Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Фароз”: Умаралӣ Қувватов ҳеч вақт бо мо набуд (ВИДЕО)


Умаралӣ Қувватов рӯзи 19 декабри соли гузашта дар Туркия боздошт шуд
Умаралӣ Қувватов рӯзи 19 декабри соли гузашта дар Туркия боздошт шуд

Ширкати “Фароз” бо пахши изҳороте аз тамоми расонаҳо хостааст, Умаралӣ Қувватовро дигар ба ҳайси масъули собиқи ин ширкат муаррифӣ накунанд. Онҳо мегӯянд, Қувватов ҳеч вақт ҳамроҳи онҳо набуд.

Ширкати “Фароз”, ки ба воридоту фурӯши маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон машғул аст, рӯзи 16 январ бо пахши изҳороте дигарбора эълон дошт, Умаралӣ Қувватов -- раҳбари боздоштшудаи "Гуруҳи 24" ҳаргиз ҳамкори онҳо набуду нест. Ҷаҳонгир Алимов, ёвари мудири кулли ширкати “Фароз”, дар шарҳи ин изҳорот гуфт, агарчӣ қаблан бо пахши баёнияе хоста буданд, то Қувватов ба ҳайси масъули собиқи ширкати онҳо муаррифӣ нашавад, аммо ҳанӯз расонаҳо, ба гуфтаи ӯ, "ин иштибоҳро такрор мекунанд".

Вай афзуд, дар Вазорати адлияи Тоҷикистон тамоми асноди марбут ба ширкати “Фароз” маҳфузанд ва дар ин ҳуҷҷатҳо номи Умаралӣ Қувватов аслан зикр наёфтааст. Оқои Алимов илова кард, “маъмурияти ширкати “Фароз” аз рафтани зикри Қувватов ҳамчун масъули собиқи ин ширкат дар саҳифаи расонаҳои хабарӣ нигарон ҳастанд ва аз аҳли матбуот даъват мекунанд, то ба ин иштибоҳ роҳ надиҳанд.” Иддаое, ки худи Умаралӣ Қувватов дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Радиои Озодӣ онро беасос донист ва гуфт, ӯ аз одамони аслии ширкат дар гузашта буд. Вай тахмин зад, шояд баъд аз фирори ӯ аз Тоҷикистон тамоми асноди ширкатро тағйир додаанду номи ӯро "рӯфтаанд", "вагарна далелҳое дорем, ки масъули "Фароз" будани маро исбот мекунад".

Ин изҳороти ширкати “Фароз” дуруст дар рӯзе пахш шуд, ки масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, барои истирдод (экстрадитсия)-и Қувватов аз Истанбул ба Душанбе ба мақомоти Туркия дархости расмӣ фиристодаанд.

Рамазон Раҳимзода
Рамазон Раҳимзода

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, ки дар нишасти хабарии 16 январ суҳбат мекард, гуфт, “дар ин дархост куллия ҷиноятҳои иқтисодии Қувватов сабт шуда”, аммо тасмими истирдод ба дасти мақомоти Туркия аст. Ӯ афзуд, “фаъолияти гуруҳи ташкилкардаи Умаралӣ Қувватов, ҳамчун гуруҳи экстремистӣ дар Тоҷикистон манъ аст. Нисбат ба Умаралӣ Қувватов барои содир кардани ҷиноятҳои иқтисодӣ айб эълон карда шудааст ва барои ҳамин дар кофтукоби ҷиноӣ қарор дорад. Ҷумҳурии Туркия гуфт, ӯ боздошт шудааст ва мо мо ҳамаи ҳуҷҷатҳои марбут ба вайро фиристодем.”

Вазири умури дохилии Тоҷикистон илова кард, то кунун 8 узви ин созмони мамнӯъ дар Русия низ боздошт шуда, мунтазири интиқолашон ба Ватан ҳастанд. "Дар қаламрави Тоҷикистон низ се тан аз пайравони ин гуруҳ боздошт шудаанд",-таъкид дошт ӯ.

“Гуруҳи 24” як созмони сабтиномнашудаи сиёсист, ки ҳанӯз чор соли пеш дар пайи фирори Умаралӣ Қувватов аз Тоҷикистон дар Маскав ташкил ёфт. Ҳарчанд теъдоди дақиқи аъзо ва пайравони ин созмон мушаххас нест, вале раҳбаронаш худро мухолифи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон эълон карда, мегӯянд, барномаи сарнагун кардани ҳукуматро пайгирӣ доранд.

Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24”, ҳамроҳ бо чаҳор узви ин созмони сиёсӣ дар нимаи дувуми моҳи декабри соли гузашта дар пайи шикояти фарди номаълуме дар Истанбул боздошт шуданд. Ӯву ҳамроҳонаш то ҳоло дар боздоштгоҳ қарор доранд ва расман барои нақзи қоидаҳои будубош дар Туркия муттаҳам мешаванд. Боздошти Қувватов дар ҳоле сурат гирифта, ки ӯ ба воситаи Кумиссариати олии умури паноҳандагони Созмони Милал аз мақомоти Туркия талаби паноҳандагӣ кардааст ва аммо мақомоти Тоҷикистон ӯро дар ташкили созмони тундгарои манъшуда ва даъватҳои тағйири низоми конститутсионии кишвар айбдор мекунанд.

Худи Умаралӣ Қувватов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 16 январ гуфт, ҳоло вай дар яке аз боздоштгоҳҳои муваққати Туркия дар мавзеи Явадӣ яси дар 100-километрии шаҳри Истанбул нигоҳ дошта мешавад ва дар бораи истирдод шудан ё нашуданаш чизи хосе гуфта наметавонад. Бархе аз вакилони дифоъ, ки дар Туркия кору зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, истирдод шудан ва ё нашудани ин ва ё он нафар аз Туркия ба муносибатҳои кишвар бо давлате вобаста аст, ки дархостро фиристодааст.

Абла Сейт Иброгимов, роҳбари ширкати адвокатии “Евразия” дар Туркия, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: “Масалан, Туркия ба Сурия ҳеч касро намедиҳад. Чунки Туркия бо ин кишвар муносибати бад дорад. Аммо, албатта, ба маводи парвандаи шахс, ки дар зодгоҳаш кушода шудааст, низ нигоҳ мекунад. Аммо маъмулан Туркия мухолифони кишварҳои пасошӯравиро истирдод намекунад. Масалан, Туркия дасрхости Узбакистонро ҷиҳати истирдоди чанд шаҳрвандаш рад карда буд.”

Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

​Умаралӣ Қувватов, ки дар гузашта яке аз шарикони тиҷоратии атрофиёни раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд, баъди сар задани ихтилоф дар муомилаҳои тиҷоратӣ бо шариконаш, Тоҷикистонро тарк кард ва созмонеро бо номи "Гурӯҳи 24" таъсис дод. Ӯ бо танқиди зиёд дар расонаҳои хабарӣ ва бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумати Тоҷикистонро асабонӣ кард ва бо дархости ҳукумат дар Дубай боздошт шуд, вале баъдан ӯро раҳо карданд.

​Даъвати ӯ ба тазоҳурот дар Душанбе дар рӯзи 10-уми октябри соли 2014, мақомотро водор кард, чораҳои амниятиро дар атрофи пойтахт бо сафарбар кардани мошинҳои зиреҳпӯш тақвият бахшанд. Баъдан мақомоти Тоҷикистон навори муколамаи ӯ бо Шарофиддин Гадоев, як узви дигари "Гурӯҳи 24"-ро нашр карданд, ки ҳарду дар бораи ҳамлаи мусаллаҳона ба шаҳри Хуҷанд маркази вилояти Суғд сӯҳбат мекарданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябри соли гузашта “Гурӯҳи 24”-ро созмони экстремистӣ эълон ва фаъолияти ин созмонро дар кишвар мамнӯъ кард.

XS
SM
MD
LG