Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ман аз Тоҷикистон омадам." Даниел Рустамов дар X-Factor-и Украина


Даниел Рустамов
Даниел Рустамов

Даниел Рустамов, сокини бистсолаи Душанбе, нерӯи овозхонии худро дар даври аввали барномаи X-Factor-и Украина санҷид ва аз ҳамаи доварони барнома баҳои аъло гирифт. Ӯро ба камияш ду даври дигари мушкил дар пеш аст.

Ин нахустин бор аст, ки як ҷавони тоҷик дар барномаи X-Factor иштирок кардааст ва видеои ҳунарнамоии ӯ дар Интернет бо даҳҳо шарҳи ифтихоромез ҳамроҳ аст. Саҳнаи ҳунарнамоии Даниел шоми 8 октябр тариқи телевизиони Украина намоиш дода шуд.

Тасодуфан рӯзе як нафар ба ман навишт, ки оё мехоҳам дар барномаи X-Factor-и Украина ҳунарамро намоиш диҳам? Розӣ шудам ва ҳамин тавр орзу маро то Киев бурд

Даниел Рустамов 9 октябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз Маскав гуфт, даври аввали барнома моҳи июли имсол сабт шуда ва баъди бандубасташ тоза намоиш дода шудааст. Ӯ гуфт, барои санҷидани истеъдоди овозхонӣ ва боло будани обрӯи Тоҷикистон то Украина рафт ва хост нишон диҳад, ки тоҷикон фақат муҳоҷири корӣ нестанд ва набояд ба онҳо бо чашми ҳақир нигарист. Доварони барномаи X-Factor низ гуфтаанд, ки Даниел ба ҳадафаш наздик шудааст.

"Бори аввал ба Маскав барои таҳсил омадам. Ҳамдарсонам аз ман пурсиданд, ки куҷоӣ ҳастам? Вақте гуфтам аз Тоҷикистон, безеб нигоҳ карданд", - нақл кард Даниел. Ӯ мегӯяд, баъд аз ин чанд бор талош кард дар барномаи истеъдодҳои Русия иштирок кунад, аммо дархости ӯро ба назар нагирифтаанд. "Тасодуфан рӯзе як нафар ба ман навишт, ки оё мехоҳам дар барномаи X-Factor-и Украина ҳунарамро намоиш диҳам? Розӣ шудам ва ҳамин тавр орзу маро то Киев бурд", - афзуд ӯ.

Даниел Рустамов
Даниел Рустамов

Рустамов соли дувум аст, ки дар Донишкадаи давлатии ҳунарҳои Маскав таҳсил мекунад ва дар барномаи X-Factor таронаи Radioactive аз гуруҳи Imagine Dragons-ро иҷро кард. Константин Меладзе, яке аз доварони барнома гуфт, дар аввал фикр кард, як сарояндаи оддист, ки таронаи оддӣ иҷро мекунад, "аммо дар идома ҷозибае дорад, ки туро ба сӯи худ мекашад". Даниел ҳам мегӯяд, бисёр орзу дошт, рӯзе дар ҳузури Констанин Меладзе тарона иҷро кунад ва ин фурсат барояш даст додааст.

Ин ҷавони бистсолаи зодаи Тоҷикистон баъди шунидани таҳсини доварони X-Factor тавассути телевизиони Украина эълон кард, ки фарди хушбахт аст. Даҳҳо нафар дар зери видеои ҳунарнамоии Даниел Рустамов шарҳҳои ифтихоромез навишта ва ӯро барои рушди ҳунараш ташвиқ кардаанд. Яке аз шарҳнависон хостааст, ӯ ба забони тоҷикӣ ҳам тарона иҷро кунад ва ҳатман муваффақ хоҳад шуд.

Шаҳзодаи Самарқандӣ, адиб ва рӯзноманигори тоҷики муқими Ҳолланд, рӯзи 9 октябр дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, "Даниел Рустамов хоста нишон диҳад, ки дар Тоҷикистон ҷавонони бистсолаи боистеъдод зиёд ҳастанд. Агар тангдастии иқтисодӣ садди роҳашон нашавад, метавонанд, аз пайи орзуҳои худ бираванд. Инқилобе дар роҳ аст ва ман онро дар устухонҳои худ эҳсос мекунам."

Даниел Рустамов моҳи ноябри соли 1995 дар хонаводаи пизишк дар Душанбе ба дунё омада, ҳамон тавр, ки дар саҳифаи Фейсбукаш ишора кардааст, забонҳои тоҷикӣ, русӣ, куриёӣ ва англисиро медонад. Ӯ мегӯяд, дар оилаашон касе овозхон нест, аммо ин меҳр аз хурдӣ дар дилаш буд ва то охири роҳ хоҳад рафт.

XS
SM
MD
LG