Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмакхоҳии ҳамсари Қувватов аз Раҷаб Таййиб Эрдуғон


Қумриниссо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов аз президенти Туркия хоҳиш кардааст, ки дар раҳоии шавҳараш аз боздоштгоҳи Истанбул мусоидат кунад.

Қумриниссо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов ва модари панҷ фарзанд, тайи номае ба раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон, аз ӯ хоҳиш кардааст, ки дар амри раҳоии шавҳараш ва ҳамроҳони ӯ мусоидат кунад, зеро агар онҳо ба Тоҷикистон истирдод шаванд, дучори азияти сангину марг хоҳанд шуд.

Дар номаи Қумриниссо Ҳафизова, ки рӯзи 26 декабр дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук низ нашр шуд, аз ҷумла омадааст, ки “айни ҳол мо дар шаҳри Истанбули кишвари Туркия иқомат дорем ва субҳи 19-уми декабри соли ҷорӣ кормандони мақомоти амнияти Туркия ба хонаи истиқоматии мо ворид гашта, шавҳари ман - Умаралӣ Қувватов ва 3 тарафдори ӯ - Ҳусейн Ашӯров, Сӯҳроб Тoраев ва Абдурашид Ҳомидовро бо худ бурданд. Инак як ҳафта шуд, ки ин чор нафар дар боздоштгоҳи кумитаи амнияти шаҳри Истанбул қарор доранд.”

Дар номаи мазкур омадааст, ки “ҳукумати Тоҷикистон бошад, бо ҳар роҳу ҳар қиммате истирдоди инҳоро хостор аст”.

Ҳамсари Умаралӣ Қувватов аз президенти Туркия хоҳиш кардааст, ки ҳаргиз шавҳару ҳамроҳонашро ба Тоҷикистон истирдод накунад, "зеро онҳоро дар Тоҷикистон шиканҷаҳои шадид ва марг мунтазир аст”.

Умаралӣ Қувватов: Ҳанӯз қароре дар мавриди мо содир нашудааст

Соҳибкори мухолифи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 25 декабр дар як сӯҳбати телефонӣ аз Истамбул гуфт, мақомоти умури дохилӣ маҳалли нигаҳдошти ӯ ва се ҳамроҳи дигарашро тағйир доданд. Умаралӣ Қувватов, соҳибкори мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ва раҳбари “Гурӯҳи 24” ба радиои Озодӣ гуфт, ахиран ӯ ва се ҳамроҳи дигари боздоштшудааш аз боздоштгоҳи муваққати органҳои умури дохилӣ ба шароити нармтаре интиқол дода шуданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳамроҳонаш – “Ҳусейн Ашӯров, Абдурашид Ҳамидов ва Сӯҳроб Тӯраев – ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон - аъзои “Гурӯҳи 24”ва ҳам муҳофизонаш” мебошанд. Вай дар сӯҳбат гуфт, маҳалли нигаҳдошти имрӯзаи ӯ аз ҷои қаблӣ беҳтар буда, дастрасӣ ба як вакили дифои давлатӣ, матбуот ва телефони ҳамроҳ дорад ва таъкид мекунад, ки ҳуқуқаш риоя мешавад. Дар бораи иттиҳоме, ки бо он боздошт шудааст, Умаралӣ Қувватов чунин гуфт:

-- Гуноҳи мо ин аст, ки дар давоми 10 моҳи зиндагӣ дар Истамбул суроғаи дақиқи зиндагии худро ба органҳои умури дохила хабар надодем. Вале мо дар дафтари СММ ба унвони паноҳанда сабти ном шудаем. Дар ин муддат аз тарси дастгир ва ё рабуда шудан ба Тоҷикистон мо се бор ҷои зиндагиамонро дар Истамбул дигар кардем. Ҳароси мо ин буд, ки мабодо агар мо дар ин ҷо расман сабт шавем, ин иттилоъ ба ҷосусҳои ҳукумати Тоҷикистон мерасад ва онҳо ҷои зиндагии моро ошкор мекунанд. Азбаски мо дар даст санаде аз СММ доштем, мо ҳамаи инро ҳоло ба полиси Туркия ҳам фаҳмондем, - гуфт Қувватов.

Ба иттилои ҳамсари Қувватов – Қумринисо Ҳафизова, ҳамаи аъзои оилаи онҳо шаҳрванди Тоҷикистон буда, СММ ба онҳо “гувоҳномаи муддаии паноҳандаи сиёсӣ”-ро додааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз онҳо аз чунин мақом бархӯрдор нестанд ва аризаҳои зиёди ӯ ба ҳукуматҳои аврупоӣ дар бораи додани ҳақи паноҳандагӣ ҳамчунин натиҷа надодааст. Дар ҳамин ҳол, худи Қувватов бовар дорад, ки базудӣ ӯву ҳамроҳонаш озод мешаванд. Вай гуфт, вакили дифояш ӯро мутақоид кардааст, ки мавқеи сиёсии ӯ ва санадҳояш бояд барои озод шудани ӯ мусоидат кунад.

Ба саволи Озодӣ дар бораи он ки чаро Туркияро чун маҳалли зисти худ интихоб кардааст, ҷаноби Қувватов гуфт, ин кишвар барои идомаи фаъолиятҳои сиёсии ӯ мусоид буда, як давлати амн ба ҳисоб меравад. Инчунин, ба қавли ӯ, Туркия барои рафту омади бидуни визаи тарафдоронаш аз созмонҳои “Гурӯҳи 24”, “Ватандор” ва “Озодиву адолат” мусоид мебошад. Қувватов меафзояд, ӯ дар пайи як занги телефонии шахси номаълум боздошт шудааст, ки гӯё ба мақомоти Туркия гуфтааст, ки аз рӯи фалон суроға фарди бидуни қайд зиндагӣ мекунад. Боздошти Қувватов дар ҳоле сурат мегирад, ки ӯ ба воситаи Кумиссариати олии умури паноҳандагони СММ аз мақомоти Туркия талаби паноҳандагӣ кардааст ва аммо мақомоти Тоҷикистон ӯро дар ташкили созмони тундгарои манъшуда ва даъватҳои тағйири иҷбории низоми конститутсионии кишвар айбдор мекунанд.

Умаралӣ Қувватов 23 декабри соли 2012 дар Дубай бо дастури Интерпол дастгир шуда буд. Мақомоти Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ба дунбол изҳор доштанд, ки алайҳи ӯ бо иттиҳоми сирқати 6 миллион сомонӣ, ё беш аз 1,2 миллион доллар аз ширкати “Фароз” парванда кушодаанд ва таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додаанд. Пас аз раҳоӣ аз маҳбаси Дубай муддате дар куҷо будани Қувватов номаълум боқӣ монд, аммо ӯ ва тарафдоронаш бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ба танқиди мақомоти Тоҷикистон ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон идома медоданд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз хабари боздошти Умаралӣ Қувватов дар Туркия бехабарӣ кард.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи вазорати корҳоии дохилии Тоҷикистон дар тамос ба Радиои Озодӣ гуфт, вазорат дар бораи боздошти Умаралӣ Қувватов ҳеҷ гуна хабари расмӣ аз Туркия нагирифтааст. Умаралӣ Қувватов, ки дар гузашта яке аз шарикони тиҷоратии атрофиёни раиси ҷумҳури Тоҷикистон буд, баъди сар задани ихтилоф дар муомилаҳои тиҷоратӣ бо шариконаш, Тоҷикистонро тарк кард ва созмонеро бо номи "Гурӯҳи 24" таъсис дод. Ӯ бо танқиди зиёд дар расонаҳои хабарӣ ва бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукумати Тоҷикистонро асабонӣ кард ва бо дархости ҳукумат дар Дубай боздошт шуд, вале баъдан ӯро раҳо карданд.

Даъвати ӯ ба тазоҳурот дар Душанбе дар рӯзи 10-уми октябри соли равон, мақомотро водор кард, ки чораҳои амниятиро дар атрофи пойтахт бо сафарбар кардани мошинҳои зиреҳпӯш тақвият бахшанд. Баъдан ӯ мақомоти Тоҷикистон навори муколамаи ӯ бо Шарофиддин Гадоев, як узви дигари "Гурӯҳи 24"-ро нашр карданд, ки ҳарду дар бораи ҳамлаи мусаллаҳона ба шаҳри Хуҷанд маркази вилояти Суғд сӯҳбат мекарданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябр “Гурӯҳи 24”-ро созмони экстремистӣ эълон кард ва фаъолияти ин созмонро дар кишвар мамнӯъ кард.

Муносибат ба Умаралӣ Қувватов ва "Гурӯҳи 24" дар Тоҷикистон ва миёни муҳоҷирон гуногун аст. Қисме аз ҷасорат ва шиорҳои ӯ ҳимоят мекунад, вале қисме мегӯяд, Қувватов дар гузашта, ҳангоме ки коршарики хонаводаи раисиҷумҳури Тоҷикистон буд, чунин ақидаҳои мардумсолорӣ надошт. Дар ҳоле ки бархе аз шаҳрвандон боздошти ӯро дуруст мешуморанд, қисми дигар, аз ҷумла чанд ҷавони муҳоҷир дар назди сафорати Тоҷикистон дар Русия озодии ӯ ва ҳамроҳонашро талаб кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG