Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонон - "силоҳ"-и муҳим дар майдони интихобот (ВИДЕО)


Нашри пайдарпайи муроҷиатномаву изҳорот аз номи садҳо ҷавон дар расонаҳои Тоҷикистон ва он ҳам дар остонаи интихоботро бархе аломати бедории сиёсии ҷавонон, вале бархеи дигар як маъракаи сохта меноманд.

Дар як ҳафтаи охир аз номи ҷавонони тоҷик дастикам 5 муроҷиатнома нашр шуд, ки дар он муаллифон ҷавонони дигарро асосан ба “дастгирии сиёсати созанда ва хирмандмандона” ташвиқ мекунанд. Агарчӣ номанависон мегӯянд, касе онҳоро барои пахши чунин изҳорот маҷбур накардааст, аммо нозирони умур бовар доранд, ин кор бидуни ишора аз “боло” ва ё “кумак”-и раҳбарони донишгоҳу донишкадаҳо сурат намегирад.

Муроҷиати ҷавонон дар ҳоле навишта шудааст, ки интихоботи парлумонӣ ҳам наздик асту қаблан бо имзои ҳазорон донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломӣ дархост шуда буд, то ин ҳизбро бубандад. Ҳарчанд оқои Кабирӣ дар авоили фервал дар ҷараёни сафараш ба Хуҷанд хост, то бо ин гурӯҳи донишҷӯён аз наздик дидору суҳбат кунад ва ба саволҳояшон посух гӯяд, аммо раёсати Донишгоҳи Хуҷанд чунин мулоқотро хилофи меъёрҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ хонд ва ба он иҷоза надод.

Бо ишора ба ин “таҷрубаҳо”, коршиносон нашри пайдарпайи муроҷиатномаву изҳорот аз номи садҳо ҷавон дар расонаҳои Тоҷикистон ва он ҳам дар остонаи интихоботро як амри бофтаву сунъӣ арзёбӣ мекунанд.

Аҳмади Абдулло, яке аз даҳҳо донишҷӯёнест, ки исмаш поёни яке аз муроҷиатномаҳои дастҷамъонаи муҳассилини факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зикр ёфтааст. Ин муроҷиатнома рӯзи 21 феврал нашр шуда ва дар он Аҳмаду ҳамсабақонаш аз кулли ҳамсолони худ даъват кардаанд, бояд дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла интихобот аз нерӯҳое пуштибонӣ кунанд, ки ба қавли онҳо “андешаҳои солим дошта, ҷонибдори субот дар ҷомеа ҳастанд”.

Аҳмади Абдулло мегӯяд, ӯ ва даҳҳо ҳамсолашро барои имзо зери ин муроҷиатнома касе ташвиқ накардааст: "Мо, албатта, дар изҳорот аз мушкилоти кишвар ҳам ёдовар шудем, аммо дар баробари ин пешрафтро низ бояд нодида нагирифт. Мо ҳоло дар ин донишгоҳ бо ҳама шароит барои таҳсил таъминем."

Тарғиби ҷавонон барои ширкат дар интихобот
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00

Аммо як донишҷӯи дигар гуфт, чун рӯзи сарду боронӣ ба маъракаи тарғиби ҷалби сокинон ба интихобот сафарбар шуда буданд, то охир дар кӯчаҳо наистоданд ва фақат бо имзо гузоштан зери ин изҳорот, ҷони худро халос кардаанд.

Ба ҷуз аз муроҷиатнома аз номи донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ, изҳороте низ аз номи ҷавонони Бадахшон бо номи “Фардоро зери раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мебинем” ва муроҷиати дигар аз номи ҷавонони Рашт нашр шудааст. Бо он ки исми ҳеч ҳизбу ҳаракат дар матни ин муроҷиатномаҳо зикр нашудаааст, аммо мӯҳтавои аксари ин муроҷиатномаҳо “дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумати кунунӣ”-ро ташвиқ мекунанд.

Руслан Шодиков, муовини раиси кумитаи кор бо ҷавонон, ки ахиран баъди мулоқот бо ҷавонони Бадахшон аз номи 800 нафар як изҳороте пахш кард, мегӯяд: “Ин иродаи халқ, ҷавонон аст, як бор биёед, хобгоҳи донишҷӯёни Хоруғро бинед, мисли меҳмонхона аст, шароити кору таҳсил хеле беҳтар аст. Бинанд, ки вазъи зиндагиашон шароити кору таҳсил хеле хуб шудааст, чаро шукргузорӣ накунанд? Чаро изҳорот нанависанду барои ин ҳама ба касе ташаккур нагӯянд?”

Аммо таҳлилгарон ва онҳое, ки бо матни ин муроҷиатномаҳо ошноянд, чандон ба худҷӯш будани ҷамъомади донишҷӯён ва бо ташаббусу иродаи худ имзо гузоштан зери чунин муроҷиатномаҳо чандон бовар

Ҳумайрои Бахтиёр
Ҳумайрои Бахтиёр

надоранд. Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори тоҷик, ки бештар дар масоили сиёсӣ менависад, низ мегӯяд, “ҳеч имкон надорад, ки донишҷӯён дар Тоҷикистон барои навиштани муроҷиати сиёсӣ, ташаббус гирифта тавонанду аз пеши худ изҳорот нависанд. То имрӯз надидем, ки ҷавонони мо дар масоили муҳими ҷомеа садо баланд карда бошанд. Ҳатто дар масъалаҳои иҷтимоӣ, мисли муҳоҷират, боре садо баланд накардаанд. Вале аҷиб аст, ки якбора ба масоили сиёсӣ ва он ҳам дар арафаи интихобот таваҷҷӯҳ кардаанд.”

Ҳумайрои Бахтиёр ҳамчунин аз ҷалб шудани ҷавонон ба маъракаҳои таблиғотии ҳизби ҳоким ёдовар шуда гуфт, шояд онҳо аксаран ғайриихтиёри худ ба таблиғи номзадҳои ин ҳизб сафарбар мешаванд. "Ҳадди ақалл аксҳо аз маъракаи таблиғотӣ дар Боғи Пойтахт, ки аз болои панҷара баромада рафтан мехостанд, метавонад далели ин гуфтаҳо бошад," - таъкид дошт ӯ.

Аммо Саймӯъмин Ҷаъфаров -- муовини декани факултаи муносибатҳои байналмилалӣ мегӯяд, соҳаи дипломатия як соҳаест, ки донишҷӯёнаш наметавонанд, аз равандҳои сиёсӣ бехабар ва аз он дар канор бошанд: “Ин фаъолнокии ҷавононро нишон медиҳад. Мо бо ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ сӯҳбатҳо мегузаронем ва ҳамин шояд ҷавононро водор кардааст, ки масъулияти баланд нишон медиҳанд.”

Ҳоло ки то баргузории интихоботи парлумонӣ рӯзҳои ангуштшуморе боқӣ мондааст, гурӯҳ - гурӯҳ ҷавонон варақаҳои ҳизби ҳокими халқӣ-демократиро ташвиқ мекунанд. Баҳодури Абдулло, як масъули созмони ҷавонони Донишгоҳи омӯзгорӣ гуфт, воқеан, беш аз 700 донишҷӯи ин донишгоҳ узви созмони "Созандагони Ватан" - қаноти ҷавонони ҳизби ҳокими халқии демократист, ки дар ин маъракаи муҳим бо ихтиёри худ ба ҳизб кумак мерасонанд.

Аксар муҳассилини тоҷик ва устодони донишгоҳҳо узви ҳизби халқӣ-демократианд. Барои мисол, ду моҳи пеш 150 устоду донишҷӯи Донишгоҳи иқтисодии вилояти Суғд шомили ин ҳизб шуданд.

Қонун ба ҳар ҷавони 18-сола иҷозаи интихоби шомил шудан ба саффи ҳизби сиёсӣ ва ширкат дар маъракаҳои муҳимро додааст, аммо гуфта мешавад, на ҳамеша муҳассилини донишгоҳҳо бо хоҳиши худ дар чунин маворид тасмим мегиранд. Бархе ҳам ҳаст, ки ба хотири ҳамвор кардани роҳи карйераи ояндаи худ аз курсии донишҷӯё ба ҳизби ҳоким мепайванданд, чунки бо узвият дар аҳзоби дигар дар Тоҷикистон умед бастан ба кори муносибе як амри муҳол шудааст.

Дар интихоботи парлумонии 1 март бояд беш аз 200 ҳазор ҷавон барои бори аввал овоз бидиҳанд. Аммо дар миёни 288 номзад довталабон ҷавон ба курсиҳои вакилии парлумон ҳанӯз зиёд нест ва шонси пирӯзии онҳо низ кам аст.

XS
SM
MD
LG