Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар лоиҳаи қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли 2013, барои "Роғун" як миллиарду 200 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 9-уми ноябр дар пайи муаррифии лоиҳаи будҷаи соли оянда дар парлумон, ба хабарнигорон гуфт, ҳукумат умедвор аст, ки арзёбии иқтисодиву иҷтимоӣ ва экологии тарҳи нерӯгоҳи Роғун аз ҷониби коршиносони Бонки ҷаҳонӣ то моҳи июли соли оянда мусбат анҷом шавад ва ба дунбол корҳои сохтмони дар Роғун оғоз шаванд.

Ба гуфтаи вазир, ин маблағ ба фарқ аз соли ҷорӣ қариб 100 миллион сомонӣ бештар аст, ҳарчанд аз маблағҳое, ки имсол барои нерӯгоҳи Роғун ҷудо шуда буданд, ҳамагӣ 75 дарсадаш истифода шудааст. Оқои Наҷмиддинов ҳамин тавр, дар бораи нишондодҳои асосии тарҳи будҷа гуфт:

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон.

«Сараввал мақомоти андоз қисми даромади будҷаро дар доираи 8 миллиард сомонӣ пешниҳод карда буданд. Вале баъди баррасии дубора, мо қисми даромадҳои буҷаро ба 12,1 миллиард сомонӣ расонидем. Қисми хароҷотҳои будҷа бошад, саравал 18 миллиард сомонӣ пешниҳод шуда буд, вале онро то ба 12,3 миллиард сомонӣ коҳиш додем. Дар натиҷа қасри будҷа 0,5 фисадро ташкил мекунад».

Наҷмиддинов афзуд, тибқи ин лоиҳаи буҷа мизони таваррум 9 дарсад ва ҳаҷми рушди истеҳсолот 7,4 дар садро ташкил дода арзиши 1 дулори омрикоӣ дар баробари сомонӣ Тоҷикистон 5 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Нусратулло Давлатов, раҳбари Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, дар пайи ба иҷро даромадани кодекси нави андоз, пур кардани қисми даромади будҷа душвор хоҳад шуд: “Бинобар мавриди иҷроиш қарор гирифтани Кодекси андоз дар таҳрири нав, сар аз соли оянда, тибқи ҳисоби мутахассисон эҳтимол дорад то 800 миллион сомонӣ ба будҷа нисбати солҳои қаблӣ камтар ворид шавад. Воқеан иҷрои рақамҳои буҷаи соли оянда мушкил аст, вале мо умед дорем аз ӯҳдаи иҷрои он мебароем”.

Ҳини баррасии лоиҳаи қонуни Тоҷикистон дар бораи буҷаи соли 2013, Саидумар Ҳусайнӣ, вакил аз ҲНИТ аз Сафаралӣ Раҷабов, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи Саидумар Ҳусайнӣ, вакили МН аз ҲНИТ.

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили МН аз ҲНИТ.

Маҷлиси намояндагон пурсид, чаро тарҳи будҷаро бо чунин шитобзадагӣ баррасӣ мекунанд?

Сафаралӣ Раҷабов дар посух ба суоли ин вакил гуфт, ки зуд баррасӣ кардани лоиҳаи қонуни будҷа чанд сабаб дорад: ”Аввал ин ки баррасии лоиҳа нисбати солҳои қаблӣ каме дер шуд. Порсол чоруми ноябр лоиҳа баррасӣ шуда буд. Ғайр аз ин, дар охири моҳи равон раиси маҷлис ва муовин ба хориҷа сафари корӣ доранд, бинобар ин мо бояд ин лоиҳаро баррасӣ карда ба маҷлис пешниҳод кунем”.

Аз сӯйи дигар, Амиршо Миралиев, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, матни лоиҳаи қонуни будҷа як ҳафта қабл тариқи почтаи электронӣ ба вакилон фиристода шуда буд ва вакилон бояд усули кор бо компютер ва шабакаи интернетро донанд.

Интизор меравад, дар охирҳои моҳи ҷорӣ Қонуни будҷаи Тоҷикистон барои соли 2013 дар иҷлоси Маҷлиси намояндагони ин кишвар баррасӣ ва тасвиб шавад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG