Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон муаррифӣ мешавад


Аксбардор Алексей Голубтсов аз Маркази Лев Гумилёв
Аксбардор Алексей Голубтсов аз Маркази Лев Гумилёв

Маркази Лев Гумилёв рӯзи 31 январ дар Осорхонаи Шарқи Маскав “сакральная карта“ ё худ “харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон“-ро муаррифӣ хоҳад кард.

Маркази Лев Гумилёв, як созмони мардумшиносӣ(этнографӣ)-и Русия, ки ба омӯзиши таърихи пайдоиш ва одату анъанаҳои халқҳои АвроОсиё машғул аст, рӯзи 31 январ дар Осорхонаи Шарқи шаҳри Маскав “сакральная карта“ ё худ “харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон“-ро муаррифӣ мекунад.

Павел Зарифуллин, мудири Маркази Гумилёв, рӯзи 21 январ дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, муаррифии ин харита бахе аз барномаи бузургтаре дар Осорхонаи Шарқ аст, ки баҳсҳои илмӣ пиромуни таъриху фарҳанг ва психологияи мардуми тоҷик, равобити Тоҷикистону Русия ва ҳам намоишгоҳи наққошиҳои рассомони авангардисти тоҷик аз маҷмӯи коллексионери маъруф Анна Вербитскаяро дар бар мегирад. Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 31 январ Маркази Гумилёв силсилаи экспедитсияҳоеро, ки тайи як соли охир ба Яғноб, Искандаркӯл ва Бадахшони Тоҷикистон анҷом додааст, натиҷагирӣ мекунад.

Павел Зарифуллин гуфт, як ҳадафи асосии онҳо тағйир додани боварҳои манфии дар зеҳни мардуми Русия шаклгирифта дар бораи Тоҷикистон ва тоҷикҳост: “Матбуот ин мардумро ҳоло асосан ҳамчун мардикороне, ки аз кадом як кишвари ноошно инҷо омадаанду кӯча мерӯбанду ба фурӯши маводи мухаддир машғуланд, тасвир мекунад. Ва ин бовар дар зеҳни аксар ҷой гирифтааст. Мо баъди як соле, ки як силсила экспедитимехоҳем нишон диҳем, ки воқеъият дигар аст ва Тоҷикистон як кишвари хеле зебо бо мардуми соҳиби фарҳангу тамаддуни хеле бостонист.”

Аксбардор Алексей Голубтсов аз Маркази Лев Гумилёв
Аксбардор Алексей Голубтсов аз Маркази Лев Гумилёв

Харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон, ба ақидаи масъулони Маркази Лев гумилёв, ба ҳамаи алоқамандон имконеро фароҳам меорад, ки бо зебоӣ ва фарҳанги мардумони ин кишвари ҳайратовар, ки дар тӯли асрҳо як истгоҳи муҳим дар “Роҳи бузурги абрешим” буд, аз наздик ошно шаванд.

Анна Королевская, ҳамоҳангсози Маркази Лев Гумилёв дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон натанҳо маконҳои аз нигоҳи динӣ муқаддас, балки маконҳои аз нигоҳи таърихӣ ва фарҳангӣ нодири ин кишварро низ дар бар мегирад: “Инҷо аз ҷумла Яғноб аст, ки мардумаш бо як забони хеле бостонӣ ҳарф мезанандва дар таги ҳар санги кӯҳистонаш ба истилоҳ порае аз аҳди бостон нуҳуфтааст. Искандаркӯл ҳам ҳаст дар ин харита ва ҳам Бадахшон, ки “Боми ҷаҳон” номаш мебаранд ва бо он хазинаи забонҳои зиёди бостонӣ ва одату анъанаҳои қадимаи ҳифзкардааш ба сари худ як осорхонаи бузург дар зери осмон аст.”

Анна Королевская, ки дар экспедитсияҳои Маркази Лев Гумилёв ба Тоҷикистон ширкат кардааст, мегӯяд, мардуми тоҷикро як халқи хеле меҳмоннавоз ва софу тоза дарёфтааст: “Ман барои тоҷикҳо чанд тренинг барпо кардам ва ончӣ ба чашми худ дидам, ин аст, ки ин мардуум тавонистааст ҳамон энержии форсиро, ки мисли мусиқии форсӣ равону ҷаззоб аст, ҳифз кунад.

Аксбардор Алексей Голубтсов аз Маркази Лев Гумилёв
Аксбардор Алексей Голубтсов аз Маркази Лев Гумилёв

Онҳое ки ман сӯҳбат кардам, мардуми хеле софу тоза буданд, ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан. Хеле меҳмондӯстанд. Ҳамсӯҳбатони мо одатан аз қишри рӯшанфикр ва мардуми пурмутолиаву шеърдӯст ва, муҳимтар аз он, шеъргӯ буданд. Албатта, мушкилоти иқтисодӣ ҳаст, азоби муҳоҷират ҳаст, вале боз ба Ватани бобоии худ бармегарданд. Маълум мешуд, ки тоҷикон часпу талош ба зиндагӣ ва идомаи фарҳангу одатҳои бостониашро гум накардаанд ва ба истилоҳ маркаро нигоҳ медоранд. Ман ба онҳо эҳтироми тамом қоил ҳастам.”

Лев Гумилёв, фарзанди шоирони маъруфи рус Анна Ахматова ва Николай Гумилёв, аз мардумшиносони маъруфи Русия буда, ӯро бештар бо назарияи этногенези миллатҳо мешиносанд.

Маркази Лев Гумилёв аз сӯи як гурӯҳи донишмандони пайрави ақидаҳои ӯ таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир, дар Маскав, Санкт-Петербург ва дар Озарбойҷону Тоҷикистон ва Афғонистон намояндагӣ дорад. Маркази Лев Гумилёв асосан ба омӯзиши таъриху одатҳо ва этнопсихологияи халқҳои сокини минтақаи АвроОсиё ва тарғиби фарҳанги ин халқҳо машғул аст.

XS
SM
MD
LG