Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархе аз аҳзоби сиёсии кишвар шикоят доранд, ки овезаҳои таблиғотиашон дар шаҳру навоҳӣ аз сӯи афроду гурӯҳҳои номаълум пора карда мешаванд. Аммо мақомоти интизомӣ мегӯянд, дар ин росто шикояте дарёфт накардаанд.

Раҳматулло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон аз канда шудани таблоҳои таблиғотияшон дар шаҳру навоҳии кишвар нигаронӣ карда, мегӯяд, ки як гурӯҳ дар ҳама навоҳӣ ва ҳатто дар хиёбонҳои Душанбе аксҳои номзадҳо ва шиору овезаҳои интихоботии ҳизб медаронанд.

Ӯ рӯзи 21-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки фаъолони ҳизб се рӯз пеш дар маҳаллаҳои 103 ва 104-уми шаҳри Душанбе гурӯҳи иборат аз 4 нафарро ҳангоми кандани маводи таблиғотии ҳизб дастгир кардаанд. Ҷавонҳо зуд раҳо карда шуданд ва аммо баъдан аз дигар манотиқ ба онҳо дар бораи харобкориҳо зидди ҳизб иттилоъ расид.

Зоиров мегӯяд: “Дирӯз, дар ноҳияи Шаҳритӯс ба кандани плакатҳо ду корманди милитсия ва як намояндаи КДАМ машғул шудаанд. Ин ҳолатро чанд нафар аз гурӯҳи таблиғотии ҲСДТ шоҳид шуданд. Ҳамин тавр, гурӯҳе дигар дар дигар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Ваҳдат низ машғул будаанд. Ду ҷавонеро, ки дар шаҳри Душанбе ҳангоми даронидани плакатҳо дастгир кардем, гуфтанд, ки ба онҳо 10 сомонӣ дода, фармудаанд, ки ин корро анҷом диҳанд. ”

Ба гуфтаи ҷаноби Зоиров, то дирӯз дар шаҳри Душанбе 80 дарсади овезаҳои таблиғотии ин ҳизб канда шуда, ба раисони ноҳияҳо амр шудааст, ки ба ҷуз аз овезаҳои ҳизби ҳоким, ба маводҳои таблиғотии дигар ҳизбҳо ҷой надиҳанд. Нигаронии раиси ҲСДТ аз канда шудани плакатҳои ҳизбашон аз ҷониби кормандони мақомот дар ҳолест, ки мақомоти қудратӣ аз ин амалҳо изҳори бехабарӣ мекунанд.

Валиҷон Муллоев, раҳбари шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Шаҳритӯс дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дар ин бора иттилое надоранд ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар ин робита ба онҳо муроҷиат накардаанд: “Ин гуна амалҳо аз рӯи қонун манъ аст. Касе ҳақи кандани плакатҳои табkиғотии ҳизбҳоро надорад. Инҳо ҳамааш гапи дурӯғ аст.”

Канда шудани овезаҳои аҳзоби мухолиф аз сӯи мақомот дар ҳоле рад мешавад, ки бо оғоз шудани маъракаҳои пеш аз интихоботӣ, шаҳрдори Душанбе ба ҲНИТ иҷозаи реклама кардани ин ҳизбро надода буд. Маҳмудҷон

Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ гуфт, аз хиёбонҳову маҳаллаҳои Душанбе овезаҳои ҳизби онҳо низ канда мешаванд. Ба қавли ӯ, агарчи таблиғотгарони онҳо пайваста кор мекунанд, вале як гурӯҳи номаълум садди роҳи таблиғоташон мешавад. Аммо ӯ тайид кард, ки то ҳол масъулони ҳизб ба ҷое муроҷиат накардаанд.

Ба қавли ҷаноби Файзраҳмонов, дар ноҳияи Қумсангир аксҳои ӯ низ аз кӯчаҳо бардошта шудаанд: “Дар ҳар навоҳие, ки аз ҳавзаҳои як мандатӣ ҲНИТ номзад дорад, қариб дар ҳама ҷой ин гуна қонуншиканиҳо рӯй додааст. Аз ҷониби як гурӯҳ кандани шиору плакатҳои аҳзоби мухолиф ҳам қонуншикании ошкорост ва ҳам рақобати носолим. ”

Олим Бобоев, номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ низ мегӯяд, онҳо аллаккай бори дуюм аст, ки маводҳои таблиғотии ҳизбашонро дар хиёбонҳо меовезанд, аммо як гурӯҳи ҷавонон бо мошинҳо дар хиёбонҳо гашта, маводҳои тарғибии ҳизбҳоро канда мераванд.

Фирӯза Шарифӣ, номзад аз ҲХДТ гуфт, вай то ҳоли ҳозир боре ҳам ба ин гуна амалҳо дучор наомадааст. Ӯ мегӯяд, дар минтақаи Хатлон кор мебарад, вале ягон маротиба ба канда шудани шиорҳои ҳизбашон дучор наомадааст. Ба истиснои ҳолатҳое, ки аксҳо дар зери борон тар шуда, афтидаанд. Айни ҳол дар ҷодаҳои Душанбе аз ҳама бештар маводи таблиғотии Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ба назар мерасад.

Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 1 марти соли равон бо ширкати 288 номзад ва сабқати 8 ҳизби сиёсӣ баргузор мешавад. Садҳо нозири хориҷӣ барои назорат ба раванди ин маъракаи сиёсӣ ба Тоҷикистон омадаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG