Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ба феҳристи кишварҳое шомил шудааст, ки сатҳи андозбандӣ ё молиёт хеле болост. Бар асоси арзёбии “Total tax rate” мизони андозҳо дар Тоҷикистон 81,8 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин рақам на фақат дар Осиёи Марказӣ, балки дар миёни давлатҳои пасошӯравӣ баландтарин ҳисоб меёбад.

Аз замони кишти пахта пардохти андозҳо шурӯъ мешавад. Ин дар ҳолест, ки маълум нест, ҳосили хуб ба даст меояд, ё на.

Ин созмони байналмилалӣ мегӯяд, теъдоди андозҳо ва ҳаҷми онҳо дар Тоҷикистон зиёданд. Барои мисол, андози иҷтимоӣ 25 дарсад, андоз аз арзиши изофӣ 18 дарсад ва даромад 13 дарсадро ташкил медиҳад.

Ба қавли иқтисоддонҳои тоҷик, боло будани сатҳи андозбандӣ дар канори зиёд будани фоизи қарзи бонкҳо ба муфлисшавии корхонаҳову ниҳодҳои бахши хусусӣ дар Тоҷикистон сабаб шудааст. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ дар моҳи январи имсол гуфт, ки соли гузашта 22 ҳазор соҳибкор муфлис шуда ва фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Ҳабибулло, раҳбари хоҷагии деҳқонӣ дар яке аз ноҳияҳои пахтакори Тоҷикистон, мегӯяд, дар соли ҷорӣ ба далели андозҳои зиёд ва баланд будани фоизи қарз дар бонкҳо тедоди зиёди хоҷагиҳои деҳқонӣ муфлис шудаанд. "Аз замони кишти пахта пардохти андозҳо шурӯъ мешавад. Ин дар ҳолест, ки маълум нест, ҳосили хуб ба даст меояд, ё на. Вақте ҳосилро ҷамъоварӣ мекунему андозу қарзҳои бонкҳоро месупорем, ба миқдори кофӣ фоида боқӣ намемонад. Баъзеҳо ҳатто қарздор мешаванд", - гуфт ӯ.

Маҳмудҷон Орифов, муовини раиси корхонаи “Спитамен текстайл” дар вилояти Суғд гуфт, андози зиёд ба арзиши маҳсулоти корхона ва рақобатпазирии онҳо таъсир мегузорад. Ба қавли ӯ, дар соли ҷорӣ андози 10-фоизӣ аз фурӯши нахи пахта лағв шуд ва корхонаи "Спитамен текстайл" аз пардохти андози арзиши изофӣ озод шудааст. Дар аввалҳои соли ҷорӣ аз мушкилоти молии ин корхонаи бузурги коркарди пахта хабарҳо расида буд. Ҳоло пас аз лағви ду навъи андоз вазъи молии корхона беҳтар шудааст.

Матлуба Ӯлҷабоева

Матлуба Ӯлҷабоева

Дар ҳамин ҳол, ба эътиқоди Матлуба Ӯлҷабоева, раиси Анҷумани соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон, дар кишвар имкони поин бурдани мизони андозҳо бо таъсири камтар ба даромади буҷет вуҷуд дорад. Яъне, ҳукумат бояд бахши хароҷотро коҳиш диҳад ва он замон имкон дорад, андозҳо камтар шуда, шароит барои соҳибкорон беҳтар ва теъдоди онҳо зиёд шавад. Вай афзуд, "дар натиҷа, соҳибкорон даромадҳои худро пинҳон накарда андозҳоро пурра месупоранд."

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик низ мегӯяд, дар сурати коҳиши навъву миқдори андозҳо фазои соҳибкорӣ беҳтар шуда ва теъдоди андозсупорандаҳо бештар хоҳад шуд. Ҳоло 80 дарсади даромади буҷети Тоҷикистонро андоз ва боҷи гумрукӣ ташкил медиҳанд ва кишвар манбаи дигари даромад надорад. Масалан, дар Қазоқистон дар муқоиса ба Тоҷикистон 66 дарсади даромади буҷет аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти нафтӣ будааст.

“Танҳо фишанге, ки Тоҷикистон дар ин замина дорад, беҳтар кардани фазои пешбурди тиҷорат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ аст, ки вазъи андозбандиро дар ин кишвар беҳтар хоҳад кард. Дар натиҷаи баланд будани сатҳи андоз иқтисоди пинҳонӣ дар Тоҷикистон густариш ёфтааст”, - гуфт Собир Вазиров.

Собир Вазиров

Собир Вазиров

Дар ҳамин ҳол, давлати Тоҷикистон ба хотири бештар кардани озодии соҳибкорон, фароҳам овардани имкониятҳои бештар ва як навъ дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар тадбирҳоеро рӯи даст гирифтааст. Аз ҷумла, лоиҳаи тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон вориди Маҷлиси намояндагон шудааст, ки дар сурати ҷонибдорӣ ёфтанаш аз сӯи вакилон, ҷавобгарии ҷиноиро барои напардохтани андоз ва ё боҷи гумурукӣ дар ҳаҷми хурд аз байн мебарад.

Феълан дар Кодекси ҷиноӣ меъёри ба ҷавобгарӣ кашонидани афрод барои саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ва ё андоз дар ҳаҷми 10 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шудааст. Дар лоиҳаи мазкур пешниҳод шудааст, ки меъёр аз 10 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо (400 ҳазор сомонӣ) то 20 ҳазор (800 ҳазор сомонӣ) боло бурда шавад. Яъне, то замоне ки қарзи андоз ва ё пардохтҳои гумрукии шахс ба 800 ҳазор сомонӣ нарасад, ӯ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида намешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG