Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Умар Абдуллоев, ё Муҳаммадӣ Давлатов танҳо маҳбуси тоҷик аст, ки дар боздоштгоҳи Гуантанамо боқӣ мемонад. Ӯ ҳанӯз соли 2002 аз Покистон ба инҷо оварда шудааст.

Вакили дифои ягона зиндонии тоҷик дар боздоштгоҳи Гуантанамо гуфт, ҳанӯз қароре дар бораи раҳоӣ ва ё интиқоли Умар Абдуллоев ба кишвари севум қабул нашудааст. Майкл О‘Ҳара, вакили дифои Умар Абдуллоев, рӯзи 10-уми ноябр дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт, “шахси зери ҳимояти ман ҳанӯз дар Гуантанамо аст ва ҳеҷ гуна парвандаи ҳуқуқӣ нисбати ӯ вуҷуд надорад.”

Умар Абдуллоеви 36-сола ва сокини ноҳияи Панҷ ягона шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки 12 соли зиндагиашро дар ин зиндони Амрико дар Куба сипарӣ кардааст. Дар Гуантанамо мақомоти Амрико маҳбусонеро нигоҳ медоранд, ки дар ҷараёни амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон ва қисмате ҳам дар Покистону кишварҳои дигар дастгир шудаанд. Як замон шумори маҳбусони ин зиндон то 600 нафар мерасид.

Ба иддаои Умар Абдуллоев, ӯро соли 2001-уми нерӯҳои амниятии Покистон бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои террористӣ дастгир карданд ва ба дасти сарбозони Иёлоти Муттаҳида доданд. Умар Абуллоев ҳамингуна соли 2002-ум ба Гуантанамо оварда шуд. Умар Абдуллоев дар пайи нооромиҳои солҳои навадуми Тоҷикистон ба Афғонистон рафта ва дар он ҷо зиндагӣ мекард ва баъди шуруъи амалиёти зиддитерористӣ дар Афғонистон дар соли 2001 ба Покистон рафтааст.

Дар маҷмӯъ 12 шаҳрванди Тоҷикистон дар Гуантанамо нигаҳ дошта мешуд ва қисми зиёди онҳоро алакай ба Тоҷикистон баргардонданд. Вале Умар Абдуллоев дар соли 2009 гуфт, ки намехоҳад ба Тоҷикистон баргардард, чунки мумкин аст, ӯро азобу шиканҷа карда ва ба зиндон андозанд. Майкл О‘Ҳара қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки Умар Абдуллоев муштоқи озодӣ аст, вале он қадар аз бозгашт ба Тоҷикистон метарсад, ки “мондан дар Гуантанаморо беҳтар медонад.” Ба гуфтаи Умар Абдуллоев, ду маъмури амниятии Тоҷикистон дар Гуанатанамо бо у мулоқот карда ва пешниҳод кардаанд, ки барои онҳо ба ҳайси ҷосус дар дохили гурӯҳҳои ҷиҳодӣ кор кунад, дар акси ҳол зиндонӣ ва ё нобуд карда мешавад.

Аҳли хонаводаи ин маҳбуси тоҷик дар ноҳияи Панҷ, зиндагӣ мекунанд, ки акси Умар Абдуллоевро дар нашрияҳо дида ва ӯро шинохтаанд.

Шамъигул Нуруллоева мегӯяд, Умар Абдуллоев писари ӯст ва номи аслиаш Муҳаммадист

Шамъигул Нуруллоева мегӯяд, Умар Абдуллоев писари ӯст ва номи аслиаш Муҳаммадист

Модари ӯ Шамъигул Нуруллоева ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки номи ӯ на Умар Абдуллоев, балки дар асл Муҳаммадӣ Давлатов аст. Вай аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки фарзандашро ба кишвар биёранд. Баъзе аз он бандиёни тоҷики Гуантанамо, ки ба Тоҷикистон бозпас фиристода шуданд, бо гуноҳи узвият дар гурӯҳҳои террористӣ ба зиндон андохта шудаанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ваъда додааст, ки то замони аҳди раёсати ҷумҳуриаш дар соли 2016 боздоштгоҳи бадномшудаи Гуантанаморо мебандад. Чанде пеш Девид Ҳез, фармондеҳи ин боздоштгоҳ гуфт, ки дар инҷо ҳанӯз ҳам 148 маҳбус аз даҳҳо кишвар ва баъзеашон бидуни иттиҳому муҳокима дар инҷо нигаҳ дошта мешаванд. Аксарияти онҳо ба ҳайси “душманони” Амрико арзёбӣ шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG