Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар миёни 164 зиндонии маҳбаси амрикоии Гуантанамо ҳамоно як шаҳрванди Тоҷикистон – Умар Ҳамзаевич Абдуллоев нигаҳдорӣ мешавад.

Дар миёни 164 зиндонии маҳбаси амрикоии Гуантанамо ҳамоно як шаҳрванди Тоҷикистон – Умар Ҳамзаевич Абдуллоев нигаҳдорӣ мешавад. Зиндони мазкур дар ҷазираи ҳамноми кишвари Куба бунёд шудааст.

Феҳрасти ҳамаи зиндониҳоро ахиран оҷонсии Ассошейтед Пресс бо такя ба манобеи Пентагон нашр кард. Дар ин феҳраст исми ҳамаи зиндониҳое нашр шудааст, ки феълан дар дохили маҳбасанд ва дар миёнашон шаҳрвандони Яман аксарият – 88 нафарро ташкил медиҳанд.

Аз рӯи шумори зиндониҳо, дар ҷои дуюм шаҳрвандони Афғонистон – 17 нафар, баъд Арабистони Саудӣ бо 12 нафар қарор доданд. Инчунин дар зиндон 5-нафарӣ шаҳрвандони Покистон, Алҷазоир ва Тунис, 4 нафар аз Либия ва боқӣ шаҳрвандони дигари кишварҳои мусалмонӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Дар миёни онҳо як нафар аз Русия ҳам мебошад, ки Равил Мингазов гуфта мешавад.

Нашри феҳрасти ахир ба он маъност, ки чанде аз зиндониҳо то имрӯз озод ва ё ба кишварҳои худ истирдод шудаанд. Вале бархе аз онҳо, назири Умар Абдуллоев бо таъкид ба хатари шиканҷа шуданаш дар Тоҷикистон, дархост кардааст, ки ӯро ба ҳеҷ ваҷҳ ба ватанаш набаранд.

Радиои Озодӣ бори охир дар бораи вазъи зиндони Гуантанамо, ки ҳанӯз ҳам баста нашудааст, моҳи апрел гузориш дода буд. Он вақт хабари гуруснанишинии бисёре аз маҳбусони Гуантанамо бори дигар таваҷҷуҳро ба ин боздоштгоҳи Амрико ҷалб кард. Он вақт мояи норизоияти гурӯҳе аз зиндониҳо тафтиши китоби Қуръон аз ҷониби маъмурияти зиндон сабаби даст ба эътироз задани зиндониҳо шуд.

Алорағми ваъдаи президент Обама ва тақозоҳои ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳанӯз ҳам маҳбаси низомии Гуантанамо дар Куба баста нашудааст.

ЧАРО УМАР БА ТОҶИКИСТОН БАРНАГАШТ?

Метю Оҳара - вакили мудофеи Умар Абдуллоев моҳи августи соли 2009 ба рӯзномаи амрикоии “Miami Herald” гуфта буд, ки намояндагони амниятии Тоҷикистон бо ӯ мулоқот кардаанд ва хостори ҳамкориаш бо ниҳодҳои амниятӣ шудаанд. Амниятиҳои Тоҷикистон гуфтаанд, замоне вай ба озодӣ хоҳад баромад, ки агар ба сафи тундравҳои исломӣ баргардад ва ба фоидаи давлат “ҷосусӣ” кунад. Умар ин пешниҳодро қабул накардааст ва аз бозгашт ба Тоҷикистон даст кашидааст. Вай бозгашт ба ватанро барои худ хатарнок медонад ва ҳамоно дар Гуантанамо ба унвони охирин маҳбуси тоҷик боқӣ мондааст.

Аҳли хонаводаи ин маҳбуси тоҷик дар ноҳияи Панҷ, минтақаи ҷанубии кишвар зиндагӣ мекунанд, ки акси Умар Абдуллоевро дар нашрияҳо дида ва ӯро шинохтаанд. Модари ӯ, ду соли пеш дар сӯҳбаташ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки номи ӯ на Умар Абдуллоев, балки Муҳаммадӣ Давлатов аст. Вай аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки фарзанди ӯро ба кишвар биёранд. Умар Абдуллоев дар пайи нооромиҳои солҳои навадуми Тоҷикистон ба Афғонистон рафта, то замони боздошташ аз тарафи нерӯҳои амрикоӣ, дар он ҷо зиндагӣ ихитёр карда буд.

Баъди шурӯи амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон ва ташкили зиндони Гуантанамо, дар маҷмӯъ 11 шаҳрванди Тоҷикистон ба ин зиндони амрикоӣ интиқол ёфтанд. Ба ҷуз аз Умар 10 нафар ба Тоҷикистон баргаштаанд. 2 нафари онҳо дар Тоҷикистон ба мӯҳлати 17 соли зиндон маҳкум шуданд ва ҳоло дар ватани худ ин мӯҳлатро сипарӣ мекунанд. Ононе, ки мисли Умар аз бозгашт саркашӣ карданд, шаҳрвандони Урдуну Тунис ва Лубнону Чин мебошанд. Онҳо низ мисли Умар аз бозгашт ба ватан ҳарос доранд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG