Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд орзу ба милисаи тоҷик дар Рӯзи милиса


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 10 ноябр дар Тоҷикистон аз Рӯзи милиса ҷашн гирифтанд. Ин ид аз соли 1994 рӯзҳои 6 феврал таҷлил мешуд, вале соли 2011 ҳамон санаи замони шӯравиро аз нав барқарор карданд.

Кормандони умури дохила дар ҳоле аз рӯзи милиса таҷлил мекунанд, ки коршиносон зарурати як ислоҳоти дар ин ниҳодро ногузир медонад. Шиканҷа, бадрафторӣ, маъюбу ба ҳалокат расидани гумонбарон ҳангоми боздошт дар чанд соли ахир исми милисаро дар сархати расонаҳо қарор додааст.

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси тоҷик дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мушкилоти мураккабе дар сохтори милиса ҷамъ шудааст ва таъминоти молии онҳо ҳам ба корашон таъсир мегузорад. Ба гуфтаи ӯ, вақте корманди милиса мушкили моддӣ дорад, рафтору муносибаташ ҳам ба кор ва ҳам ба корафтода тағйир меёбад: «Дар соҳаи милиса мисли ислоҳоте бояд шавад. Мисли ислоҳоте, ки дар замони Саакашвилӣ бахше аз сохторҳои умури дохила дар Гурҷистон гузаронданд ва имрӯз пулиси роҳи Гурҷистон аз ҷомеа пештар гузаштааст.»

Чанд орзу ба милисаи тоҷик
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00
Линки мустақим


Рашид Ғанӣ Абдулло орзу дорад, ки милисаи тоҷик мисли пулиси Амрико аз нигоҳи ҷисмонӣ обутобёфта, аз нигоҳи моддиву фаннӣ таъмин ва ҳам соҳиби донишу малакаи хуб бошад.

Музафар Олимов
Музафар Олимов
Музафар Олимов, ҷомеашинос ва раҳбари маркази «Шарқ» мегӯяд, агарчӣ дар робита ба муносибати пулис бо ҷомеа таҳқиқоти вижае дар ин авохир анҷом нашудааст, аммо мушоҳидаҳо ҳокии вуҷуди мушкилоти зиёд ва ба ин далел норозигии зиёди мардум аз кори милисаҳост: «Милиса ҳамчун як ниҳоди ба мардум нисбатан наздик муваззаф аст, ки фаъолияташро бо мардум наздиктар кунад. Аммо бо иллатҳои хело гуногун мушкилотҳои зиёде ҳаст, ки бештар характери иҷтимоиву иқтисодӣ дорад.» Ба гуфтаи ин коршинос, милиса ҳанӯз чандон ҷавобгӯи он шиори маъруфи «милисаи ман – ҳомии ман» нест, ки як нафари оддӣ бидуни ягон андешаву бим пеши корманди милиса биравад ва бовар карда, мушкилоти зиндагиашро бо ӯ дар миён гузораду ба истилоҳ «маслиҳат» кунад.

Қаблан вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимов низ дар ҳамоише гуфта буд, агарчи ислоҳоти ниҳодҳои умури дохилӣ пеш меравад, вале бо вуҷуди натиҷаҳои аввалин то анҷоми ин ислоҳот ҳанӯз роҳи тӯлоние дар пеш аст.

Саид Ҷӯрахонов
Саид Ҷӯрахонов
Саид Ҷӯрахонов - муовини вазири дохилаи Тоҷикистон дар сӯҳбати телефонӣ ба Озодӣ ҳама кормандони пулисро ба иди касбияшон табрик гуфта, иброз дошт, ки барои хубтар кардани робитаи онҳо бо ҷомеа ҳатто чанд қарори махсус қабул шудааст: «Доир ба кор бо шаҳрвандон ва ҷомеа ҷандин қарорҳои ҳукуматӣ қабул шуданд. Аз он ҷумла дружинаи ихтиёрӣ, ки аз ҳисоби кормандони ғайриштатияш вазорати корҳои дохила ба амал баровард. Ин аст, ки дарк кардем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҷомеа ҳама як ҷо ҳастанд.»

Аммо ин дар ҳолест, ки бештари мардум то ҳол дар симои милиса пуштибони худро намебинанд. Дар пурсиши сарироҳӣ, ки «Ба милиса эътимод доред? Дар симои онҳо пуштибони худро мебинед?» аз миёни беш аз 20 нафар танҳо ҳафт нафари онҳо эътимодашонро бо пулис иброз доштанд. Боқимонда мегуфт, ки маъмулан аз пулис мегурезанд. Фаррух Холиқов, як ҷавон гуфт, ба кормандони милиса умуман бовар надорад. Зеро ба қавли ӯ муносибати бади кормандони ин соҳа боварии мардумро ба онҳо коста кардааст: «Агар корат афтад, бепул корамро ҳал карда наметавонанд. Агар ман ҳақ ҳам бошаму пул надошта бошам, маро ноҳақ мебароранд. Аммо агар пул дошта бошам, ноҳақ ҳам бошам, масъала ба фоидаи ман ҳал мешавад.» Фаррух аз ҷумла мисол овард, ки боре пулҳояшро ду ҷавони дигар бо зӯрӣ аз дасташ гирифтанд, вале вақте ба пулис муроҷиат кард, онҳо пули аз маблағи гумкардааш бештар талаб карданд.
Рамазон Раҳимов
Рамазон Раҳимов
Рамазон Раҳимов вазири умури дохила низ дар моҳи август аз даст доштан дар ҷиноятҳо ва муносибати бади кормандони милиса нигаронӣ карда буд. Ба гуфтаи вазир, дар нимаи аввали соли равон 23 нафар аз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷиноят кардаанд, аз ҷумла дар ин муддат дар байни афсарони милиса 8 мавриди ришваситонӣ, 7 далели қаллобӣ, 4 далели сӯъиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва 2 мавриди шиканҷаи боздоштшудаҳо, ки сарусадо дар борааш ар матбуот хеле зиёд аст, сабт шудааст. Дигар ин ки ба эътирофи худи мақомоти вазорати умури дохилӣ, “муоширати нодуруст, дағалгуфторӣ ва бадмуомилагӣ бо шаҳрвандонро аз ҷониби бисёре аз кормандон, бахусус кормандони хидмати беруна пайваста мушоҳида кардан мумкин аст.”

Тоҷикистон яке аз се кишвари Осиёи Марказист, ки ба ислоҳоти сохторҳои вазорати умури дохилӣ шурӯъ кардааст, ки ҳадафи ниҳоии он бар гуфтаи мақомот, боло бурдани эътимоди мардум ба мақомоти умури дохила ва ба ҳомии воқеъии қонуну тартибот табдил додани онҳост. Таҳлилгарон мегӯянд, муҳим ин аст, ки ин ислоҳот танҳо бо ислоҳи зоҳир ва табдили танҳо номи милиса ба пулис ҷамъбаст нашавад.
XS
SM
MD
LG