Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо масъулони "Тоҷиксодиротбонк"-- яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон ҷиҳати наҷоти ин бонк аз вазъи мушкили молиявӣ, вориди гуфтугӯ шудаанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, "Тоҷиксодиротбонк" яке аз чор бонкҳои низомсози Тоҷикистон аст ва давлат намегузорад, ки он муфлис шавад. Ахиран як ҳайати баландпояи Бонки аврупоии таҷдид ва рушдозими Тоҷикистон шуда бо масуълони Бонки миллӣ маҳз масъалаи наҷоти "Тоҷиксодиротбонк"-ро матраҳ карданд.

Елена Ахмедова, сухангӯи дафтари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Душанбе рӯзи 16­-уми март дар ин робита гуфт: “Масъалаи мазкур дар мулоқоти ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва масъулони Бонки миллӣ матраҳ шуд. Сафари ин ҳайати вижа дар Тоҷикистон ба поён расид ва ҳоло онҳо ба Лондон бозгаштанд.”

Дар дидори ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо масъулони Бонки миллӣ барномаи нави таҳиякардаи “Тоҷиксодиротбонк” муаррифӣ шудааст. “Тоҷиксодиротбонк” бо қабули ин барномаи тоза ният дорад тавассути ҷалби сармоягузорони хориҷӣ сармояи бонкро бештар карда, сифати хидматрсонии бонкӣ ва қарздиҳиро ба муштариён беҳтар кунад.

Намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба навбаи худ гуфтаанд, дар сурати муваффақ шудани ин барномаи “Тоҷиксодиротбонк”, омодаанд бо ин бонк ҳамкорӣ кунанд. Ба ибораи дигар, шарти аслии БАТР барои кӯмак ба “Тоҷикисодиротбонк”, маҳз иҷрои барномаи таҳиякарда худи ин бонк мебошад.

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд саҳмияҳои чанде аз бонкҳоро дар Тоҷикистон дар ихтиёр дорад ва аз оғози фаъолияташ дар кившар 320 миллион евро сармоягузори кардааст. БАТР аз ҷумла 12 дарсади саҳмияҳои яке аз бонкҳои калони кишвар – “Агроинвестбонк”-ро дар ихтиёр дорад.

Ашраф Шарипов, таҳлилгари умури бонкӣ дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, БАТР ҷиҳати наҷоти “Тоҷиксодиротбонк” метавонад бо ду шева метавонад кӯмак кунад: “Ин созмони байналмилалӣ метавонад барои беҳ кардани вазъи ин бонк ба он қарзҳои дарозмуддат бо фоизҳои имтиёзнок бидиҳад. Дар ин сурат бонк пардохтпазирии худро барқарор карда ва метавонад ба кораш идома бидиҳад. Аммо агар амиқрафти мушкил дар бонк зиёд бошад, дар он сурат БАТР танҳо дар сурати харидории саҳмияҳои бонк метавонад кӯмак кунад.”

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, Бонки аврупоии таҷид ва рушд дар сурате ҳозир мешавад ба бонкҳои Тоҷикистон аз ҷумла “Тоҷиксодиротбонк” кӯмак кунад, ки агар дуввумӣ на камтар аз “25 дарсади саҳмияҳо ҷамъи як”-­­­­ ­ро ба ин созмон бифурӯшад. Чунки ба таъкиди Шарипов, дар ин сурат Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳаққи ширкат кардан дар умури идораи “Тоҷиксодиротбонк”-ро пайдо хоҳад кард.

“Тоҷиксодиротбонк” яке аз чор бонки бузурги Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки ҷамъи сармояҳояш ба беш аз 5 миллиарду 57 миллион доллар мерасад. Бинобар иттилои масъулонаш “Тоҷиксодиротбонк”, аз 21 то 27 дарсади бозори бонкии кишварро зери даст дошта, беш аз 3 ҳазору 300 коргар дорад.

Аммо пас аз таъсири манфии бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишвар ин бонк пардохтпазириашро аз даст дод ва шумораи муштариёнаш дар паси бинои асоси бонк, ки барои гирифтани пасандозҳо ва ё маошашон омада буданд, рӯз ба рӯ меафзуд. Аввали моҳи март лимити гирифтани пулро аз бонкоматҳо дар як рӯз “Тоҷиксодиротбонк” то 200 сомонӣ поин бурд. Аммо баъд бонк эълон кард, ки аз 10 ум то 25­ уми март аз як низоми пардохт ба дигар мегурзарад ва пул гирифтан аз қартаҳои бонкиаш имконнопазир хоҳад буд.

Тоҷиддин Пирзода

Тоҷиддин Пирзода

Тоҷиддин Пирзода, роҳбари ин бонк дар яке аз сӯҳбатҳояш бо оҷонси давлатии хабарӣ муфлисшавии онро “овозаи бардурӯғи як гурӯҳи манфиатдор хонд”, аммо Шарипов мегӯяд, барномаи пурхарҷи сохтмони филиалҳои бонк дар манотиқи ҷумҳурӣ ин бонкро ба ин ҳол овард: “Тоҷиксодиротбонк тайи солҳои охир дар шаҳру навоҳии кишвар филиалу марказҳои хидматрасонии зиёдеро сохт ва ё ташкил дод. Ин хароҷоти зиёд дорад ва бар замми ин кризис фаро расид, ки касе онро интизор надошт. Аммо дар шароити бӯҳрон касе ин биноҳоро ҳоло намехарад. Аз ин рӯ ин бонк дар пардохти ӯҳдадориҳояш дар назди муштариён ба мушкил дучор шуд”.

Моликони аслии Тоҷиксодиротбонк чор ширкат ҶСК “Евразия”, “Мелодиён “ ва “Эҳсон” мебошанд, ки аввали беш аз 58 дарсади саҳмияҳои бонк ва дуи дигар дар алоҳидагӣ 11 фоизи саҳмияҳои бонкро дар ихтиёр доранд. Моликони ширкати “Евразия” бошад, Тоҷиддин Пирзода ва шахсе бо номи Забҳулло Нурруллоев ҳастанд

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG