Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки Ҷаҳонӣ гузориши муқаддамотӣ дар бораи арзёбиҳои таъсироти муҳитизистии нерӯгоҳи Роғунро нашр кардааст.

Дар он гуфта мешавад, дар сурати бунёди ин нерӯгоҳ, олами набототу ҳайвоноти минтақаҳои атрофи он зиёне бисёре нахоҳад дид.

Дар гузориш, ки дар торнамои Бонки Ҷаҳонӣ нашр шудааст, омадааст, маҳалле, ки Роғун ҷойгир шудааст, паррандаву ҷондори зиёде надорад, ки маҳв шаванд. Ёдгориҳои бостонӣ ҳам дар наздикии он нест ва қалъаҳои хурди чандҳазорсола будаанд, вале то кунун вайрон шудаанд.

Дар робита ба таъсири садд ба ҷараёни оби рӯдхонаи Вахш дар гузориш гуфта шудааст, ки ин масъала бояд амиқтар омӯхта шавад. Ин гузориш, ки аз тарафи “Барқи тоҷик”, ширкати POYRY ва бо мусоидати маркази “Зеркало” таҳия шудааст, мисли дастури ҳидоят барои арзёбии таъсироти муҳитизистии нерӯгоҳи Роғун аст, ки аз тарафи мутахассисони хориҷӣ омода мешавад.

Дар гузориш, омадааст, агар тавсияе дар гузориш ва ё арзёбие аз таъсироти муҳити зистии Роғун ҳаст, онҳо муқаддамотианд ва онҳоро набояд ҳамчун хулосаи ниҳоӣ пазируфт. Дар ин гузориши 176 саҳифагӣ омадааст, ки аз назари таъсири иқлим, нерӯгоҳи Роғун асари манфии зиёде ба иқлими атроф нахоҳад дошт. Ҳамчунин осеби зиёде ба олами набототу ҳайвоноти манотиқи наздик намерасад, зеро таҳқиқот то кунун нишон додааст, ки табиати атрофи нерӯгоҳ чандон бой нест.

Масъалаи таъсири нерӯгоҳ ба маҷрои об дар рӯдхонаи Вахш яке аз масъалаҳои муҳими арзёбиҳо хонда шудааст ва ҳамингуна масъалаи ба маҳалҳои дигар кӯчонидани мардуми рустоҳое, ки дар сурати бунёди садд зери об мемонанд. Дар гузориш омадааст, ки рӯдхонаи Вахш ба ҳайси рӯдхонаи фаромарзӣ шинохта мешавад ва як масъалаи дардноки тарҳ низ ҳамин аст. Дар ин гузориш мавзеъгирии Узбакистонро зикр кардаанд, ки гуфтааст, бунёди нерӯгоҳ бояд бо назардошти манофеъи мардуми тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ сохта шавад ва ба вазъи экологии минтақа таъсири манфӣ нагузорад.

Дар гузориш омадааст, ки коршиносони байналмилалӣ бо моделҳои гуногун ташхис хоҳанд кард, ки дар сурати бунёд ва пур шудани обанбор, то чӣ ҳад маҷрои об тағйир меёбад. Тибқи ин гузориш, бешак нерӯгоҳи Роғун дар тобистон об ҷамъ мекунад ва зимистон сар медиҳад, ки метавонад ба маҷрои об дар кишварҳои поёноб таъсир гузорад, аммо айни замон гуфтаанд, ки агар нерӯгоҳи Роғун сохта шавад, ҳамроҳ бо Норак метавонанд, дар хушксолиҳо, кишварҳои поёнобро бо оби кофӣ таъмин кунанд.

Ҳамаи ин масоил ва гузориши мазкур рӯзи 7-уми ноябр дар дафтари минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар Алмаато бо ҳузури намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистону Узбакистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Туркманистон ва Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд. Намояндагони ҷомеаи мадании кишварҳо метавонанд, назару андешаҳои худро дар бораи тарҳ дар ин нишаст бигӯянд.

Ҳукумати Тоҷикистон ягона роҳи халосӣ аз норасоии нерӯи барқро дар бунёди нерӯгоҳи Роғун медонад, ки 3600 мегават қудрат хоҳад дошт ва Тоҷикистонро аз кишвари муҳтоҷи нерӯи барқ ба фурӯшандаи барқ табдил хоҳад дод. Аммо кишварҳои поёноб, бахусус Узбакистон мегӯяд, ки дар сурати бунёди Роғун, онҳо барои обёрии киштзорҳои васеъи худ оби кофӣ нахоҳанд дошт. Қарор аст, арзёбии таъсироти муҳити зистӣ ва тарҳи фанниву иқтисодии нерӯгоҳ то моҳи марти соли 2013 такмил шавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG