Пайвандҳои дастрасӣ

Бӯҳрон - ба раҳи худ, имтиёз - ба раҳи худ?


Эътирози сокинони маҳаллӣ ба IRS - яке аз ширкатҳои соҳибимтиёз дар Варзоб

Эътирози сокинони маҳаллӣ ба IRS - яке аз ширкатҳои соҳибимтиёз дар Варзоб

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ имтиёзҳои аз андоз додаашон ба як теъдод аз ширкатҳоро бозбинӣ намекунанд.

Дар шароити амиқрафти бӯҳрони иқтисодиву молӣ дар Тоҷикистон, шикоят аз камбуди ҷои кор дар бозори дохилӣ ва коҳиши даромади муҳоҷирон дар Русия, буҷаи кишвар дар соли 2015 боз ба чанд ширкат ва корхонаҳои истеҳсолӣ имтиёз аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷу хироҷи гумрукӣ фароҳам овард. Ин навбат ширкатҳои воридкунандаи гандум, нақлиёти коммуналию мусофиркашонӣ, дастгоҳҳои фанниву қисмҳои эҳтиётӣ ва корхонаҳои кишоварзӣ (Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Маркази барқу гармидиҳӣ»-и шаҳри Душанбе, «Қолинҳои Суғд», «ТоҷИрон», “Ҷунтай-Хатлон синсилу” ва “Зарин”) аз чунин сабукӣ бархӯрдор шуданд.

Дар миёни ширкатҳои соҳиби имтиёз инчунин корхонаи сохтмонии “Ҳу Чан Ғаюр Индастриал”-и марбут ба Акбар Ғуломов (писари нахуствазири собиқ Асадулло Ғуломов) ва ҳам “Кока-Кола” зикр мешаванд. Ба иттилои вазорати молияи Тоҷикистон, ширкати “Ҳу Чан Ғаюр Индастриал”, танҳо аз ҳисоби истеҳсоли гипсокартон аз пардохти 4 миллион доллар маблағ озод мешавад.

Ширкати “Ҷунтай Хатлон синсилу”, ба иттилои вазорати иқтисоди Тоҷикистон, ба иқтисоди ин кишвар 200 миллион доллар сармоя ва ба маблағи 4,8 миллион доллар дастгоҳ ворид мекунад. Дар ҷавоб ин ширкат аз пардохти 1,1 миллион доллар андоз аз гумрук ва воридоти дастгоҳҳо озод мешавад.

Терминали автобусҳои ширкати Asian Express дар Душанбе

Терминали автобусҳои ширкати Asian Express дар Душанбе

Солҳои гузашта чунин имтиёз аз пардохти андозу боҷу хироҷи гумрукӣ ба ширкатҳои мисли корхонаи алюминии “Талко”, роҳсозии IRS, ширкати ҳавоии «Сомон-Эйр», корхонаи истеҳсоли тиллои “Апрелевка”, ширкати “Аsian-Express” ва дигарҳо фароҳам оварда шуд. Матбуоти маҳаллӣ ин тасмими ҳукуматро ҳамчун пуштибонӣ аз манфиатҳои ширкатҳое интиқод карданд, ки марбут ба афроди бонуфуз ва наздик ба доираҳои болоии ҳукуматанд.

Кумитаи андоз: Имтиёз ба хотири кӯмак дар пешрафти иқтисодии кишвар аст

Муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Рустам Ҷабборов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳар ширкате, ки ба имтиёз даст меёбад, баъди арзёбиҳои масъулини вазорату сохторҳои молии давлатӣ ва баъди баррасии парлумон аз чунин ҳақ бархӯрдор мешавад. Тасмим баъдан ба буҷаи давлатӣ ворид мегардад. Ӯ гуфт, ҳар имтиёзе, ки ба ширкатҳои азим дода мешавад, бо назардошти фоидаи онҳо ба муҳити сармоягузорӣ ва пешбурди иқтисоду тиҷорат дар кишвар дода мешавад: «Мақсад ин аст, ки “соҳибкорон биёянд, кор, сармоягузорӣ ва ҷои кори нав ташкил кунанд”.

Ба гуфтаи ӯ, имтиёзи аввалиндараҷа ба ширкатҳои сохтмонӣ, сармоягузорони калон, назири ширкати чиноии сементбарории Ёвон “Ҳу Чан Ғаюр Индастриал” дода мешавад, ки қарор аст, вобастагии Тоҷикистонро аз сементи воридории Покистон кам кунад.

“Агар сармоягузории калон шавад, новобаста ба он ки ба ҳукумат наздик аст, ё на, ба хотири ин ки ин ширкат бояд ҷойҳои кори зиёд таъсис диҳад, имтиёз дода мешавад. Пештар семент аз Покистон оварда мешуд. Ҳоло ин тасмим мувофиқи мақсад аст, пеш аз ҳама ба он хотир, ки ба манфиати истеҳсолкунандагони дохилӣ нигаронида шудааст”, гуфт Рустам Ҷабборов.

Таҳлилгарон: Дар шароити бӯҳронӣ ҳама бояд имтиёз дошта бошанд

Таҷрибаи ҷорӣ кардани имтиёзҳои молӣ дар кишварҳое роиҷ аст, ки мехоҳанд дар фурсати кӯтоҳ иқтисоди кишварро ҷон бахшанд ва дар ин сурат ҳукуматҳо метавонанд дарро ба рӯи сармоягузорони беруна боз ва соҳибкорони ватаниро аз хароҷоти серхарҷу андозҳо сабук кунанд.

Собир Вазиров

Собир Вазиров

Иқтисодшиноси тоҷик Собир Вазиров мегӯяд, вақте сармоягузоре, ки омода аст ба иқтисоди Тоҷикистон 50-200 миллион доллар ворид кунад, барои фаъолияти худ ва ё ворид кардани таҷҳизот сабукӣ мехоҳад, ин ба он маъност, ки мехоҳад худро аз хатарҳои эҳтимолии тиҷоратӣ ҳифз кунад.

“Сармоягузори калон барои худ шароити алоҳида ва махсус мехоҳад. Ин як чизи табиӣ аст. Вале масъала ин аст, ки мақомот бояд самаранокии ин имтиёзҳоро дуруст ҳисоб карда тавонанд. Масъала ин ҷо дар одилона будани ин имтиёз нест, дар самаранокии он аст,” - гуфт Вазиров.

Як коршиноси дигар мегӯяд, дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ зарур аст, ки на ширкатҳои хосса, балки тамоми ширкатдорони иқтисоди Тоҷикистон аз имтиёзҳо бархӯрдор шаванд. Вай мегӯяд, 5-6 ширкати азиме, ки сабукӣ гирифтаанд, дар муқоиса бо тамоми дигар корхонаҳои фаъол дар иқтисоди кишвар наметавонанд саҳми зиёде барои пешрафти иқтисод дошта бошанд. Ҳукумат метавонад дар шароити бӯҳрон ҳадди аққал ба мӯҳлати 2 сол сабукиҳое дар кори бизнес ҷорӣ кунад, ки ҳам аз ҷиҳати моливу даромад ва ҳам аз лиҳози ахлоқиву дастгирии рӯҳияи мардум натиҷаи хубе дода метавонад.

Шореҳи иқтисодӣ ва ширкатдори баҳсҳои марбут ба тиҷорат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук Алишер Зафарӣ мегӯяд, агар барои ӯ дар шароити имрӯза пешниҳод мекарданд, ки бо сабукиҳои зиёд дар Тоҷикистон тиҷорати худро ба роҳ монад, “сад бор фикр мекард”. Вай мегӯяд, дар мисоли ширкатҳое, ки миллионҳо пулҳои худро аз даст додаанд, медонад, ки ба хотири ношаффоф будани сиёсати андоз, шадид будани меъёрҳои маъмурӣ ва ҳам низоми ҷаримабандӣ, тағйироти пайваста дар шарҳу тафсири қонунҳо дидан мумкин аст, ки “муҳити тиҷорат дар Тоҷикистон хеле бад аст”. Вазъи иқтисодро ба мӯҳлати 5 то 10 соли оянда пешгӯӣ кардан душвор аст. Вай гуфт, ба ҳамин далел ҳам нишондодҳои Тоҷикистон аз рӯи арзёбиҳои Doing Business (гузориши Бонки ҷаҳонӣ дар бораи муҳити соҳибкорӣ дар ҷаҳон) дар мақоми пойин қарор дошта, тамоми солҳои охир тақрибан тағйир наёфтааст. Вай мегӯяд, ҳатто ширкатҳое, ки дар оғоз аз имтиёз бархӯрдор шудаанд, баъдан бо фишорҳои шадиди сохторҳои андозу молиёт рӯбарӯ шуданд ва дарк карданд, ки имтиёз як “дом”-е буд барои ҷалби онҳо ба кишвар.

Додани сабукиҳо аз андоз ба як теъдод аз ширкатҳо дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки сатҳи андоз дар ин кишвари пасошӯравӣ дар маҷмӯъ яке аз баландтаринҳо дар дунё шумурда мешавад. Дар раддабандии ахири Total Tax Rate, ки дар ҳафтаи ҷорӣ нашр шуд, Тоҷикистон аз нигоҳи сатҳи андозбандӣ дар байни 189 кишвари ҷаҳон дар мақоми 172-юм ва дар байни кишварҳои пасошӯравӣ дар мақоми охирин қарор дорад. Бино ба ин манбаъ, сатҳи андоз дар Тоҷикистон 81,8 дарсадро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, сатҳи андоз дар Қатар ва Имороти Араб – барандагони ду ҷои аввали ин «чемпионат»-и андозҳо – мутаносибан ҳамагӣ 11,3 ва 15,9 фоиз будааст. Яъне чанд маротиба камтар аз Тоҷикистон.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG