Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон то охири соли равон 900 ҳазор шиносномаи хориҷиву биометрӣ ворид хоҳанд кард.

Изҳороти мазкур дар ҳоле пахш гардид, ки ахиран дар марказҳои шиносномадиҳии Хадамоти сабту бақайдгирӣ ё ОВИР - и Вазорати корҳои дохилӣ ва ҳам Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мушкили дастрасӣ ба шиносномаи оддии хориҷӣ пеш омадааст. Ин вазъ дар расонаҳои кишвар баҳсеро ба миён овард, ки мақомоти зидахл наметавонанд аҳолиро бо шиносномаи хориҷӣ таъмин кунанд.

Ҷамолиддин Убайдуллоев, сарвари Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, сабабҳои пеш омадани чунин вазъ қобили пешбинӣ набуданд:«Моҳи январи соли 2013 як ҳолати ғайричашмдошт ба вуқӯъ пайваст. Тибқи омор, талаботи моҳонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ 23 ҳазор адад ҳисоб мешуд. Аммо ба далели он, ки дар миёни шаҳрвандони кишвар дар дохилу Русия як ҳангомае ба миён омад, ин рақам ба 63 ҳазор афзуд.»

Ҷамолиддин Убайдуллоев, сардори Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ҷамолиддин Убайдуллоев, сардори Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Далели ба қавли мақомот пеш омадани «ажиотаж», изҳороти мақомоти Русия буд, ки гуфтанд, сар аз 1 январи соли 2015 ба шаҳрвандони ИДМ, ба истиснои аъзои Иттиҳоди гумрукӣ, бидуни шиносномаи хориҷӣ иҷозаи вуруд нахоҳанд дод. Аз Тоҷикистон ба Русия, бино ба манобеи расмиву ғайрирасмӣ, солона аз 800 ҳазор то 2 миллион нафар умдатан ба муҳоҷирати корӣ мераванд ва ба назар мерасад, мақомоти Тоҷикистон талош доранд теъдоди ҳарчӣ бештари мардумро бо шиносномаи хориҷӣ таъмин кунанд.

Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин ниҳод бар пояи ду шартнома аз зарротхона ё фабрикаи банкноти Бонки миллии Қазоқистон 300 ҳазор шиносномаи оддии хориҷӣ дарёфт хоҳад кард. Аммо бинобар аз истифода хориҷ шудани ин навъи шиноснома, сар аз моҳи январи соли 2015, вазорат бо ширкати «Muehlbauer» - и Олмон ду созишнома баст, ки бар асоси он, то моҳи сентябри соли равон 200 ва то моҳи декабр 500, ҷамъ 700 ҳазор шиносномаи биометрӣ дарёфт хоҳад кард.

Ҷамолиддин Убайдуллоев, сарвари Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, 900 ҳазор шиноснома барои эҳтиёҷоти ду–дунимсолаи сокинони Тоҷикистон кофист.

Аммо бо ин ҳол низ эҳтимоли пеш омадани вазъи соли 2014 дар миён аст, зеро ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, аз соли 2006 то ба имрӯз ҳудуди 1 миллион нафар шиносномаи оддии хориҷии соли 1998 гирифтаанд ва фақат 28 ҳазор нафар шиносномаи биометрӣ дорад. Дар ҳоли аз 1 январи соли 2015 аз истифода баромадани шиносномаи оддии хориҷӣ, ки ҳамагӣ панҷ сол муҳлат дорад, 700 ҳазор шиносномаи биометрӣ эҳтиёҷоти мардумро бароварда нахоҳад кард.

Эраҷи Амон, рӯзноманигори тоҷик.

Эраҷи Амон, рӯзноманигори тоҷик.

Эраҷи Амон, рӯзноманигори тоҷик ва муаллифи яке аз матолиби интиқодӣ дар бораи шеваи шиносномадиҳӣ мегӯяд, бебандуборие дар ин бозор ба чашм мехӯрад, ки дар оянда метавонад мушкили зиёд ба бор орад: «То ба наздикӣ дар марказҳои шиносномагирии Тоҷикистон умуман бланкаи шиносномаҳои хориҷӣ набуд. Ҳоло мегӯянд, ки ин масъала ҳал шудааст. Аммо аввалин шиносномаҳои нав моҳи сентябр меоянд. Мантиқан, ба гумон аст, ки мушкил ҳал шуда бошад. Дигар, охири соли 2014 мардум, ба истилоҳ, тӯда-тӯда ба марказҳои шиносномадиҳӣ хоҳанд рехт, чун аксарият шиносномаи оддии хориҷӣ доранд. Он замон маълум, ки як бебандуборӣ хоҳад шуд.»

Ҳамзамон нархи шиносномаҳои биометрӣ, ки 25 доллар барои ноболиғон ва 75 доллар барои бузургсолон аст, мардумро маҷбур кардааст, ки рӯ ба шиносномаи оддии 3-доллара оранд, ҳуҷҷате, ки барои якуним соли дигар гирифта мешавад.

Ҷамолиддин Убайдуллоев гуфт, ҳоло арзон шудани шиносномаҳои биометрӣ дар назар нест, чун то имрӯз дар кишвар 5 маркази шиносномадиҳӣ дар Хоруғ, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Душанбе ва Вазорати корҳои хориҷӣ амал мекарданд, аммо акнун дар 41 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон онҳо фаъол шудаанд, ки харҷро боло бурдааст.

Вазорати корҳои хориҷӣ барои нашри шиносномаҳои биометрӣ соли 2012 аз Вазорати молияи Тоҷикистон 24 миллион сомонӣ қарз гирифта буд, ки бино ба гуфтаи сарвари Раёсати консулӣ пурра баргардонида шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG