Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислоҳот дар Вазорати корҳои дохилӣ. Чӣ чиз дигар мешавад?


Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон
Бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон

Тарҳи ислоҳоти густардаи ниҳодҳои умури дохилии Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар пешниҳод шуд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тарҳи ислоҳоти бунёдии ниҳодҳои умури дохилии кишвар омода шудааст. Бино бар ин тарҳ шумораи кормандон ва сохторҳои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷиддан коҳиш дода хоҳад шуд.

Бар асоси Стратегияи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон, вазорати умури дохила ислоҳоти бунёдиро паси сар хоҳад кард.

Стратегияи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистонро, ки қарор аст дар давоми солҳои 2013 то 2020 иҷро шавад, ҳукумати кишвар дар ҳамкорӣ бо Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо омода кард.

Ҳамоҳангсози ин барнома ва муовини сардори Раёсати равобити байналмилалӣ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, сарҳанг Зумрад Солиева, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло пешнависи тарҳ барои баррасӣ ба ҳукумат ирсол шудааст: “Вазоратҳо дар мавриди ин барнома ҷавобҳои худро пешниҳод кардаанд. Мо гурӯҳи корие, ки аз намояндаҳои вазоратҳо иборат аст ҳамаи пешниҳодҳоро ҷамъбаст карда, варианти охиринашро ба вазир пешниҳод мекунем. Баъд аз пешниҳоду эродҳои вазир ба ҳукумат барномаро тасдиқ хоҳад кард.”

Ҳамзамон ин суоле низ дар миён аст, ки тарҳи мазкур то куҷо шумораи кормандони риштаро коҳиш хоҳад дод. Хонум Солиева мегӯяд, “ин ислоҳот ҳам ба сохтор, ҳам ба штат ва ҳам кадр дахл дорад.”

Бархе аз коршиносон бар инанд, ки шумораи азими кормандони умури дохилӣ дар
Оқои Зоиров мегӯяд, теъдоди ходимони пулис аз бақия ниҳодҳои интизомӣ бештар аст.
Оқои Зоиров мегӯяд, теъдоди ходимони пулис аз бақия ниҳодҳои интизомӣ бештар аст.
оҷикистон бо меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат намекунад. Бино бар ин меъёрҳо, барои ҳар чаҳорсад сокини шаҳр ва аз 800 то 1000 сокини деҳот як корманди милиса муайян шудааст. Аз ин лиҳоз, гуфта мешавад, шумораи кормандони умури дохилӣ дар Тоҷикистон набояд аз 8 то 10 ҳазор нафар бештар бошад.

Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз додани маълумот дар бораи шумораи дақиқи кормандони он худдорӣ карданд, аммо як манбаи наздик ба ин вазорат гуфт, ин шумора аз ходимони вазорати дифоъ дида бештар аст.

Раиси Консорсиюми юридикии Тоҷикистон, Раҳматулло Зойиров мегӯяд, теъдоди ходимони ВКД аз бақия ниҳодҳо, барои мисол вазорати дифоъ, ба маротиб бештар буда, то 36 000 нафар мерасад. Ҷаноби Зойиров ақида дорад, ки ҳифзи чунин шумораи бузурги кормандони милитсия бо ҳадафҳои муайян сурат мегирад: «Барои ҳафтуним миллион аҳолии Тоҷикистон, бигзор ҳафтуним ҳазор набошад ҳам ҳаштуним то 9 ҳазор кормандони милитсия даркор аст. Аммо имрӯз аз рӯи штат 36 ҳазор корманди ВКД дорем. Яъне Вазорати корҳои дохилӣ ба ҷои таъмин кардани оромии мардум, баракс дар роҳи боздоштани ташаббуси мардум ва маҳдуд кардани ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо истифода мешавад.»

Аммо Зумрад Солиева, муовини Раёсати равобити байналмилалӣ дар Вазорати умури дохилӣ гуфт, теъдоди милитсия аз ин рақам хеле камтар аст. Вай афзуд, ки бар изофаи чанд навбат аттестатсияи кормандон, ки сафҳои ин ниҳодро аз афроди тасодуфӣ тоза кард, ҳамчунин тибқи дастури раиси ҷумҳурӣ 15 дарсад аз ходимони ВКД коҳиш хоҳад ёфт. Аммо вай афзуд, ки ҳадафи асосии барномаи ислоҳоти мақомоти дохилӣ, танҳо бо коҳиши шумора маҳдуд нахоҳад шуд. Пеш аз ҳама бояд вазифаи асосии ин ниҳодҳо тағйир хоҳад кард:

“Дар лоиҳаи стратегӣ пешбинӣ мешавад, шумораи кормандоне, ки ба корҳои амалӣ дар маҳалҳо, дар деҳот машғуланд, зиёд карда хоҳад шуд, то ки барои устувор намудани робитаи корманди милиса бо ҷомеа мусоидат намояд. Мо талош дорем, ки ҷомеа ҳамкори мо шавад, моро дастгирӣ намояд. Ва ин робита бояд дуҷониба бошад. Милиса барои ҷомеа ва ҷомеа барои милиса.”

Дар ҳоле ки айни чунин ислоҳот дар Гурҷистон ва Қирғизистон бо вуҷуди пешгирӣ аз фасоду ришват, вазифаи аслии кормандони умури дохилиро дар ин кишварҳо ба таври куллӣ тағйир надод кошиносони тоҷик мегӯянд, милиса ҳамоно ба ҳайси ҳомии давлат боқӣ хоҳад монд ва эҳтимолан шумораи он ба таври ҷиддӣ коҳиш наёбад. Ҳарчанд умедворие низ садо медиҳад, ки милитсияи тоҷик метавонад ба ҳомии қонун, ҳуқуқ ва ҷомеа табдил шавад.

Бо ин ҳол ба гуфтаи яке аз вазирони собиқи умури дохилии Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ, теъдоди кормандони ин вазорат 11 ҳазор нафарро ташкил медоданд. Ин дар ҳолест, ба гуфтаи вазири пешина, он вақт ниҳодҳое чун БХСС -- Идораи мубориза бо дуздии моликияти сотсиалистӣ ва Идораи назорати умури зиндонҳо низ дар ҳайати ҳамин вазорат буданд. Ҳоло вазифаҳои аввалиро Оҷонси зидди фасод ва дуввумиро Вазорати адлияи Тоҷикистон дар дӯш доранд.
XS
SM
MD
LG