Пайвандҳои дастрасӣ

Ба фарқ аз интихобот-2010 созмонҳои байнулмилалӣ назарсанҷии интихоботиро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ накарданд. Коршиносон мегӯянд, ин бар зарари раванди демократӣ дар ин кишвар аст.

Дар хонаи торик бояд гурбаи сиёҳро қапид. Ин ҳолати равонии бархе аз номзадҳои интихоботи порлумонии Тоҷикистон аст. Онҳо аз рӯйи тахминҳои худ ба ҳар кунҷи хона меҷаҳанд ва оқибат бо чанд захму ғурриҳое дар сар аз он мебароянд. Ин ҳолат ба бархе аз ҳизбҳои сиёсӣ ҳам хос аст. Аммо барои бархи дигар хона нимторик ё рӯшан ва ё офтобист. Онҳо бо як ҷаҳиш гурбаро медоранд ва бо нидоҳои пирӯзӣ берун меоянд.

Шояд ташбеҳи электорат ба хонаи торик чандон комёбона нест, вале ба гуфтаи коршиноси мустақил Раҷаби Мирзо, агар дар маъракаи интихоботӣ назарсанҷии нуфуз ва маҳбубияти номзадҳову ҳизбҳо пайваста нашр мешуд ё ҳатто ба гунаи пӯшида барои масрафи дохилӣ омода ҳам мегашт, онҳо медонистанд, ки дар куҷо нерӯ ва сармояи бештар харҷ ва чӣ тавр роҳи пирӯзиро пайдо кунанд.

Ба андешаи раҳбари Маркази ҷомеашиносии “Шарқ” Музаффар Олимов, пурсиши афкори умум на танҳо барои номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, балки барои интихобкунандагон низ судманд мебуд, чун метавонист як василаи шинохти довталабон ва интихоб шудани беҳтарини онҳо бошад.

Музаффар Олимов

Музаффар Олимов

Дар ҳоле ки чунин назарсанҷӣ дар арафаи интихоботи порлумонии 1-уми марти Тоҷикистон баргузор нагашт, ҳар номзад ва ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ за шансҳои бузурги худ ҳарф мезананд. Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) мегӯяд, бо дастовардҳои худ ва 200 000 узв пирӯзӣ барояш мушкил нест. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) шикоят мекунад, ки мақомоти давлатӣ бо “беобрӯкунӣ” ва “тақаллуби раъйҳо” барояш монеагузорӣ мекунанд. Ҳизбҳои дигар низ аз ҷойгоҳи муҳими иҷтимоии худ ҳарф мезананд, вале пажӯҳише нашудааст, ки кадом ҳизб дар ҷомеа чӣ қадар нуфуз дорад.

Бе иддаои гирифтани ҷойи як назарсанҷии илмӣ Радиои Озодӣ ба воситаи шабакаи Фейсбук аз 15 коршиноси ғайриҳизбӣ хоҳиш кард, ба ду пурсиш посух диҳанд. Яке ин ки “агар интихобот мисли солҳои пеш ҷараён ёбад, кадом ҳизб чӣ қадар овоз мегирад?” Ва суоли дувум: “Агар интихобот озоду шаффоф ва одилона ҷараён ёбад, кадом ҳизб чӣ қадар райъ хоҳад овард?”

“Агар” як ҷузви ҳама гуна назарсанҷиҳост, ки ба фарзӣ ё ангоштӣ будани онҳо ишора мекунад. Донишманди ботаҷрибаи соҳа Музаффар Олимов гуфт, натиҷаҳои назарсанҷии Озодӣ мумкин аст, вазъи саросариро нишон надиҳанд, аммо метавонанд, баёнгари афкори бахше аз интихобкунандагон бошанд.

НАТИҶАҲОИ ПУРСИШ

Ҳамаи коршиносон ҳангоми арзёбии имкониятҳои аҳзоби сиёсӣ рӯ ба натиҷаҳои интихоботи порлумонии соли 2010-и Тоҷикистон меоварданд ва ба андозаи зиёд аз онҳо “илҳом” мегирифтанд. Бавижа ҳангоми посух ба пурсиши аввал, ки агар 1-уми март айни ҳолати соли 2010 такрор шавад.

Дар он корзор, бино бар маълумоти расмӣ, ҲХДТ 70,6 дарсади овози интихобкунандагонро ба даст оварда, аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон 55 курсиро гирифта буд. ҲНИТ 8,2, Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) 7,06 Ҳизби Аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) - 5,1,Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) - 5,03, Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) - 1,0, Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) - 0,8 ва Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон (ҲСТ) - 0,5 дарсад раъй гирифтанд.

Коршиноси мустақил Абдумалик Қодирӣ ин ҳисобро “разнарядка” меномад ва бар ин аст, ки тибқи ҳамин шеваи “тақсими курсиҳо” ва ба хотири “бисёрҳизбӣ” номида шудани порлумон” натиҷаҳои наздик ба соли 2010 эълон шуда, тафовут аз онҳо ҷамъ ё тарҳи 1 курсиро ташкил хоҳад дод. Ба гумони ӯ, мумкин аст, 1 курсӣ ба ҲДТ низ дода шавад. Як коршиноси дигар низ курсидиҳӣ ба ҳизбҳои дигарро “тӯҳфа”-и ҳизби ҳоким унвон кард.

Алӣ Мастов

Алӣ Мастов

Аммо “фарқи азим”-ро дар ҳолати маъракаи озод ва одилона коршинос Алӣ Мастов ҳадс мезанад. Вай мегӯяд: “Интихоботи шафофф дар шароити имрӯза тасаввурнокарданӣ ва ғайри имкон аст, аммо чун вожаи «агар»-ро пеш гузорем, метавон гуфт, ки ҳизби ҳоким бо тамоми ресурсаш низ соҳиби 50 дар сади овозҳо намегардад. Аз ношафофии интихобот зарари калон ҲНИТ мебинад, ки электорати он якҷо бо электорати “эътирозӣ” дорои на кам аз 40 дар сади овозҳост.”

Ба назари Зафар Абдуллоев, дастоварди ҲХДТ дар интихоботе, ки мисли солҳои пеш ҷараён гирад, 75,90%-ро ташкил хоҳад дод, аммо дар як интихоботи озоду одилона ва шаффоф ин нишондиҳанда ба 45% поин хоҳад афтод. Ва раъйҳои ҲНИТ аз 8% ба 35 хоҳад расид. Коршиноси мустақил Рустам Самиев ин ададҳоро барои ҳизби ҳоким то 28-30% ва ҲНИТ то 30-32% ҳисоб мекунад. Ба ҳисоби миёна ҲНИТ дар инихоботи озод, ба ақидаи коршиносон, 28 дарсад раъй хоҳад гирифт.

Бино бар посухи 15 коршинос рақобати асосӣ дар интихоботи шаффофу озод байни ин ду ҳизб ҷараён мегирад ва чаҳор тан аз онҳо гуфтанд, ҲНИТ бо фарқи аз 10 то 20 дарсад (Рустам Гулов, Қаюм Юсуфов, Сипеҳри Кароматулло ва дигарон) пирӯз мегардад. Бақия ин фарқро кам медонанд (1-2%) ё ба ҳарду шанси баробар медиҳанд. Вале анқариб ҳама иқрор мекунанд, ки сарнавишти интихоботро на раъйи мардум, балки “ресурси маъмурӣ” ва “тарзи шумурдани овозҳо” ҳал мекунад.

Вақте посухи ҳамаи коршиносонро ҷамъ ва ҳисоби миёнаи тахминҳоро баровард кардем, ин инфографика ҳосил шуд. Агар доирачаҳоро “ангушт” занед, се навъи натиҷаҳоро хоҳед дид ва агар тирчаро ба рӯйи раъйҳо баред, дарсади онҳо дар ду навъи эҳтимолии интихобот бароятон намудор хоҳад гашт.

Ба андешаи коршиносон то 16 дарсади интихобкунандагон зидди ҳамаи ҳизбҳо раъй хоҳанд дод, ки зиёд ба назар меарсад. Вале гуфта мешавад, сатҳи эътироз низ болост. Ин ҷо бори дигар бояд гуфт, ки назарсанҷии мо ғайрирасмист ва бар пояи ақидаи коршиносоне омода шудааст, ки ба ин ё он андоза аз нозирони саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Бархе аз онҳо нахостанд, номашон зикр шавад ва ин агар аз як сӯ барояшон имкон дод, озодона изҳори андеша кунанд, аз сӯи дигар шояд ба эҳсосоти шахсии онҳо низ имкон дод, нақши муайян бозад. Барои намуна, яке аз онҳо раъйҳои тарафдорони ҲХДТ-ро 90 дарсад ҳадс зад ва дигаре 80. Вале дар ҳар сурат ҳамаи онҳо шаҳрванди Тоҷикистон ва интихобкунандагони ин кишваранд ва ақидаи шахсии худро баён доштанд.

Фарқи азими байни ду навъи натиҷаҳо -- яке дар ҳолати такрор шудани шеваи интихоботи соли 2010 ва дигаре натиҷаҳо дар ҳолати баргузории як интихоботи озоду одилона ва шаффоф пеш аз ҳама “занги изтироб” барои ҳизби ҳоким аст, ки ба ақидаи Раҷаби Мирзо, ин ҳама муддат асосан ба “ресурси маъмурӣ” такия кардааст ва мекунад. Ба ғайр аз ин мегӯяд ӯ, “ба тарс додани мардум ва истифодаву суистифода аз ноогаҳии мардум ва нарафтани мардум ба интихобот ва ба вуҷуд овардани тақаллуб”.

Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо

Аммо ҳизбҳои мухолиф, бавижа ҲНИТ, ба ақидаи ин коршинос, асосан ба “электорати эътирозӣ” такия мекунанд ва гумон доранд, ки он хеле калон аст. Бо ин ҳама ҳарду ҳизб, мегӯяд Раҷаби Мирзо, дар интихоботи озод ва одилона ҳамагӣ 30-дарсадӣ раъй мегиранд.

Ба андешаи раҳбари Маркази ҷомеашиносии “Шарқ” Музаффар Олимов, “таваҷҷӯҳ ба ҳизбҳои сиёсӣ ва рақобати байни ҳизбҳо дар Тоҷикистон ба он андозае нест, ки худи ҳизбҳо гумон мекунанд. Интихобкунанда бештар ба шахсиятҳо ва зарфияти онҳо менигарад. Агар номзад дар ин ё он минтақа эътибор дошта бошад, мардум ба ҳарфаш гӯш диҳанд, метавонад, ҳисобҳои пешакиро ба ҳам занад ва интихобот ба даври дуюм гузарад.”

Вале назарсанҷии илмии маркази “Шарқ” дар соли 2010, ду моҳ пеш аз рӯзи интихобот бо ширкати 1500 шаҳрванди Тоҷикистон ҷараён гирифта буд ва натиҷаҳои раъйдиҳӣ ба андозаи зиёд дуруст будани онҳоро нишон дод. То чӣ ҳад ҳақиқат доштани арзёбии коршиносонро дар ин пурсиш интихоботе нишон хоҳад дод, ки озоду одилона ва шаффофу демократӣ баргузор гардад. Ё метавон гуфт, дарсадҳои он шояд ба дарсади тақаллуб дар интихобот бастагӣ хоҳанд дошт.

Ҳоло хона рӯшантар шуд ё на, бигзор хонандагон бигӯянд. Ва шояд онҳо низ ба назарсанҷӣ ҳамроҳ шаванд, ки кадом ҳизб ё номзад дар интихобот чӣ қадар овоз хоҳад гирифт? Ҳошияи ин матлаб интизори назарҳои Шумост.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG