Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари гуруснанишинии бисёре аз маҳбусони Гуантанамо бори дигар таваҷҷуҳро ба ин боздоштгоҳи Амрико ҷалб кард.

Суоле ба миён меояд, ки чӣ омил сабаби норизоятӣ ва гуруснанишинии “сокинон”-и ин боздоштгоҳ шудааст?

Дар аввалҳои моҳи феврал фармондеҳи боздоштгоҳ шеваҳои тафтиши соли 2006-ро аз сар гирифт ва ба бозҷӯиву расидагии Қуръонҳои зиндониён шуруъ кард, то дақиқ шавад, ки онҳо қочоқӣ набошанд. Ин кор норизоятии баъзе аз зиндониёнро барангехт ва чунин тафтишотро нисбат ба худ беҳурматӣ арзёбӣ карданд. Онҳо ба нишонаи эътироз аз истеъмоли ғизо даст кашиданд. Дар давоми чанд ҳафта зиндониёни дигар низ ба ин эътроз пайвастанд.

Дэвид Римз-вакили мудофеи 15 зиндонӣ мегӯяд, аз ин 15 нафар зерҳимояти вай 6 нафар дар гуруснанишинӣ ширкат доранд.

Римз дар Вашингтон ба сар мебарад, вале чанд ҳафта пеш вай аз боздоштгоҳи Гуантанамо боздид кард. Ба вай муяссар шуд, ки 29 март бо ду нафар аз муваккилон
Маҳбусони Гуантанамо

Маҳбусони Гуантанамо

ё зерҳимоятонаш телефонӣ гуфтугӯ кунад.“Онҳо ба ман гуфтанд, ки гуруснанишинӣ ҳанӯз дар авҷ аст. Бино ба гуфтаи ин ду нафар, маҳбусони дигар ё дақиқтар ҳамаи маҳбусони урдугоҳи шумораи 6, ки нисбат ба дигар урдугоҳҳо пуродам аст, гуруснанишиниро сар кардаанд ва гуфтаанд, ки то замони иҷро шудани хостҳояшон, ҳатто агар бимиранд ҳам гурусннишиниро давом медиҳанд”.

Ба гуфтаи Римз, баъзе зиндониён изҳори омодагӣ кардаанд, ки агар тафтиши Қуръонҳо хотима ёбад, онҳо низ ба гуруснанишинӣ хотима медиҳанд.

Гуруснанишинӣ хеле тӯлонӣ шудааст ва ҳоло шартҳои аввали даст кашидан аз гуруснанишинӣ аҳамияти худро гум кардааст ва акнун маҳбусон эътирозҳои дигарро ба миён ниҳодаанд. Маҳбусон иддао мекунанд, ки онҳоро бегуноҳ дар Гуантанамо нигоҳ медоранд ва маълум нест, ки мӯҳлати зиндони онҳо то кай давом мекунад.

ДАР ГУАНТАНАМО ЧӢ КАСОНЕ НИГАҲДОРӢ МЕШАВАНД?

Дар Гуантанамо 166 нафар дар паси панҷара қарор доранд. 89 нафари онҳо аз Яман мебошанд. Аз ҳамин 166 нафар 86 нафари онҳоро давлати Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ҷавоб дод, то ба кишварҳои худашон ва ё ба ягон кишвари севвум раванд. Вале онҳо аз бозгашт ба ватан ё рафтан ба кишвари севвум даст кашиданд. Дар миёни онҳо Умар Абдуллоев-шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

46 нафари дигар барои муддати номаълум дар Гуантанамо хоҳанд монд, зеро раҳоии онҳо хатарнок хоҳад буд. Мурофиаи 6 нафари дигар давом дорад.

ЧАРО УМАР БА ТОҶИКИСТОН БАРНАГАШТ?

Дар миёни 86 нафар афроди раҳошуда аз Умар Абдуллоев низ ном мебаранд. Вале вай нахост ба Тоҷикистон баргардад. Метю Оҳара- вакили мудофеи Умар моҳи августи соли 2009 ба рӯзномаи амрикоии “Miami Herald” гуфта буд, ки намояндагони
Умар Абдуллоев

Умар Абдуллоев

амниятии Тоҷикистон бо Умар мулоқот кардаанд ва хостори ҳамкории Умар бо ниҳодҳои амниятӣ шудаанд. Амниятиҳои Тоҷикистон гуфтаанд, замоне вай ба озодӣ хоҳад баромад, ки агар ба сафи тундравҳои исломӣ баргардад ва “ҷосусӣ” кунад. Умар ин пешниҳодро қабул накардааст ва аз бозгашт ба Тоҷикистон даст кашидааст. Вай бозгашт ба ватанро барои худ хатарнок медонад ва ҳамоно дар Гуантанамо ба унвони охирин маҳбуси тоҷик боқӣ мондааст.

Дар маҷмӯъ 11 нафар аз Тоҷикистон дар Гуантанамо нигаҳдорӣ мешуданд. Ба ҷуз аз Умар 10 нафар ба Тоҷикистон баргаштаанд. 2 нафари онҳо дар Тоҷикистон 17 сол маҳкум ба зиндон шуданд ва ҳоло дар ватани худ ин мӯҳлатро сипарӣ мекунанд.
Ононе, ки мисли Умар аз бозгашт саркашӣ карданд, шаҳрванлдони Урдуну Тунис ва Лубнону Чин мебошанд. Онҳо низ мисли Умар аз бозгашт ба ватан ҳарос доранд.

ҲУКУМАТИ АМРИКО БО ГУРУСНАНИШИНОН ЧӢ ХОҲАД КАРД?

Кохи Сафед мегӯяд, ки вазъро аз наздик назорат мекунад. Тодд Брессил-сухангӯи вазорати дифои Амрико мегӯяд, раҳбарони Гуантанамо ҳадди ақал 11 нафар гуруснанишинро ба хӯрдани ғизо маҷбур мекунанд:

“Ин кори дуруст аст. Охирин масъулияти мо ин аст, ки мо бояд роҳ надиҳем ва иҷоза надиҳем, ки зиндонӣ ба худ осеб расонад. Мо ба вазъи онҳо назорат мебарем. Тибқи қоидаҳои кории мо ин барои мо зарур аст ва ин қоидаҳоро Мудирияти зиндонҳои Амрико муқаррар кардааст ва тибқи он мо бояд зиндониёнро маҷбурӣ хӯронем”.

ЧАРО ЗИНДОНИЁНРО МАҶБУРӢ МЕХӮРОНАНД?

Дар таҷрибаи низомиёни Амрико гуруснанишинро дар курсии махсус ҷой медиҳанд, аз биниаш трубка ё найчаро дарун мекунанд ва ба шикамаш ғизои моеъ равон мекунанд. Ин корро созмонҳои ҳуқуқи башар як навъи шиканҷа барои гуруснанишинон арзёбӣ кардаанд ва онро ғайриқонунӣ медонанд. Бо вуҷуди ин низомиён мегӯянд, ки ин кор як навъ мудохилаи тиббӣ барои наҷот аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG