Пайвандҳои дастрасӣ

Шурӯъ аз 1-уми феврали соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд соҳиби шиносномаҳои нави электронӣ, ё биометрӣ шаванд.

Дар ин бора қаблан Вазорати умури хориҷии кишвар иттилоъ дод. Озода Раҳмонова, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон, зимни сӯҳбат бо матуботи маҳаллӣ гуфт, ин тасмим бо тақозои созмонҳои байнулмилалӣ амалӣ мешавад.

Ин шиносномаҳо ба шаҳрвандоне дода мешавад, ки ба хориҷа сафар мекунанд. Шиносномаҳои биометрӣ, тибқи тақозои маҳфилҳои байналмилалӣ, ҳангоми парвоз бо ҳавопаймоҳо аз муқаррароти муҳими амниятӣ дониста мешавад.

Ба гуфтаи хонум Раҳмонова, феълан 5 маркази махсуси шиносномадиҳӣ дар пойтахти кишвар ва шаҳрҳои Хуҷанд, Қурғонтеппа ва Хоруғ ифтитоҳ шудааст. Қимати шиносномаи биометрӣ, ба қавли хонум Раҳмонова, аз шиносномаи оддӣ бештар буда, 330 сомониро ташкил медиҳад, ки муодили 75 доллар аст. Нархи шиноснома барои наврасони то 16-сола 25 доллар таъин шудааст.

Муовини вазири хориҷии Тоҷикистон гуфт, хариди шиносномаи электронӣ то муддате ихтиёрӣ хоҳад буд ва шиносномаҳои оддии шаҳрвандон низ дар баробари он эътироф хоҳанд шуд. Аммо мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки тайи солҳои наздик тамоми аҳолии кишварро батадриҷ бо шиносномаҳои нав таъмин кунанд.

Шиносномаи хориҷии биометрӣ аз шиносномаи маъмулӣ тафовути зиёд надорад. Он аз 48 саҳифа иборат буда, дар баробари акс ва маълумоти хусусӣ ҳамчунин дорои нақши ангуштон, тасвири пардаи чашм ва сабти овози соҳиби он мебошад. Мӯҳлати истифодаи он 10 солро дар бар мегирад.

То имрӯз дар аксари кишварҳои ҷаҳон аз шиносномаҳои биометрӣ истифода мешавад. Ва Тоҷикистон баъд аз Қазоқистону Туркманистон севвумин кишвари минтақа аст, ки чунин навовариро пиёда мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG