Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бародари раиси Хадамоти гумрук бо пардохти ҷарима озод шуд


Наҷмиддин Саидов, раиси "Тоҷиксодиротбонк" дар Данғара ва бародари Абдуфаттоҳи Ғоиб -- раиси Хадамоти гумрук бо пардохти ҷаримаи тақрибан 200 ҳазор сомонӣ, аз боздошт раҳо шудааст.

Наҷмиддин Саидов -- раиси шӯъба ё филиали "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Данғара ва бародари Абдуфаттоҳи Ғоиб бо пардохти 5 ҳазор нишондиҳанда, баробар ба тақрибан 200 ҳазор сомонӣ, аз боздошт раҳо шудааст. Манбаъ аз яке аз додгоҳҳои шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, қарори раҳоии Саидовро рӯзи 19 октябр содир гардидааст.

Ба иттилои ҳамин манбаъ, Наҷмиддин Саидов ду ҳафтаи пеш ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуда, алайҳи ӯ бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз гардида буд. Аммо мусоҳиби мо ҷузъиёти ин парвандаро ошкор накард.

Дар озодӣ будани Наҷмиддин Саидовро дар бонки “Тоҷиксодиротбонк” низ тасдиқ карданд. Муовини раиси шуъбаи “Тоҷиксодиротбонк” дар ноҳияи Данғара 23 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Наҷмиддин Саидов расман дар рухсатии меҳнатӣ аст ва кори бонк идома дорад. “Расман ҳаминро гуфта метавонам, ки ӯ дар рухсатӣ аст ва кори мо ҷараён дорад. Вай баъд аз анҷоми рухсатӣ ба кор хоҳад шуд,” -- афзуд мусоҳиби мо.

Рӯзи сешанбеи 15 октябр аз Оҷонсии зидди коррупсияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки дар даҳаи аввали моҳи ҷорӣ сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон Наҷмиддин Саидов -- бародари Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Хадамоти гумрукро боздошт кардаанд. Як манбаъ дар ин ниҳод ба Радиои Озодӣ гуфта буд, Наҷмиддин Саидов барои ваъдаи як "мақоми ҳукуматӣ" аз як шаҳрванд 400 ҳазор доллар гирифтанӣ шуда ва дар вақти дарёфти қисмате аз ин маблағ боздошт шуд.

Масъулини "Тоҷиксодиротбонк" он замон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ҳарчанд боздошти Наҷмиддин Саидовро ба таври расмӣ тасдиқ накарданд, вале гуфтанд, ки феълан раиси филиали ин бонк дар Данғара дар рухсатӣ қарор дорад. Ба гуфтаи онҳо, "овозаҳои атрофи ӯ ба фаъолияти кории ӯ дар бонк рабт надорад".

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG