Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро кордеҳ пинҳонкорӣ мекунад?


Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон.
Бинои Кумитаи андози Тоҷикистон.

Масъулони раёсати андози вилояти Суғд дар як ҳамоиш дар Хуҷанд аз кам нишон додани маоши коргарони баъзе корхонаҳо ба хотири пардохти ками андоз, изҳори нигаронӣ намуданд.

Обиди Муҳаммадсаид, муовини сардори раёсати андози вилояти Суғд гуфт, дар Тоҷикистон маоши ҳадди ақал аз 1 июли соли ҷорӣ дар баробари маошу нафақа боло бурда шуд ва аз 250 сомонии қаблӣ ба 400 сомонӣ расид, вале ҳанӯз ҳам бархе корхонаҳо маоши коргарони худро дар ҳисобот ба хотири кам пардохтани андоз аз воқеият камтар нишон медиҳанд.

"Пинҳонкорӣ" чӣ гуна сурат мегирад?

Ба гуфтаи ӯ, ин амал аз ҷониби раҳбарони корхонаҳо бо роҳи таъин кардани хешу табори худ ба бахшҳои молия ва ҳисобдорӣ, сурат мегирад. Ҳол он, ки ба қавли вай, қонун инро манъ мекунад. “Яъне, хешу табори наздики худро ба корҳое, ки ба якдигар вобастагӣ доранд, махсусан корҳое, ки ба доду гирифти молӣ рабт доранд, набояд таъин кунанд”, - гуфт вай.

Ба гуфтаи Обиди Муҳаммадсаид, қонун риояи адами истихдом ва ё бо кор таъмин кардани хешовандони наздик дар корхонаҳои давлатиро ҳатмӣ медонад ва ҳамзамон ба корхонаҳои хусусӣ ҳам пешниҳод мекунад, ки “ба хотири пешрафти корхона”, ин талабро риоя кунанд.

Муовини сардори раёсати андози Суғд афзуд, санҷишҳои ин ниҳод ҳолатҳои таъин шудани хешу табор ба вазифаҳои калидии корхонаҳои давлатӣ ва аз маоши ҳадди ақал кам нишон додани маоши коргаронро зиёд ошкор кардааст. Ӯ таъкид кард, ки “мувофиқи талаботи қонунгузорӣ, ба навбати аввал мо камбудиҳоро мефаҳмонем, занг мезанем ва огоҳ мекунем, дар сурати ислоҳ нашудани вазъ, чораҷӯӣ мекунем".

Ба гуфтаи ҷаноби Муҳаммадсаид, раёсати андоз чунин ҳамоиши омӯзиширо дар ояндаи наздик дар шаҳру ноҳияҳои дигари Суғд низ доир хоҳад кард.

Чӣ кордеҳро ба пинҳонкорӣ "водор мекунад?"

Ҳамоиши мақомоти раёсати андоз дар Хуҷанд ахиран бо иштироки соҳибкорон ва раҳбарони бархе корхонаҳо доир гашт. Раҳбарони корхонаҳо ва соҳибкорони иштирокдори ин ҳамоиш ба навбати худ гуфтанд, ки мизони баланди андоз онҳоро "водор мекунад", ки дар ҳисоботи расмӣ нишондоди маоши коргаронро аз сатҳи маоши ҳадди аққал пасттар нишон диҳанд. Онҳо мегӯянд, мизони баланди андоз барои корхонаҳо миёншикан шудааст.

Низомиддин Содиқов, раҳбари як ширкати хонасозии хусусӣ дар Хуҷанд аст, ки ҳудуди 30 коргар дорад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳудуди 60 дарсади даромади корхонааш барои моҳонаву андоз масраф мешавад ва пеш бурдани кор барояшон торафт душвор мегардад. Вай гуфт, мизони баланди андоз барои ӯву корхонааш миёншикан шудааст.

“Масъулони андозбандӣ ҳозир корхонаамро 90 ҳазор қарздор бароварданд. Ҳарчанд, ки солҳои қаблӣ маоши коргарон ва 38 дарсад андозҳои онро месупоридем. Камбудӣ мекобанд, мегӯянд, ки аз даромади солонаатон 10-12 дарсадашро барои маоши коргарон медодед, вале гӯё мо пули кам ҷудо кардаем”,- афзуд вай.

Тоҷикистон ба феҳристи кишварҳое шомил шудааст, ки сатҳи андозбандӣ ё молиёт хеле болост. Бар асоси арзёбии “Total tax rate” мизони андозҳо дар Тоҷикистон 81,8 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин рақам на фақат дар Осиёи Марказӣ, балки дар миёни давлатҳои пасошӯравӣ баландтарин ҳисоб меёбад.

Ин созмони байналмилалӣ мегӯяд, теъдоди андозҳо ва ҳаҷми онҳо дар Тоҷикистон зиёданд. Барои мисол, андози иҷтимоӣ 25 дарсад, андоз аз арзиши изофӣ 18 дарсад ва даромад 14 дарсадро ташкил медиҳад.

Роҳи ҳал чист?

Файзулло Файзиев, раҳбари пешини як мактаби хусусӣ дар Хуҷанд ва яке аз ширкатдорони ҳамоиш мегӯяд, ба хотири ислоҳи вазъ бояд дар кишвар сатҳи андозбандӣ поин бурда шавад. Вай гуфт: “Чӣ қадар андоз кам карда шавад, соҳибкорӣ бештар ривоҷ меёбад ва ба хазинаи давлат маблағ зиёд ворид мешавад ва “ҳисобдории дугона”-и корхонаҳо аз байн меравад".

Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир сабаби асосии аз маоши ҳадди аққал камтар, яъне дар ҳудуди 250-300 сомонӣ нишон додани маош ин аст, ки соҳибони корхонаҳо намехоҳад қисми зиёди даромади худро фақат барои андоз масраф кунанд”.

Мутахассисони соҳа мегӯянд, ҳудуди 80 дарсади қисми даромади будҷаи Тоҷикистон аз андоз ва боҷи гумрукӣ фароҳам меояд. Бино ба омори расмӣ, дар 9 моҳи аввали соли равон қисми даромади будҷа иҷро нашуд.

Хуҷанд будҷаро иҷро кард, Душанбе не

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 27 октябр дар Қасри Миллат баргузор шуд, аз иҷро нашудани қисми даромади будҷа ва афзоиши бақияпулиҳо нигаронӣ намудааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли 2016 нақшаи қисми даромади будҷа 97 дарсадро ташкил дода ва ба будҷа 390 миллион сомонӣ кам ворид шудааст.

Нақшаи андоз дар вилояти Суғд дар 9 моҳи аввали соли равон ба сурати умум барзиёд иҷро шуда, наздики 29 миллион сомонӣ бештар ба будҷа ворид шудаааст. Вале ба гуфтаи мутахассисон, ҷамъоварии андоз торафт мушкилтар мешавад.

XS
SM
MD
LG