Пайвандҳои дастрасӣ

Рамазон Раҳимов дар бораи пулис, Ислом ва Мулло Абдулло


Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қодиранд, пеши роҳи ҳар гуна гурӯҳҳои ҷинояткорро бигиранд.

Имрӯз, 10-уми ноябр, дар "Кохи Ваҳдат"-и шаҳри Душанбе бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон - раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷаласаи бахшида ба Рӯзи ташкилёбии милисаи тоҷик баргузор шуд. Дар ҳошияи ин нишаст хабарнигори Радиои Озодӣ талош кард, бо Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилии Тоҷикистон, як сӯҳбат дошта бошад. Суоли нахустин ин буд, ки раисиҷумҳур барои ходимони умури дохилӣ анҷоми чӣ корҳоеро зарур ва муҳим шуморид?

Рамазон Раҳимов: "Нахуст раисиҷумҳури Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти кормандони умури дохилӣ, худи онҳо ва собиқадорони ин соҳа, аз ходими қаторӣ гирифта то генералҳо суханҳои нек гуфтанд. Ҳамин чанд рӯзи пеш бо дастури Ҷаноби олӣ ба бештар аз ҳазор ходими умури дохилӣ тӯҳфаҳо дода шуд, ки мо онро як дастгирии роҳбари давлат нисбат ба мақомоти корҳои дохилӣ меҳисобем. Раисиҷумҳур дар назди кормандони мақомоти умури дохилӣ ва ҳамчунин тамоми сохторҳои қудратии мамлакат вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Аз ҷумла, дар самти нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, умдатан бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва анвои гуногуни он, мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои характери террористӣ ва экстремистӣ ва бахусус масъалаи хариду фурӯши одамон супоришҳои алоҳида, мушаххас ва ниҳоят масъулиятнок ба кормандон ва вазорати мо дода шуд."

Чаро милисаи тоҷик дигар "ҳабиби мардум" нест?

Озодӣ: То ҷое огоҳем, дар сохтори Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ислоҳот сурат мегирад ва ҳукумат як барномаеро ҳам дар ин бора рӯи даст дорад. Ин ислоҳот ба шумораи кормандон ҳам таъсир хоҳад дошт?

Рамазон Раҳимов: "Албатта, ин ислоҳот аз Паёми Ҷаноби олӣ ба парлумони Тоҷикистон бармеояд. Имрӯз низ ин ҳарфҳо бори дигар такрор шуд ва механизми ба амалбарории онро раисиҷумҳур ба мо дастур доданд. Аз он ҷумла дар самтҳои дигаргунии сохторҳо, такроршавии вазифаҳо дар худи сохторҳои Вазорати умури дохилӣ, пурқувват кардани сохторҳои поёнӣ, яъне сохторҳои шӯъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳру навоҳиву вилоятҳо ва ҳамчунин дар бораи кам кардани кормандон дар дастгоҳи марказии вазорат дастур дода шудааст. Албатта, ин ҳама ба нақша гирифта ва иҷро карда мешавад."



Озодӣ: Дар яке аз сӯҳбатҳои пешинаи худ Шумо ишора карда будед, ки мешавад бо истифода аз ислом аз ҷиноятҳое чун терроризм ва экстремизм ҷилавгирӣ кард. Яъне, инҷо манзури Шумо ҷалби муллоҳо ва домуллоҳо барои пешгирӣ аз ин гуна ҷиноятҳост?

Рамазон Раҳимов: "Мо ҳама вақт мегӯем, ки экстремизм ва терроризм, ин як гурӯҳи ҷинояткорҳое ҳаст, ки равона шудааст бар зидди тамоми ҷамъият, нооромии он ва халқу давлат. Мо доим таъкид мекунем, ки терроризм ва экстремизм вобастагӣ ба Ислом надорад ва барои ҳамин онро амиқ омӯхтаву таҳлил карда, баъд баҳодиҳӣ карданамон лозим аст. Он гурӯҳҳо, ки номи Исломро истифода бурда, ҷиноятҳои мудҳишро нисбат ба халқу давлат ва шаҳрвандон содир мекунанд, онҳо бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд."

Озодӣ: Аз он гурӯҳҳое, ки бо номи Ислом даст ба мубориза заданд, барои мисол Мулло Абдулло (Абдулло Раҳимов, аз фармондеҳони собиқи ИНОТ) буд, ки Шумо роҳбарии амалиёти боздошт ва маҳвсозии онро дар шарқи кишвар бар ӯҳда доштед. Бар ҳар сурат барои ҷомеаи кишвар то ҳол норӯшан аст, ки чӣ тавр ин гурӯҳ аз хориҷа бо силоҳу аслиҳа дохили кишвар шуданд.

Рамазон Раҳимов: "Ин гурӯҳҳо солҳои дароз дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон вуҷуд доштанд ва хостанд, ки бо ҳар роҳ дар даруни Тоҷикистон нотинҷӣ ба амал оваранд. Лекин ба мақсади худ нарасиданд ва имрӯз бо тамоми масъулият гуфта метавонем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, аз он ҷумла мақомоти умури дохилӣ тамоми воситаву қувваю усулҳое дорад, ки метавонад, пеши роҳи ҳар гуна гурӯҳи ҷинояткорро бигирад ва метавонем бар зидди тамоми он қувваҳое, ки нотинҷиву нооромии Тоҷикистонро мехоҳанд, зарба бизанем."

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG