаи 1519-ро, ки дар вазорати адлия таҳти рақами 155 сабт шудааст, нашр кард. Дар ин фармон гуфта мешавад, ки “ба хотири таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандони Тоҷикистон” аз 1 март кортҳои шиносоӣ ҷорӣ карда мешаванд, ки дар қаламрави Тоҷикистон амал хоҳанд кард. Аммо дар ин фармон ҳамчунин гуфта шудааст, ки шиносномаҳои кунунии дохилии шаҳрвандони Тоҷикистон то замони ба поён расидани эътиборашон низ амал мекунанд.

Шиносномаи дохилӣ аз байн меравад

Шиносномаи дохилӣ аз байн меравад

Эмомалӣ Раҳмон аз ҳукумат хостааст, то 1-уми март қонунҳои дигари кишварро ба ин талаботи нав мувофиқ гардонда, “тибқи созишномаҳои байналмилалӣ кишварҳои хориҷиро низ аз ҷорӣ шудани кортҳои шиносоии шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷараён гузоранд ва ба хотири таъмини сафарҳои байналмилалии шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро барои эътирофи ин санад ба сифати ҳуҷҷати байналмилалии ташхискунандаи ҳуввияти шахс бияндешанд.”

Дар бисёре аз кишварҳои дунё алакай шиносномаҳои дохилиро бо кортҳои шиносоӣ иваз кардаанд, зеро корт ҳамагӣ як саҳифа ва хеле хурдтар буда, нисбат ба шиноснома бо худ гирифтанаш осон аст.


Зимнан, Арманистон – яке дигар аз кишварҳои пасошӯравӣ - низ эълон кардааст, ки аз 1 январи соли 2014 шиносномаҳои дохилии шаҳрвандонашро бо корти шиносоӣ иваз мекунад. Ин барнома аз 1 июни соли 2012 дар се минтақаи Арманистон – Ереван, Гюмрӣ ва Ванадзор – озмоиш шуда, то имрӯз алакай ба 91 000 нафар ба ҷои шиноснома чунин корт додаанд.Барои гирифтани корти шиносоии шаҳрванди Арманистон ҳамагӣ 3000 дирам, муодили 7,4 доллар нарх муқаррар кардаанд.

Аммо ҳанӯз тартиби гирифтани кортҳои шиносоӣ ва нархи ин хидматгузории нав дар Тоҷикистон маълум нест. Корти шиносоӣ ба фарқ аз шиносномаи дохилӣ ба истилоҳ китобчаи пурсаҳифа нест, балки мисли ҳуҷҷати ронандагӣ танҳо аз як варақ иборат аст, ки дар пушту рӯяш иттилоъи асосӣ дар бораи соҳибашро мегунҷонанд. Кортҳои шиносоии насли нав чипҳои махсусе ҳам доранд, ки дар он маълумоти биометрӣ дар бораи соҳиби корт ҷо дода мешавад.

Шиносномаҳои биометрӣ

Шиносномаҳои биометрӣ

Дар ҳоли ҳозир, ба сифати ҳуҷҷати ташхискунандаи ҳуввияти шахс дар Тоҷикистон шиносномаҳои дохиливу хориҷӣ истифода мешаванд. Аз соли 2010 ин кишвар ба додани шиносномаҳои биометрӣ низ шурӯъ кардааст. Зоҳиран шиносномаҳои хориҷӣ ҳамчунон боқӣ хоҳанд монд ва корти шиносоӣ ҷои шиносномаи дохилиро мегирад.

Эътирофи байналмилалии ин санад аз он ҷиҳат зарур аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба як чанде аз кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла ба Қазоқистону Русия – ду бозори асосии кор барои муҳоҷирони тоҷик – бо шиносномаҳои дохилӣ ҳам сафар мекарданд. Ҳарчанд Русия тарҳеро баррасӣ мекунад, ки аз соли 2015 сафари шаҳрвандони СНГ бо шиносномаҳои дохилиро ба ин кишвар манъ мекунад.

Бино ба оморҳо, ҳамасола то 1,5 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои мардикорӣ ва тиҷорат ба Русия мераванд. То 100 000 нафари дигар рӯзии хонаводаҳои худро дар Қазоқистон меҷӯянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG