Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бародари Абдуфаттоҳи Ғоиб ба "қаллобӣ" муттаҳам мешавад


Мақомоти додситонӣ мегӯянд, ки парвандаи бародари Абдуфаттоҳи Ғоиб - раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон - дар дасти баррасист ва ӯ ба “қаллобӣ” муттаҳам мешавад.

Наҷмиддин Саидов, раиси намояндагии “Тоҷиксодиротбонк” дар Данғара ва бародари Абдуфаттоҳи Ғоиб ба “қаллобӣ” муттаҳам мешавад.

Ҷамшед Мирзозода, як масъули Додситонии кулл рӯзи 8 феврал гуфт, ки нисбат ба Наҷмиддин Саидов бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне қаллобӣ парванда боз шудааст. Ин масъули додситонӣ ҷузъиёти парвандаро шарҳ надод, ки Саидов дар кадом ҳолат даст ба қаллобӣ задааст. Вале гуфт, ӯ дар ин кор танҳо набуда, чанд ҳамдасти дигар низ дорад.

Ин барои бори аввал аст, ки мақомот расман боз шудани парванда нисбат ба раиси “Тоҷиксодиротбонк” дар Данғара ва додари Абдуфаттоҳи Ғоиб - раиси Хадамоти гумрук ва раҳбари пешини Оҷонсии мубориза зидди фасодро тасдиқ мекунанд.

Моҳи октябри соли гузашта манобеи Озодӣ дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошти Наҷмиддин Саидов, раиси филиали "Тоҷиксодиротбонк" хабар доданд. Як манбаъ дар ин ниҳод гуфта буд, ки Наҷмиддин Саидов аз як шаҳрванд 400 ҳазор доллар гирифтанӣ шуда ва дар вақти дарёфти қисмате аз ин маблағ боздошт шудааст.

Масъулини "Тоҷиксодиротбонк" он замон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳарчанд боздошти Наҷмиддин Саидовро ба таври расмӣ тасдиқ накарданд, вале гуфтанд, ки раиси филиали ин бонк дар Данғара дар рухсатӣ қарор дорад. Баъдан ба тамосҳои пайвастаи Озодӣ низ дар ин филиали “Тоҷиксодиротбонк” гуфтанд, ки раҳбарашон ҳанӯз ба кор набаромадааст.

Наҷмиддин Саидов дар охирҳои моҳи октябри соли гузашта бо пардохти 5 ҳазор нишондиҳанда, баробар ба тақрибан 200 ҳазор сомонӣ, аз боздошт раҳо шудааст. Манбаъ аз яке аз додгоҳҳои шаҳри Душанбе ба Озодӣ гуфт, қарори раҳоии Саидовро рӯзи 19 октябр содир гардидааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG