Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Pöyry Energy Ltd.: Мо пуштибон ё мухолифи Роғун нестем


Роберт Звален, мутахассиси умури муҳити зист ва рушди иҷтимоӣ дар ширкати Pöyry Energy Ltd. ба саволҳои радиои Озодӣ посух дод.

Роберт Звален, мутахассиси умури муҳити зист ва рушди иҷтимоӣ дар ширкати Pöyry Energy Ltd. (Женева, Швейсария), ки раҳбарии тими таҳқиқкунандаи Роғунро ба ӯҳда доштааст, дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ аз Душанбе ба саволҳои аслӣ дар заминаи гузориши нашршуда оиди арзёбиҳои муҳитзистӣ ва иҷтимоии нирӯгоҳи барқии обии Роғун посух дод.

Озодӣ: Хоҳиш мекунам, муҳимтарин хулосаҳои таҳқиқоти анҷомдодаи худро бигӯед.

Звален: Вақте мо дар бораи таъсири ин нирӯгоҳ сӯҳбат мекунем, бояд гуфт, ки ин масъала аз се бахш иборат аст. Аввалӣ ин муҳити зисти табиӣ аст, ки пеш аз ҳама масъалаи обро дар назар мегирад. Дар ин масъала саволи аслӣ ин аст, ки оё Роғун ба обҳои поёноби Вахшу рӯди Ому чӣ таъсир хоҳад гузошт. Ин масъалаи хеле муҳим аст, чунки ин об ба қаламрави Ӯзбакистон ва Туркманистон ҳаракат мекунад ва бахши азими аҳолии ин ду ҷумҳурӣ аз ин обҳо вобаста ҳастанд. Ин бахши масъала бояд хеле рӯшан ва эҳтиёткорона таҳқиқ шавад. Ҳоло мо бо мушовирони техникӣ ҳамоно натиҷаҳоро арзёбӣ мекунем ва ҳанӯз натиҷаҳои ниҳоиро дар даст надорем. Бахши дуюми масъала ба муҳити зисти биологӣ марбут аст, ки ба сабзавоту ҷонварон ва муҳити зисти моҳӣ дар маконҳои ҳимоятшуда таъсиргузор аст. Ин ҷо аслан масъалаи бузурге вуҷуд надорад. Тарҳ бунёди як обанборро бо дарозии 70 км дар назар мегирад ва он ба хусус, мавҷудоти зиндаро асар нахоҳад кард. Маълум аст, ки то ҳол ба рӯдхона обанбори Норак таъсир кардааст ва ин маҳал барои моҳӣ чандон муҳим ба шумор
намеравад. Аз назари биологӣ гуфта метавонем, ки ин ҷо ҳеҷ масъалаи бузурге буда наметавонад. Сеюм бахши мавзӯъ ва яке дигар аз масъалаҳои муҳим ин аҳолии маҳаллӣ аст. Шумори мардуме, ки бояд аз ин маҳал ба маҳалҳои дигар кӯч дода шаванд, тақрибан 30 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Ва мо бояд дар нақшаҳои ҷобаҷокунии ин мардум ширкат кунем. Ин мардум бояд мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ, яъне меъёрҳои аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ муқарраршуда ҷо ба ҷо карда шаванд.


Озодӣ: Аз рӯи вокунишҳои мақомоти соҳаи энержии Тоҷикистон маълум мешавад, ки онҳо аз натиҷагириҳои муқаддамотии шумо қаноатманд ҳастанд, вале масъала дар онҳо нест. Кишварҳои мисли Ӯзбакистон солҳои охир хеле шадид мухолифи бунёди нирӯгоҳи Роғун ҳастанд ва ҳоло мешавад тахмин зад, ки ин хулосаҳои шумо ба онҳо писанд намеояд. Оё шумо омода ҳастед, ки ба ихтилоф ва шояд фишорҳои навбатии Тошканд посух диҳед?


Звален: Ин масъалаи марказии ин барнома аст. Бонки Ҷаҳониву Душанбе машваратҳои навро барои барқарор кардани музокираҳо ба роҳ монданд, ки метавонанд аз ҷониби тарҳ халалдор шаванд. Натиҷаҳои гузориши мо дар мулоқоти онҳо баррасӣ мешавад. Тахминан баъди як моҳ бояд ки ингуна як музокирот барпо шавад, натиҷаҳои аввалия баррасӣ мешаванд. Аз ин рӯ, натиҷаҳои гузориши мо на фақат дар сайти Бонки Ҷаҳонӣ нашр шудаанд, балки ҷараёни музокираҳо бо ширкати ин кишварҳо барои барқарор кардани машваратҳо идома доранд.


Озодӣ: Ҳоло дар доираи журналистон саволҳое матраҳ мешавад, ки то куҷо гузориши шуморо мешавад ба унвони натиҷагириҳои Бонки Ҷаҳонӣ арзёбӣ кард. Мунаққидон мегӯянд, ки дар даъват шудани ширкати шумо барои анҷоми ингуна таҳқиқот аз ҷониби ин сохтори ҷаҳонии молиявӣ шубҳа доранд.


Звален: Ин як ҷараёни тӯлонӣ буд. Мо тахминан чор ё панҷ сол пеш гуфтем, ки мехоҳем дар ин тарҳ ширкат кунем. Соли 2010 мо дархости худро ба унвонии Бонки Ҷаҳонӣ ирсол кардем, онҳо моро дар қатори дигар ширкатҳо ба рӯйхати ширкатҳои мунтахаб ворид карданд. Ширкати мо аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ва «Барқи Тоҷик» барои анҷоми ин корҳо интихоб шуд. Корро мо дар оғози соли 2011 шурӯъ кардем. Мо созишномае дорем, ки бо «Барқи Тоҷик» феврали соли 2011 имзо шуда аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ тасвиб шудааст. Ман намедонам, ки ин хабар аз куҷо бармеояд.


Озодӣ: Пас, ба ин тартиб, мӯҳлати шурӯи таҳқиқи паёмадҳои сиёсиву иҷтимоии масъала, ки шумо зикр кардед, кай шурӯъ мешавад?


Звален: Мо сари ин масоил кор мекунем. Моҳи июн мо бахши аввали гузоришеро дар заминаи шароити аз маконҳои зист дар навбати аввал кӯч додани аҳолии маҳаллӣ ироа кардем. Ин гузориш дар бораи зарурати ба таври оҷил хезондани сокинони рустоҳое ҳарф мезанад, ки дар маҳалли сохтмон ҷойгиранд. Ин гузориш ҳоло дар баррасии Бонки Ҷаҳонӣ ва «Барқи Тоҷик» қарор дорад. Ҳамин ки ин гузориш натиҷагирӣ шуд, дар сайти Бонки Ҷаҳонӣ нашр мешавад. Ҳамчунин, мо сари гузориши арзёбиҳои таъсири иҷтимоии ин тарҳ кор мебарем, ки се масъалаи ман зикркардаро дар худ гунҷоиш додааст. Ин гузориш ҳанӯз анҷом нашудааст ва на танҳо аз мо вобаста аст.

Озодӣ: Яъне ҳанӯз шумо намедонед, ки натиҷагириҳои ниҳову комил кай анҷом мешаванд?

Звален: На. Бо сабабҳои муайян мо аз назари мушовирони фанниамон вобаста ҳастем. Ва ман ба кори онҳо таъсир карда наметавонам.

Озодӣ: Як саволе, ки шояд дар зеҳни бисёриҳо мечархад ин аст, ки вақте сиёсатмадорони аврупоӣ, аз ҷумла Струан Стивенсон ба нишони пуштибонӣ аз тарҳи Роғун садо баланд карданд, дигарҳо гуфтанд, ки мақомоти Тоҷикистон ба лоббисозӣ машғул аст. Ҳоло шояд нафароне дар бетарафу мустақил будани хулосаҳои шумо шак кунанд. Оё ба иттиҳомоти мисли ин ки шумо шояд аз ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ мекунед, чӣ посух медиҳед?


Звален: Чӣ ҳам бигӯям? Мо як ширкати байналмилалӣ ҳастем, ки дар саросари ҷаҳон сари чунин тарҳҳо кор мекунад. Дар чунин ҳолатҳо мо маъмулан кулли маълумоти дастрасро ҷамъоварӣ карда, корҳоеро анҷом медиҳем, ки бояд дар маҳалли кор карда шаванд. Мо бо тамоми нафароне, ки аз ҳар ҷиҳат ба ин барнома робита дошта, нигарониҳое дар ин замина доранд, ҳамсӯҳбат мешавем. Баъдан тамоми ин маълумот барои санҷиши ҳама ҷонибҳо дар гузориш ворид мешавад. Мо, ба ҳайси як ширкат, на пуштибон ва на мухолифи ин барнома нестем. Ҳадафи мо анҷоми кор бо сифати баланд буда, вазъро ҳар чи мунсифона арзёбӣ кардан аст. Ин гузориш аз ҷониби «Барқи Тоҷик» ва Бонки Ҷаҳонӣ, инчунин, аз ҷониби кишварҳи дахил санҷида шудааст. Хулоса ин аст, ки мо тасмим намегирем. Мо танҳо вазъро арзёбӣ карда, машваратҳо медиҳем. Қарори ниҳоӣ аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистон гирифта мешавад.
XS
SM
MD
LG