Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон


Бачаи яғнобӣ. Аксбардор Алексей Голубтсов аз Маркази Лев Гумилёв

Бачаи яғнобӣ. Аксбардор Алексей Голубтсов аз Маркази Лев Гумилёв

“Харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон” рӯзи 7 май дар як мизигирди байналмилалӣ дар Осорхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе муаррифӣ мешавад.

Маркази Лев Гумилёви шаҳри Маскав рӯзи 7 май дар як мизигирди байналмилалӣ дар Осорхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе “Харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон” (“Сакральная карта Таджикистана”)-ро барои бори аввал дар ин кишвар муаррифӣ мекунад. Ин мизгирд дар мавзӯи “Ҷуғрофиёи муқаддаси Тоҷикистон” (“Сакральная география Таджикистана”) бо ибтикори Маркази Гумилёв ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия доир шуда, ба анҷумани сеюми байналмилалии Лев Гумилёв оғоз мегузорад. Дар чорчӯби ин анҷуман баргузории як анҷумани миллӣ дар мавзӯи “Мероси Лев Гумилёв” дар Донишгоҳи Хоруғ ва сафари этнографии донишҷӯёни донишгоҳи славянӣ ба дараи Вахони Бадахшон низ дар назар гирифта шудааст.

Олга Ладигина, мудири кафедраи фарҳангшиносӣ, омӯзгорӣ ва равоншиносии Донишгоҳи славянӣ ва раҳбари намояндагии Маркази Гумилёв дар Тоҷикистон, рӯзи 6 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон”-ро донишҷӯёни ин донишгоҳ, ки ба омӯзиши осори Гумилёв таваҷҷӯҳ дорад, тартиб додаанд: “Донишҷӯёни мо баъди ҳар сафари худ маконҳои нави муқаддасро ба ин харита шомил мекунанд. Мо ҳоло дар “Харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон” қалъаи Ҳисор, қалъаи Ҳулбук, дараи Ширкент бо нақши пои динозаврҳояшро шомил кардаанд. Ҳамин тавр, дар ин харита дараи Яғноб, Искандаркӯл ва маконҳои, аз назари мо, муқаддас ва дидании Бадахшон шомил шудаанд.”

Олга Ладигина гуфт, аъзои маҳфили Гумилёви Душанбе ҳанӯз ба Яғнобу Бадахшон сафари вижаи этнографӣ накардаанд, вале ин минтақаҳоро ҳамчун маконҳои муқаддаси эътирофшудаи Тоҷикистон дар “Харитаи маконҳои муқаддас” даровардаанд: “Мо мақсади сафарҳои этнографӣ ба ҳар кадоми ин маҳалҳоро, албатта, дорем. Аз ҷумла алакай дар ҳамин моҳи май қасд дорем, ҳамроҳ бо донишҷӯён ба дараи Вахони Бадахшон сафар кунем ва маконҳои муқаддаси он сарзамини зебоиҳояш нотакрорро як ба як сабт ва шомили харитаамон кунем.”

Олга Ладигина гуфт, онҳо зери мафҳуми муқаддас танҳо ҷанбаи мазҳабии ин маконҳоро ба назар намегиранд, балки шарти асосӣ нотакрориву беҳамтоии он минтақа аст. Ӯ афзуд, ҳадаф аз сохтани “Харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон” талқини арзишҳои ватандӯстиву ватанпарварӣ дар зеҳни насли ҷавон ва ошно кардани онҳо бо решаҳои таърихиву фарҳангиашон аст: “Харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон” имкон медиҳад, ки алоқамандони омӯзиши таъриху фарҳанги ин кишвар маконҳои барои тамошову зиёрат ҷолиб дар майдони як харита ба чашм бубинанд ва ҳанӯз қабл аз азми сафару зиёрати ин маконҳо як тасаввури комиле дар бораи онҳо дошта бошанд.”

Маркази Лев Гумилёв, як созмони мардумшиносӣ(этнографӣ)-и Русия, ки ба омӯзиши таърихи пайдоиш ва одату анъанаҳои халқҳои АвроОсиё машғул аст, “Харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон“-ро бори аввал дар шаҳри Маскав муаррифӣ кард. Павел Зарифуллин, мудири Маркази Гумилёв, дар сӯҳбати қаблие бо Радиои Озодӣ гуфта буд, Маркази Гумилёв бо муарриффии ин харита силсилаи экспедитсияҳоеро, ки тайи як соли охир ба Яғноб, Искандаркӯл ва Бадахшони Тоҷикистон анҷом додааст, натиҷагирӣ мекунад.

Павел Зарифуллин гуфт, як ҳадафи асосии онҳо тағйир додани боварҳои манфии дар зеҳни мардуми Русия шаклгирифта дар бораи Тоҷикистон ва тоҷикҳост: “Матбуот ин мардумро ҳоло асосан ҳамчун мардикороне, ки аз кадом як кишвари ноошно инҷо омадаанду кӯча мерӯбанду ба фурӯши маводи мухаддир машғуланд, тасвир мекунад. Ва ин бовар дар зеҳни аксар ҷой гирифтааст. Мо баъди як соле, ки як силсила экспедитимехоҳем нишон диҳем, ки воқеъият дигар аст ва Тоҷикистон як кишвари хеле зебо бо мардуми соҳиби фарҳангу тамаддуни хеле бостонист.”

Харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон, ба ақидаи масъулони Маркази Лев Гумилёв, ба ҳамаи алоқамандон имконеро фароҳам меорад, ки бо зебоӣ ва фарҳанги мардумони ин кишвари ҳайратовар, ки дар тӯли асрҳо як истгоҳи муҳим дар “Роҳи бузурги абрешим” буд, аз наздик ошно шаванд.

Анна Королевская, ҳамоҳангсози Маркази Лев Гумилёв ба Озодӣ гуфт, харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон натанҳо маконҳои аз нигоҳи динӣ муқаддас, балки маконҳои аз нигоҳи таърихӣ ва фарҳангӣ нодири ин кишварро низ дар бар мегирад: “Инҷо аз ҷумла Яғноб аст, ки мардумаш бо як забони хеле бостонӣ ҳарф мезананд ва дар таги ҳар санги кӯҳистонаш ба истилоҳ порае аз аҳди бостон нуҳуфтааст. Искандаркӯл ҳам ҳаст дар ин харита ва ҳам Бадахшон, ки “Боми ҷаҳон” номаш мебаранд ва бо он хазинаи забонҳои зиёди бостонӣ ва одату анъанаҳои қадимаи ҳифзкардааш ба сари худ як осорхонаи бузург дар зери осмон аст.”

Изи пои динозаврҳо дар Ширкент

Изи пои динозаврҳо дар Ширкент

Анна Королевская, ки дар экспедитсияҳои Маркази Лев Гумилёв ба Тоҷикистон ширкат кардааст, гуфт, мардуми тоҷикро як халқи хеле меҳмоннавоз ва софу тоза дарёфтааст: “Ин мардум тавонистааст ҳамон энержии форсиро, ки мисли мусиқии форсӣ равону ҷаззоб аст, ҳифз кунад. Онҳое ки ман сӯҳбат кардам, мардуми хеле софу тоза буданд - ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан. Хеле меҳмондӯстанд. Ҳамсӯҳбатони мо одатан аз қишри рӯшанфикр ва мардуми пурмутолиаву шеърдӯст ва, муҳимтар аз он, шеъргӯ буданд. Албатта, мушкилоти иқтисодӣ ҳаст, азоби муҳоҷират ҳаст, вале онҳо боз ба Ватани бобоии худ бармегарданд. Маълум мешуд, ки тоҷикон часпу талош барои зиндагӣ ва идомаи фарҳангу одатҳои бостониашро гум накардаанд ва ба истилоҳ маркаро нигоҳ медоранд. Ман ба онҳо эҳтироми тамом қоил ҳастам.”

Лев Гумилёв, фарзанди шоирони маъруфи рус Анна Ахматова ва Николай Гумилёв, аз мардумшиносони маъруфи Русия буда, ӯро бештар бо назарияи этногенези миллатҳояш мешиносанд.

Маркази Лев Гумилёв аз сӯи як гурӯҳи донишмандони пайрави ақидаҳои ӯ таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир, дар Маскав, Санкт-Петербург ва дар Озарбойҷону Тоҷикистон ва Афғонистон намояндагӣ дорад. Маркази Лев Гумилёв асосан ба омӯзиши таъриху одатҳо ва этнопсихологияи халқҳои сокини минтақаи АвроОсиё ва тарғиби фарҳангу суннатҳои ин халқҳо машғул аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG