Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомот ба хотири камтар кардани зарбаи буҳрони молӣ аз тамоми идораҳои давлатӣ хоста буданд, ки аз харҷҳои ҳангуфт барои харидани мошину таҷҳизот худдорӣ кунанд. Аммо ҳисоботи Оҷонсии давлатии хариди мол нишон медиҳад, ки ин хароҷот аслан кам нашудааст.

Вазорати молияи Тоҷикистон ба хотири коҳиш додани хароҷоти буҷаи кишвар хариди мошинҳои хидматӣ, мебел ва таъмири биноҳоро маҳдуд кардааст. Бори аввал ба ин нукта Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон ва муовинаш Ҷамшед Каримзода дар моҳи январи соли ҷорӣ таъкид карда буданд. ​

Ҷамшед Каримзода гуфта буд, ки бар асоси як дастури ҳукумати Тоҷикистон хариди мошинҳои хизматӣ барои сохторҳои давлатӣ комилан манъ шудааст ва ин тасмим ба барномаи зиддибӯҳронии ҳукумат рабт дорад. Ним сол баъди ин, рӯзи 29 июл, вазири молия дар нишасти

Рӯзи 29-уми июли соли ҷорӣ Раёсати зидди сӯхтори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо харҷи 109 ҳазору 315 сомонӣ худрави тамғаи "Lexus RX 350" харидааст.

хабарии ниҳодаш дар ин робита гуфт, "аз ин ҳисоб 200 миллион сомонӣ маблағи буҷаро сарфа кардем."

Аммо як назар ба номгӯи музояда (ауксион)-ҳои баргузоркардаи Оҷонсии давлатии хариди мол ва хидматрасонӣ нишон медиҳад, ки идораҳои давлатӣ барои хариди мошини хидмативу мебел маблағҳои буҷаро дареғ намедоранд. Барои мисол, дар сайти расмии ин ниҳод омадааст, ки дар таърихи 29-уми июли соли ҷорӣ Раёсати зидди сӯхтори Вазорати корҳои дохилӣ бо харҷи 109 ҳазору 315 сомонӣ автомошинаи тамғаи Lexus RX 350 харидааст. Моҳи апрел як шӯъбаи ҳамин вазорат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд низ ба қимати 85 ҳазор сомонӣ автомашина харидааст, ки тамғааш зикр нашудааст.

Аксҳои бештар аз хариди мошину мебели идораҳои давлатӣ:

Нигоҳи сатҳӣ ба ин ҷадвали музоядаҳо собит мекунад, ки мақомот дар соли 2016 аз ҳисоби буҷа мебел ё ҷиҳози корӣ ҳам харидаанд. Ин ҷо натиҷаҳои чанде аз музоядаҳои баргузоршударо нашр мекунем, ки дар ҳамон сайти Оҷонсии давлатии хариди мол ва хидматрасонӣ оварда шудааст:

* Кумитаи андози Тоҷикистон 20-уми июли соли 2016 бо харҷи 492 ҳазору 625 сомонӣ мебел гирифтааст;

Рустам Гулов

Рустам Гулов

* Мақомоти ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ рӯзи 10-уми майи соли равон бо харҷи беш аз 112 ҳазор сомонӣ ва 31-уми апрел ба қимати 233 ҳазору 344 сомонӣ мебел ва ковролин харидаанд.

Ноҳияҳои Варзоб, Файзобод ва Бобоҷон Ғафуров, Додситонии кулл, Академияи кишоварзӣ низ бо харҷи маблағҳои аз 30 то 80 ҳазор сомонии буҷа барои худ мебел харидорӣ кардаанд. Хароҷоти идораву ниҳодҳои пули буҷахӯр барои таъмири утоқу айвонҳои кориашон низ кам нест.

Рустам Гулов, ҳуқуқдон ва фаъоли иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки ба ҳайси як андозсупоранда розӣ нест, пулҳои буҷа ба ин шева сарф шаванд. Ӯ гуфт, "ба ҳар мансабдор бояд мувофиқи хидматҳояш шароити корӣ фароҳам ва маош дода шавад."

Марат Мамадшоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ин рафтори мақомоти давлатӣ як исрофкории маблағҳои буҷа асту бас. Вай афзуд, "бо вуҷуди изҳороти мақомоти расмӣ, пулҳои буҷа сарфакорона истифода намешавад. Масалан, қарор аст, маъракаҳои марбут ба ҷашни Истиқлол боз ҳам мисли пештара пурхарҷу пурдабдаба гузаранд. Мансабдорон барои харҷҳои худ пули буҷаро дареғ нахоҳанд дошт. Дар ҳоле ки дар бархе аз ноҳияҳо муаллимону духтурон моҳҳо боз маош нагирифтаанд."

Марат Мамадшоев

Марат Мамадшоев

Мамадшоев мегӯяд, сабаб дар ин аст, ки мансабдорони тоҷик вобастагиашонро аз мардум ва ҷомеаи шаҳрвандӣ эҳсос намекунанд ва, ба қавли ӯ, "ҳоло хеле аз мансабдорон ҳатто аз президент ҳам хавф надоранд, чунки ба истилоҳ онҳо ҳамагӣ одамони "як кӯча ҳастанд".

Харҷҳои ҳангуфти мансабдорони тоҷик барои хариди мошин ва мебели гаронбаҳо, таъмирҳои пурдабдабаи утоқу айвонҳои маҳалли корашон дар ҳолест, ки буҷаи Тоҷикистон аз камбуди шадиди маблағ азият мекашад. Бинобар камбуди маблағ барои хариди инсулин барои беморони диабети қанд, ҳатто пул ҷудо нашуд.

Ба эътирофи худи Вазорати молия дар пайи таъсири манфии бӯҳрон даромадҳои будҷа шадидан коҳиш ёфтаанд. Бо вуҷуди он ки дар нимаи сол бо пешниҳоди Ҳукумат нақшаи даромадҳои буҷа 450 миллион сомонӣ камтар карда шуд, даромадҳои будҷа 144 миллион сомонӣ камтар аз нақша иҷро шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG