Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи як номзади ҳизби Зоиров


Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон

​Мақомоти интизомӣ алайҳи як номзади ҳизби сотсиал-демократ дар интихоботи парлумонии моҳи март парванда боз намуда, ӯро дар тасарруфи амволи ғайр ва сохтакории ҳуҷҷатҳо муттаҳам кардаанд.

Мақомоти интизомии вилояти Хатлон алайҳи Фирдавс Соҳибназаров – номзади ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии 1 март бар асоси чор моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда боз карда, номзадиашро низ бекор намудаанд. Номзадии Соҳибназаров аз феҳристи ягонаи ҲСДТ ва баъдан аз роҳи худпешбарӣ дар ҳавзаи якмандатии рақами 28 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сабт шуда буд.

Ин намояндаи ҳизби сотсиал-демократ рӯзи 26 январ дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ парвандаашро бофта ва монеагузории мақомот барои роҳ наёфтани ӯ ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон донист. Вале як намояндаи дафтари матбуоти додситонии вилояти Хатлон гуфт, ин парванда бар асоси даъвои раҳбарияти идораи марказии “Тоҷпромбонк” дар Душанбе боз шудааст, ки Фирдавс Соҳибназаров қаблан дар ин бонк ба ҳайси эксперт ё коршиноси қарзӣ кор мекардааст.

Фирдавс Соҳибназаров

Фирдавс Соҳибназаров

Фирдавс Соҳибназаров мегӯяд, “вақте 15 январ бо роҳи худпешбарӣ бо ҷамъоварии имзоҳо дар ҳавзаи якмандатии рақами 28 номаздиро сабт кардем, рӯзи 23 январ ба додситонии вилоят даъват намуда, аз боз шудани парванда хабар доданд.” Вай афзуд, ҳоло мақомот ӯро бар асоси моддаҳои 245, қисми “б” (тасарруфи амволи ғайр), 340, қисми 2 (сохтакории ҳуҷҷатҳо), 253 (расондани зарари молӣ) ва 262 (фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ) муттаҳам мешуморанд.

Оқои Соҳибназаров гуфт, ҳамин ки зери ин парванда барои шинос шудан имзо намудааст, муфатиши додситонӣ гуфтааст, аз ҳамин рӯз номзадии вай дар ҳавзаи рақами 28-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ бекор карда шуд.

Аммо дафтари матбуоти додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, сабаби аслии боз кардани парванда алайҳи Соҳибназаров на ба хотири бекор кардани номзадии вай, балки расидагӣ ба шикояти роҳбарияти “Тоҷпромбонк” аст. Ба қавли як манбаъ дар додситонии Хатлон, ҳоло Соҳибназаров ҳамчун собиқ коршиноси қарзии ин бонк, ки қаблан барои хунукназарӣ ҳам айбдор шудааст, барои баргардондани 43 ҳазор долларе, ки соли гузашта дар ин бонк гум шуда буд, бояд ҷавоб диҳад.

Фирдавс Соҳибназаров мегӯяд, дар ҳақиқат ӯ дар “Тоҷпромбонк” ба ҳайси коршиноси қарзӣ кор мекард ва бо гум шудани маблағ дар ин бонк ӯро низ бо моддаи 295 (хунукназарӣ) айбдор карда буданд. Вале мегӯяд ӯ, “пас аз чанд муддат, 18 августи 2014, Шуъбаи тафтишоти ҷиноятҳои махсусан вазнини додситонии Хатлон қарор дар бораи бекор кардани парвандаро ба дастам дод.” Вай илова кард, то замони пешбарии номзадиаш ба ҳавзаи якмандатии ноҳияи Ҷомӣ на додситонӣ ва на додгоҳ ва ҳатто ҳавзаи якмандатӣ дар вақти сабти ҳуҷҷатҳо шикояте надоштаанд.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Раҳматулло Зоиров ҳизби мухолифи ҳукумат дониста мешавад ва бо вувуди талошҳояш то кунун ягон намояндаи он ба парлумон роҳ наёфтааст. Ҳатто ин ҳизб барои баргузории анҷумани пешазинтихоботии худ дар моҳи декабри соли гузашта толор наёфт ва маҷбур шуд, ҷаласаро дар ҳуҷраҳои танги қароргоҳаш баргузор кунад.

Ҳоло феҳристи номзадҳои ҲСДТ аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ бо номи Амният Абдулназаров, муовини раҳбари ҲСДТ, шуруъ мешавад. Дар ин рӯйхат номи Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Улфатхонум Маҳмадшоева, Алим Шерзамонов, Бузургмеҳр Ёров, Шуҳрат Қудратов, Мирҳусайн Назриев, Файзиниссо Воҳидова, Маҳмурод Одинаев ва Раҳматулло Зоийров ҳам ворид шудаанд. Вале ахиран Шӯрои сиёсии ин ҳизб хитоб ба мақомоти давлатӣ гуфт, агар ба қазияи Шӯҳрат Қудратов - муовини боздоштшудаи раҳбари ҲСДТ расидагӣ нашавад, онҳо ин интихоботро бойкот хоҳанд кард.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон якуми марти соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳури Тоҷикистон то кунун дар чанд баромади худ ба шаффофияти интихобот таъкид карда, шароиту имтиёзҳои баробар ба ҳама намояндагони аҳзоби сиёсиро дар ин маърака зарур донистааст. Вале баъзе аз аҳзоби мухолиф, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯянд, ҳанӯз иҷрои дастурҳои президентро дар амал намебинанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG