Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази Лев Гумилёви Маскав дараи Ширкентро ба маҳзи беш аз 400 изи пои динозавр, ки дар инҷо ёфт шудааст, ба “Харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон” шомил кард.

Маркази Лев Гумилёв, як созмони мардумшиносӣ(этнографӣ)-и Русия, ки таърихи пайдоиш ва одату анъанаҳои халқҳои АвроОсиёро таҳқиқ мекунад, дараи Ширкенти ноҳияи Турсунзода, воқеъ дар тақрибан 70-километрии ғарби Душанберо ба “Харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон” шомил кардааст. Анна Королевская, ҳамоҳангсози Маркази Лев Гумилёв рӯзи 22 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як далели аслии ба ин «Харита» шомил шудани дараи Ширкент дар баробари табиати зебову нотакрораш беш аз 400 изи пои динозавр буд, ки палеонтологҳо дар дараи Ширкент дар соҳили дарёи Харгӯш пайдо кардаанд. Анна Королевская афзуд: “Аъзои маҳфили Лев Гумилёв дар Душанбе ба раҳбарии Олга Ладигина рӯзи 16 апрел ба дараи Ширкент сафар карданд ва аксҳои зиёде оварданд. Аз ҷумла аксҳои 29 изи пои динозавр дар лаби дарёи Харгӯшро. Ба ин далел, дараи Ширкент ҳам ба “Харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон” шомил карда шуд.”

Лев Гумилёв, фарзанди шоирони маъруфи рус Анна Ахматова ва Николай Гумилёв, аз мардумшиносони маъруфи Русия буда, ӯро бештар бо назарияи этногенези миллатҳо мешиносанд. Маркази Лев Гумилёв аз сӯи як гурӯҳи донишмандони пайрави ақидаҳои ӯ таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир, дар Маскав, Санкт-Петербург ва дар Озарбойҷону Тоҷикистон ва Афғонистон намояндагӣ дорад. Маркази Лев Гумилёв асосан ба омӯзиши таъриху одатҳо ва этнопсихологияи халқҳои сокини минтақаи АвроОсиё ва тарғиби фарҳанги ин халқҳо машғул аст.

“Харитаи маконҳои муқаддаси Тоҷикистон”, ки аз сӯи Маркази Лев Гумилёв таҳия шуда, рӯзи 31 январи соли ҷорӣ дар Маскав муаррифӣ шуд, дар ҳоли ҳозир, бар изофаи дараи Ширкент ҳамчунин дараи Яғнобро, ки мардумаш бо як гӯиши бостонӣ ҳарф мезананд, Искандаркӯл, обанбори Норак ва Бадахшонро бо маконҳои зебои табииву таърихиаш дар бар мегирад.

Абдувоҳид Собиров, палеонтологи шинохтаи тоҷик ва корманди озмоишгоҳи палеонтология ва стратиграфияи Пажӯҳишгоҳи геологияи Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, ки дар бораи динозаврҳои ҳавзаи Ширкент чанд кори илмӣ навиштааст, рӯзи 22 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ба ҷуз аз Ширкент изи пои динозаврҳо дар рустои Равоти водии Зарафшон, кӯҳҳҳои Боботоғ ва дар Тавилдара ҳам ёфт шудаанд: “Вале ин изи пои динозаврҳои ҷавонтарест, ки аз аҳди табошир (меловой период) боқӣ мондаанд. Изҳое, ки бори аввал соли 1982 дар Ширкент ёфт шуданд, хеле қадимтаранд ва ба давраи юраи боло рост меоянд ва аз 120 то 130 миллион сол умр доранд. Кашфи ин изҳо нишон медиҳад, ки як замон дар ҳудуди Ширкент баҳр мавҷ мезад, чунки изи пои динозавр асосан дар соҳили баҳр боқӣ мемонад.”

Акс аз сомонаи Маркази Гумилёв

Акс аз сомонаи Маркази Гумилёв

Олга Ладигина, раҳбари маҳфили Лев Гумилёв дар Душанбе мегӯяд, дар се гӯшаи дараи Ширкент – дар лаби дарёи Харгӯш, яке аз шохобҳои рӯди Ширкент, дар соҳили чапи худи Ширкент ва дар қаламрави рустои Пашми Кӯҳна – дар маҷмӯъ беш аз 400 изи пои динозаврҳоро сабт кардаанд. Аъзои экспедитсия 29 изи динозавр дар лаби дарёи Харгӯшро ба чашми худ дидаву акс ҳам гирифтаанд.

Ба навиштаи Олга Ладигина, дар лаби дарёи Харгӯш ду силсила изи пои динозаврҳои панҷаҳояшон чорангушта дида мешавад, ки дарозии изи пои онҳо то ним метр ва бараш 30 сантиметр будааст. Азбаски осори чунин навъи динозавр дар ҳеҷ куҷои дигари дунё ёфт нашудааст, олимон онро Macropodosaurus gravis, яъне “Мӯрчахӯри бузурги калонпо” ном кардаанд. Аммо дар соҳили чапи дарёи Ширкент изи пои динозаврҳои панҷаҳояшон сеангуштаро пайдо кардаанд, ки дарозии панҷаи пои онҳо аз 50 то 65 сантиметр ва барашон то 45 сантиметрро ташкил медиҳад.

Дар рустои Пашми Кӯҳна изи танҳо як динозаври сеангушта ёфт шудааст, вале изи пои он бо 70 сантиметр дарозӣ ва 60 сантиметр бараш аз ҳама бузургтарин будааст. Ин динозавр ба ҳадде бузург будааст, ки изи пояш то 10 сентименр ба замин фурӯ рафтааст.

Акс аз саҳифаи Пажӯҳишгоҳи геологияи Тоҷикистон

Акс аз саҳифаи Пажӯҳишгоҳи геологияи Тоҷикистон

Дар мавриди шумори ангуштон дар панҷаҳои пои динозаврҳо Абдувоҳид Собиров аз Озмошгоҳи палеонтологии Пажӯҳишгоҳи геология назари дигар дорад. Ба ақидаи ӯ, “динозаврҳо дар асл 5 ангушт доранд, вале азбаски як ё ду ангушти пои онҳо болотар ҷойгир шуда буд, дар изи пои онҳо танҳо нақши се ё чор ангушт дида мешаванд.”

Динозаврҳо як навъи ҳайвоноти сутунмӯҳрадоре буданд, ки дар тӯли 160 миллион сол – аз поёни давраи тирас (225 миллион сол қабл) то поёни давраи табошир (ҳудуди 65 миллион сол пеш) дар сайёраи Замин ба сар бурда, сипас аз байн рафтаанд. Динозаврҳо асосан ба ду гурӯҳ – калтакалосшакл ва паррандашакл ҷудо мешуданд. Палеонтологҳо то имрӯз беш аз 500 навъу зиёда аз 1000 намуди динозаврро тадқиқ кардаанд.

Ахиран бозмондаҳои динозавреро, ки дар биёбони Қизилқуми Узбакистон ёфт шуд, ба шарафи Амир Темури Ланг Timurlengia euotica ном карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG