Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаҳои ҳизбҳо - аз таъсиси пулиси ахлоқ то 110 сомонӣ барои ҳар кӯдак


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Ҳизби демократ дар барномааш давлатӣ кардани бизнесҳое, чун алоқаи мобилу дорувор, ва таъсиси пулиси ахлоқиро ҷо кардааст. Ҳизби сотсиалист барои ҳар кӯдак 110 сомонӣ маош ва ҳизби коммунист эҳёи иқтисоди планиро талаб доранд.

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар доираи барномаи таблиғоти пешазинтихоботӣ ташвиқоти худро аз тариқи телевизиони давлатӣ оғоз карданд.

Нахуст Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон шоми 28 январ тариқи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон суханронӣ кард ва барномаи ҳизбашро шарҳ дод. Шоми 29 уми декабр Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари ҳизби демократи Тоҷикистон барномаи пешазинтихоботии ҳизбашро тариқи ҳамин шабака муаррифӣ мекунад.

Аз 7 ҳизбе, ки Кумиссиюни марказии интихобот ва райъпурсӣ номзадҳояшро барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ сабти ном кардааст, танҳо се ҳизб - ҳизби демократ, ҳизби сотсиалист ва ҳизби коммунисти Тоҷикистон - барномаи пешазинтихоботиашонро пурра омода кардаанд. Муҳтавои барномаҳои ин се ҳизб низ ба ҷуз аз баъзе иловаҳо умдатан он нукотеро дар бар гирифтаанд, ки дар замони интихоботи президентии соли 2013 ҳам муаррифӣ шуданд.

Ҳизби демократ: бизнеси алоқаи мобилӣ, доруворӣ ва бензин давлатӣ шавад!

Барои мисол ҳизби демократи Тоҷикистон боз ҳам мисли ду сол қабл пешниҳод дорад, тиҷоратҳое мисли алоқаи мобилӣ, харидуфурӯши маҳсулоти нафтӣ, газ ва маводҳои ниёзи аввалияи мардум, назири орд, равған ва шакар пурра давлатӣ карда шавад.

Саидҷаъфар Исмонов

Саидҷаъфар Исмонов

Саидҷаъфар Исмонов, раиси ҳизби демократии Тоҷикистон мегӯяд: “Мо дар барномаи пеш аз интихоботиамон пешниҳод кардем, ки бизнеси маводи сӯхт, доруворӣ, маводҳои хӯрокаи ниёзи аввали мардум пурра монополияи давлат эълон карда шавад. Чунки ин арсаҳо аз пурдаромадтарин бизнесҳост, вале тоҷирон чӣ хеле ки хоҳанд, ҳамон хел нарх мемонанд. Бизнеси алоқаи мобилӣ низ хеле осон аст ва даромади зиёд меорад. Ин бизнес ҳам бояд пурра давлатӣ карда шавад, то буҷаи давлат аз ин ҳисоб пур шавад.”

Раиси ҳизби демократ мегӯяд, агар ин тиҷоратҳои сердаромад давлатӣ шаванд, буҷаи давлат аз ин ҳисоб ғанӣ мегардад ва ҳукумат имкон пайдо мекунад, мизони андозро барои соҳибкорони хурду миёна коҳиш бидиҳад.

Исмонов мегӯяд, дар барномаи пешазинтихоботиаш ҳизби демократ ҳамчунин таъсиси ниҳоди вижаи пулиси ахлоқро низ пешниҳод кардааст. Ба таъкиди вай, ин ниҳод метавонад мушкилоти маънавии ҷомеа, аз қабили пошхӯрии оилаҳо, бероҳагардиии ҷавонон ва гароиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро ҳал кунад.

Ҳизби сотсиалист: ба ҳар як кӯдак - 110 сомонӣ!

Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон дар барномаи пеш аз интихоботиаш як зумра сабукиҳои иҷтимоиро, аз қабили ҳар сол баланд бардоштани маоши кормандони буҷавӣ вобаста ба нархи бозор, додани хонаҳои ройгон ба мутахассисони ҷавонро пешбинӣ кардааст. Бар замми ин ҳама сабукиҳо ба калонсолону ҷавонон инчунин навзодон низ аз мадди назари ҳизби сотсиалист дур намондаанд.

Абдуҳалим Ғаффоров

Абдуҳалим Ғаффоров

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон мегӯяд, онҳо дар барномаи хеш пешниҳод карданд, ки ба ҳар як кӯдаки навзод то расиданаш ба синни балоғат бояд ҳукумат пул диҳад: “Мо пешниҳод кардем, ки ҳукумат барои ҳар кӯдаки навзод дар бонк суратҳисоби махсус кушояд ва то синни 18-солагӣ ҳар моҳ ба он 110 сомонӣ гузаронад. Ин пули чандон зиёд нест, вале мо ҳисоб кардем, ки то 18-солагӣ ин пул хеле мешавад ва ҷавон онро метавонад барои рушди худаш истифода кунад.”

Дар сурати иҷро шудани ин пешниҳодҳои ҳизби сотсиалист кишвар , ба бовари оқои Ғаффоров, ба “биҳишти сотсиалистӣ” мубаддал мешавад, аммо дар барномаи ин ҳизб нуктаи аз ҳама муҳим гуфта намешавад, ки оё давлати дасткӯтоҳи Тоҷикистон ин ҳама нозу неъматҳоро аз кадом ҳисоб бояд муҳайё кунад?

Ҳизби комунист: “Ҷиҳод аз бекорист!”

Барномаи ҳизби коммунист, ки ба гуфтаи муаллифонаш, аз “8 қадами устувор” иборат аст, боз ҳам баргаштан ба меҳнати коллективӣ ва барқарор кардани моликияти давлатиро пешбинӣ мекунад. Коммунистҳои тоҷик бар инанд, ки дар оғози солҳои 90 хусусисозии корхонаҳои Тоҷикистон ноодилона сурат гирифт ва давлат он корхонаҳое, ки ҳоло кор намекунанд, бояд аз моликонашон бозпас бигирад.

Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков, муовини раиси ҳизби комунисти Тоҷикистон ва аз муаллифони барномаи пеш аз интихоботии ин ҳизб мегӯяд, таҷрибаи Чин ва Ветнам собит сохт, ки усули иқтисоди нақшавӣ (планӣ) дуруст аст ва Тоҷикистон танҳо бо ҳамин роҳ метавонад тараққӣ кунад. Вай мегӯяд: “Ҳоло бубинед, ки ҷавонони моро ба ҷангҳои Сурия ва дигар кишварҳои арабӣ ҷалб карда истодаанд. Чаро? Посухи ин суолро Суворов ҳанӯз 200 сол пеш гуфта буд: як дақиқа бекор мондани сарбоз ҷиноят аст! Ҳамин асоси ба Сурия рафтани ҷавонони мо низ ҳамин бекорист!”.

Бекориро, ба таъкиди ҳизби комунист, дар Тоҷикистон танҳо бо эҳёи соҳаи кишоварзӣ ва бозпас гардондани мардон ба кори саҳро мешавад коҳиш дод.

4 ҳизби дигар – халқии демократӣ, наҳзати исломӣ, аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ – низ дар садади муаррифии барномаҳои худанд ва ҳизби ҳаштум – сотсиал-демократ – низ бояд ба дунболи сбати номзадҳояш дар Кумиссиюни марказии интихобот ба ин хайл бипайвандад.

“Интихоботтарошон”?

Бояд гуфт, ҳизбҳои Тоҷикистон дар барномаҳояшон пешниҳодҳоеро ҳам доранд, ки муғойири идеологияи ҳизбиашон аст ва интихобкунандаи оддӣ аз онҳо мунтазири чунин мавқеъгирӣ нест.

Барои мисол, пешниҳоди давлатӣ кардани бизнесҳои муҳимро коршиносон аз ҳизби комунист мунтазир буданд, то аз ҳизби демократ. Чунки демократҳо маъмулан тарафдори моликияти хусусӣ ва коҳиш додани саҳми давлат дар идораи иқтисоданд.

Саймиддин Дӯстов, роҳбари маркази таҳлилии “Индем” дар шарҳи ин тазоди идеологии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯяд: “Роҳбарони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон мисли актиёрҳои бадеанд, ки дар намоишномае бо номи “Интихоботтарошон” ширкат мекунанд. Аз ин рӯ, барои эшон чандон муҳим нест, чӣ мегуянд ва барномаи пешазинтихоботиашон чӣ дорад? Дар Тоҷикистон танҳо ду ҳизб – наҳзати исломӣ ва халқии демократӣ - имконияти таҳияи барномаи мукаммалро доранд. Аммо чун тақдири интихобот аз пеш маълум аст, онҳо низ барои таҳияи барномаи ҷиддан талош намекунанд.”

Таҳаввулоти ҷаҳон, ҳодисаҳои Украина, чолишҳои амниятие ба мисли бурузи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳеҷ ислоҳеро дар барномаҳои қаблии ин аҳзоб ворид накардааст. Дар робита ба сиёсати хориҷӣ онҳо якдилона дар барномаҳои худ ин нуктаро ворид кардаанд, ки аз сиёсати дарҳои бози президент Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ мекунанд.

Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба аҳзоби сиёсӣ 40 дақиқа ва ба номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ 20 дақиқа додааст, ки аз тариқи шабакаҳои давлатӣ барномаҳои худро муаррифӣ кунанд. Ҳоло раванди пешбарии номзадҳо поён ёфта ва ҳоло маъракаи таблиғотӣ оғоз шудааст. Худи интихоботи порлумони Тоҷикистон ба рӯзи 1 март муқаррар шудааст.

То кунун ҳеҷ кадоме аз интихоботҳои Тоҷикистон аз сӯи нозирони байналмилалӣ ҷавобгӯи меъёрҳои ҳадди ақали як интихоботи озоду демократӣ эътироф нашудаанд. Бо вуҷуди даъвати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини шаффофият дар интихоботи имослаи порлумонӣ касе ба доир шудани чунин маъракаи озод дар ин кишвари пасошӯравӣ бовар надорад. Ширкати аҳзоби дигар дар муқобили ҳизби ҳокими халқии демократӣ, ба бовари нозирони умур, асосан ба хотири ақалан дар зоҳир демократӣ ҷилва додани интихоботҳои Тоҷикистон аст ва ҳамин тавр, бовар меравад, инро ки баъди ба худ ихтисос додани аксарияти курсиҳои порлумонӣ оё ба кадоме аз ҳизбҳои дигар чанд курсӣ “лутф” хоҳад шуд, боз ҳам мақомот муайян мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG