Пайвандҳои дастрасӣ

1,5 миллион $ даъвои Оҷонсӣ алайҳи У.Қувватов


Умаралӣ Қувватов

Умаралӣ Қувватов

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24”-ро дар қаллобӣ ва тасарруфи амволи ғайр ба маблағи 1,5 миллион доллар ва гаравгонгирии як шаҳрванди Афғонистон айбдор мекунад.

Дафтари матбуоти Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 27 январ, як рӯз баъд аз расонаӣ кардани иттиҳоми гаравгонгирӣ алайҳи Умаралӣ Қувватов, бархе ҷузъиёти парвандаҳои зидди ин соҳибкори фирорӣ ва мухолифи ҳукумати кунуниро ба Радиои Озодӣ пардабардорӣ кард.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24”, ки ҳоло бо 3 тан аз ёронаш дар Туркия дар боздошт қарор дорад, дар 3 мавриди гаравгонгирӣ, аз ҷумла гаравгонгирии як шаҳрванди Афғонистон дар заминаим баҳси молӣ айбдор мешавад. Ба гуфтаи манбаи Озодӣ, “дар замоне ки Умаралӣ Қувватов бо ширкати “Тоҷирон” ҳамкорӣ дошт, як шаҳрванди афғонро ба шаҳри Қӯрғонтеппа оварда, то ҳал шудани масъалаҳои иқтисодиаш дар банд нигоҳ доштааст.”

Мақомоти Оҷонсӣ мегӯянд, исми ин шаҳрванди афғон, ки мустақиман аз Қувватов шикоят овардааст, пеши онҳо ҳаст, вале то азбаски тафтиши ин парванда ба сурати пӯшида сурат мегирад, то анҷоми пурраи тафтишот исми ин афғон нашр намешавад.

Дафтари матбуоти Оҷонсӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, Умаралӣ Қувватов - раҳбари дар Истамбул боздоштшудаи "Гурӯҳи 24" ба ин далоили бо як қатор моддаҳои марбут ба гаравгонгирӣ айбдор дониста мешавад, аз ҷумла бо моддаи 36 қисми 3 (раҳбарии гурӯҳи ҷиноӣ) моддаи 131 (ташкилкунандаи ғайриқонунии маҳрум кардан аз озодӣ), моддаи 181 қисми 3 банди “а”ва “б” (ташкилкунандаи ғасби гаравгонгирӣ ё нигоҳ доштан шахс ба сифати гаравгон),моддаи 358 қисми 2 (ташкилкунандаи ғайриқонунии дар ҳабс нигоҳ доштани шахс) айбдор дониста шудааст.

“Гурӯҳи 24” бо нашри як нашри кӯтоҳ дар шабакаи Фейсбук иттиҳоми гаравгонгирӣ алайҳи раҳбарашро “тӯҳмати нав” хонда, ҳамчунин як даъвои “пойдарҳаво” рад кардааст.

Умаралӣ Қувватов ва шарики тиҷориаш Шарофиддин Гадоев, ки дар тобистони соли 2012 аз Тоҷикистон фирор карда, “Гурӯҳи 24”-ро созмон доданд, иддао доранд, ки саҳми онҳо дар тиҷорати пурфоидаи ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”-ро Шамсуллоҳ Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ғасб кардааст. Масъулони кунунии ин ширкатҳо кадом вақте дар раҳбарии онҳо қарор доштани Қувватов ё Гадоевро рад мекунанд ва ба ин далел муфаттишони парвандаи Қувватов дар Оҷонсии зидди фасод зимни шарҳи иртиботи ӯ бо “Тоҷирон” ё “Фароз” аз ибораи “ҳамкорӣ” кор мебаранд.

Оҷонсии зидди фасод мегӯяд, Умаралӣ Қувватов бар асоси беш аз 7 моддаи Кодекси ҷиноӣ айбдор медонад. Оҷонсии зидди коррупсия меафзояд, дар робита ба ҷиноятҳои иқтисодӣ Умаралӣ Қувватов бо моддаи 247, қисми 4 (қаллобӣ ва ғорати амвол бо маблағи махсусан калон) дар як маврид ба тасарруфи 493 ҳазор доллар ва дар мавриди дигар ба тасарруфи 882 800 доллар айбдор дониста мешавад.

Ҳамчунин ӯ, ба гуфтаи ин манбаъ, бо моддаи 250, қисми 4, банди “б” (тамаъҷуӣ) бо маблағи 35 ҳазор доллар муттаҳам дониста шуда, бо моддаи 262 барои легализатсия (қонунӣ кардан)-и маблағҳои манобеаш норӯшан дар ҳаҷми 965 104 сомонӣ, муодили тақрибан 200 00 доллар бо қурби ҳамон вақт, айбдор мешавад.

Оҷонсии зидди фасод Қувватовро ҳамчунин бар асоси моддаи 340, қисми 2, банди “б” ба тақаллуби ҳуҷҷатҳо ва бо моддаи 289, қисми 1 ба қочоқ (контрабанда) айбдор мекунад. Оҷонсӣ мегӯяд, исми Шарофиддин Гадоев низ ҳамчун шарики Қувватов дар парвандаҳои марбут ба тақаллуби ҳуҷҷатҳо, тамаъҷуӣ ва қаллобӣ зикр мешавад.

Қувватов ва Гадоев борҳо ин иттиҳомоти алайҳи онҳо эълоншударо беасос хонда, рад кардаанд ва мегӯянд, таъқиби онҳо аз сӯи мақомоти Тоҷикистон ба фаъолиятҳои сиёсии онҳо рабт дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG