Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ аз додгоҳӣ кардани баҳсаш бо муфтӣ худдорӣ кард


Саидмукаррам Абдулқодирзода
Саидмукаррам Абдулқодирзода

ҲНИТ мегӯяд, аз додгоҳӣ кардани даъвояш бо раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода худдорӣ мекунад, вале аз ӯ мехоҳад, то "бадгӯӣ ва ҳарфҳои бедалел"-ро нисбат ба ин ҳизб бас кунад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) рӯзи 26 январ бо нашри матни ниҳоии изҳороташ зоҳиран аз тасмими ба додгоҳ кашондани даъвояш бо раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ (муфтиёти собиқ)-и Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ва устоди донишкадаи исломӣ Раҳим Каримов (Мулло Абдураҳим) худдорӣ варзида, танҳо бо шикоят ба Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) иктифо мекунад.

Дар матни изҳорот тасдиқ мешавад, ки дар ҷаласаи рӯзҳои 24-25 январи Шӯрои сиёсии ҲНИТ "масъалаи зиёдшавии фишору маҳдудиятҳо болои ҳизб дар рӯзҳои охир" низ баррасӣ шудааст, вале дар ниҳоят ба қароре омадаанд, ки дар мавриди "суханҳои беасос ва бедалели раиси Маркази исломии Тоҷикистон муҳтарам Сайидмукаррам Абдулқодирзода" бо шикоят ба Кумиссиюни интихобот иктифо кунанд.

Дар изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз ҷумла гуфта мешавад: "Дар Шӯрои сиёсии ҲНИТ пешниҳод шуд, ки аз болои ниҳодҳо ва афроди туҳматкунанда ва қонуншикан ба мақомоти судии кишвар ва КМИР аризаи шикоятӣ пешниҳод шавад. Пас аз баррасии ин пешниҳод, Шӯрои сиёсӣ ба хулоса омад, ки чунин шикоят ба КМИР равона гардад, вале аз бурдани қазия ба додгоҳ худдорӣ шавад. Зеро, фарҳанги исломӣ, рӯҳияи ухувват ва одоби насиҳати исломӣ тақозо менамояд, ки камбудии мусалмонон пеш аз ҳама бо роҳи насиҳат ва тазаккур ислоҳ гардад, на даъво ё муноқиша. Танҳо дар сурати ислоҳ нагаштан, метавон ба додгоҳ муроҷиат намуд. Дар баробари он, аз ҷаноби Сайидмукаррам Абдулқодирзода хоҳиш шавад, ки минбаъд аз эҷоди сӯитафоҳум, бадгӯӣ ва ҳарфҳои бедалел нисбати ҳизбу созмонҳои қонунӣ ва мусалмонон худдорӣ намуда, ҷойгоҳ ва шаъну шарафи пешвои мазҳабии кишварро хатчадор насозад."

Ин дар ҳолест, ки намояндагони ҲНИТ шоми 25 январ бо анҷоми ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ аз тасмими он барои ба додгоҳ кашондани Саидмукаррам Абдулқодирзода ва Мулло Абдураҳим хабар дода буданд.

Зурафо Раҳмонӣ, узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ рӯзи 25−уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Дар ин Шӯро тасмим гирифта шуд, ки ба якчанд мақолаҳо, ки дар ҳафтаномаву маҷаллаҳои мустақил алайҳи ҳизб дар ин авохир ба нашр расидаанд, посух гуфт шавад. Тасмимамон ин шуд, ки раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода ва Мулло Абдураҳим Каримовро барои бадномкунии ҲНИТ тариқи телевизион ба додгоҳ бикашем. Чунки бадномкунии як ҳизби сиёсӣ, ки дар интихобот ширкат мекунад, тибқи қонуни интихобот мумкин нест.”

3 рӯз қабл аз он, шоми панҷшанбе дар як барномаи Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва Абдураҳим Каримов, устоди Донишкадаи исломӣ дар мавриди фаъолияти ҳизби динӣ дар кишвар изҳори назар карда гуфтанд, сифати “исломӣ” аз номи ҷизби наҳзати исломии Тоҷикистон бояд бардошта шавад.

Чунки ба ба таъкиди эшон, аксари кулли мардуми Тоҷикистон мусулмонанд ва ҳизби наҳзат аз калимаи “Ислом” сӯистифода мекунад. Гуфтанист, Раҳим Каримов аз фармондеҳони собиқи мухолифин аст, ки дар пайи имзои созишномаи сулҳ як муддат бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин аз номи ҲНИТ раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон шуда буд.

Ҳафтае қабл низ Абдулқодирзода зимни як сафараш ба минтақаи Кӯлоб аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки намояндагони ҲНИТ дар маросимҳои мазҳабӣ дар ин минтақа мардумро ҳушдор додаанд, ки хат задани номи ҳизби исломӣ аз варақаи овоздиҳӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ маънои хат задани Исломро дорад. Раиси Шӯрои уламо гуфт, ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад, ки як ҳизби сиёсӣ бо такя ба боварҳои динии сокинон, “тарғиботи ғаразноки сиёсӣ”-и худро ба роҳ монад. Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, ташвиқоте ки ҳоло намояндагони ҲНИТ дар Кӯлоб ба роҳ мондаанд, тарғиботи аввали солҳои 90-умро ба ёд меорад, ки ҷанги шаҳрвандиро ба думбол дошт.

Нигаронии раиси Шӯрои уламо аз шеваи таблиғи бархе аҳзоб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Тартиби ташвиқоти пеш аз интихоботиро Қонуни қонститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ” танзим мекунад. Дар модаи 39 –уми ин қонун аз ҷумла омадааст: “Дар ташвиқоти пешазинтихоботӣ аъзои комиссияҳои интихобот, ташкилотҳои динӣ, судяҳо, ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ иштирок карда наметавонанд.”

Дар ҳамин ҳол, масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ), ки ниҳоди масъули иҷрои қонуни мазкур аст, мегӯянд онҳо то ба ҳол вайрон шудани қоидаҳои қонуни интихобти вакилони халқро ҳангоми бурдани таблиғоти пеш аз интихоботӣ мушоҳида накардаанд.

Абдуманнон Додоев, роҳбари дастгоҳи КМИРТ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: “Мо 27 номзад аз ҲНИТ−ро рӯзи 22 январ расман ба қайд гирифтем. Худи раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ ширкат дошт, мо фаҳмондем, ки шумо ҳақ доред тариқи телевизион 40 дақиқа баромад карда, барномаи худро муаррифӣ кунед. Ҳеҷ хел маъракаи сиёҳкунии ягон ҳизб вуҷуд надорад. Ба ҳама ҳизбу номзадҳо шароити баробар фароҳам оварда шудааст.”

Шӯҳрат Қудратов
Шӯҳрат Қудратов

Ҷаноби Додоев афзуд, мувофиқи қонуни интихобот номзадҳо аз рӯзи сабти расмии номашон ҳақ доранд таблиғотро худ шурӯъ кунанд. Вай афзуд, то имрӯз ҳамаи ҳизбҳои сиёсии кишвар, ба ҷуз аз ҳизби сотсиал-демократ номзадҳои худро дар назди КМИРТ расман ба қайд гирифтанд. Додоев мегӯяд, ҳизби сотсиал− демократ бо навиштани як нома аз КМИРТ дархост кардааст, ки то маълум шудани қазияи додгоҳии номзадаш Шӯҳрат Қудратов сабти номзадҳояшро мавқуф гузорад. Додоев афзуд, тибқи қонун КМИРТ ба ин ҳизб то рӯзи 8−уми феврал барои сабти номзадҳояш мӯҳлат додааст.

Ин дар ҳолест ки манобеи наздик ба раҳбари сотсиал-демократҳо Раҳматуллоҳ Зоиров мегӯянд, ки ин ҳизб ба нишони эътироз ба 9 сол ҳукми Шӯҳрат Қудратов рӯи бойкоти интихобот ҳам фикр мекунад.

Интихоботи вакилони порлумони Тоҷикистон ба рӯзи 1−уми март таъин шудааст.

XS
SM
MD
LG