Пайвандҳои дастрасӣ

Гулрухсори Сафӣ, шоири саршиноси тоҷик, дар суҳбати ихтисосиаш бо Озодӣ дар бораи шеър, ҳодисаҳои солҳои 90, ҳузури ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Ироқу Сурия ва нерӯгоҳи Роғун изҳори назар кард.

Озодӣ: Муқаддимаи Мишел Уолбекро бар китоби шеъраш, ки баъди муддати тӯлонӣ аз чоп баромадааст, хондам. Ӯ тавлиди як шоири матраҳро ба шарти шиддати дарди мавҷуд ё вуқӯи фоҷиа имконпазир медонад. Шумо ин маъниро чанд сол аст, ки мегӯед. Агар ормони мардум пайдо шудани як шоири иҷтимоӣ бошад, ӯ бояд то кадом ҳад фоҷиаро тоқат кунад?

Гулрухсор: “Ман хаёл мекунам, ки шеър гуфтани мо гапи нав ҳам нест. На аз ман, на аз Мишел. Шеър шодӣ ҳам ҳаст; шодие, ки намемонад. Инсон ба ҳар забон, дар ҳамон ҳолат фарёд мекашад, ки ҷисмаш дард мекунад, рӯҳаш дард мекунад. Шеър акси фарёди фоҷиаву таҳқиру беадолатиҳост.”

Озодӣ: Агар фоҷиа набошад, пас, шоири тавонманде халқ намешавад?

Гулрухсор: “Агар фоҷиа набошад, шоир таваллуд намешавад. Фоҷиа падару модари ҳама офаринишҳои инсон аст. Пеш аз фоҷиа ишқ меистад. Вақте ки ишқ мегӯям, ҳамон тухм кардани мурғҳоро, чӯҷа бароваданашонро дар назар нагиред. Ишқ инсонро маҷбур мекунад, ки овони беадолатӣ дар муқобили камон, марг хомӯш набошад. Онҳое, ки то имрӯз хомӯш нестанд, шоиронанд.”

Озодӣ: Метавонед аз ҳодисае ёд оваред, ки дар қалби як тифли, ба гуфти Шумо, “қишлоқӣ”, дар шакли як дарди бузург пайдо шуд ва ҳоло шоираи баркамолро мебинем?

Лаҳзаҳои гуфтугӯи Рустами Ҷонӣ бо Гулрухсори Сафӣ

Лаҳзаҳои гуфтугӯи Рустами Ҷонӣ бо Гулрухсори Сафӣ

Гулрухсор: “Марги модари нозанини ман, ки сари фарзанд рафт дар болои зонуи мани кӯдак. Ба модаркалонам гуфтам, ки: “Модарамро бигӯ сарашро аз зонуи ман бигирад, поям дард кард.” Ҳоло ҳам ба ёд меоварам, поям дард мекунад. Ин ҳодиса маро ба куллӣ дигар кард. Ман аслан дигар кӯдакӣ надоштам.”

“НАМЕХОСТАМ БИГӮЯНД, КИ...”

Озодӣ: Нафаҳмидед, ки чӣ ҳодиса ба вуқуъ пайвастааст?

Гулрухсор: “Худаш ҳам нафаҳмид, ки мемирад, омода набуд. Бибиям гуфт, ки духтарам мурдааст. Ягона духтараш буд. Модаркалонам рафт аз хонаи дигар манаҳбанд оварду манаҳи духтарашро баст, баъд худаш ҳам бехуд шуду ғалтид. Вақте ки модаркалонам паҳлӯи модарам афтид, фаҳмидам, чизе шудааст. Ин фоҷиа маро аз нав таваллуд кард, бидуни ҳеч модару бидуни ҳеч моҳ. Худамро аз болои ду метр ба поён партофтам. Як сол дард кашидам, чунки зарб хӯрдам. Мерафтам ҳар рӯз назди гӯри модарам. Касе, ки мегуфт модараш мурдааст, ӯро то ҳамин рӯз бад мебинам. Намехостам бигӯянд.”

Озодӣ: Агар ин фоҷиаро баҳонаи шоир шудани Шумо биҳисобем, пас, чаро шеъри аввали Шумо “баҳор” буд, на “Модар”?

Гулрухсор: “Хаёл мекардам, ки баҳор, модари ман, мисли гул аз хок мерӯяд. Ҳамин ҳозир ҳам мегӯям: “Модарам дар пушта хоб аст... лола мекорад, лолаи рӯи худро”. Эҳсоси худро ҳамон рӯзҳо фанд медодам, ки модарам зинда мешавад.”

Озодӣ: Зодгоҳи Шумо, ҳамон қишлоқи Яхч, ки гоҳо дар қатори дигар деҳоти кӯҳистон онро муҳофизи ҳувияти миллии тоҷикҳо медонед, дар овони Шуравӣ аз гузашта афкор ва фарҳанги мазҳабиеро ба мерос дошт, ки барои парвариш ёфтани духтарҳо монеаи бузург буд. Чӣ гуна даст дод, ки аз ин деворҳои таассуб раҳо ёбед ва ба як зани ормонӣ табдил ёбед?

Гулрухсор: “Мо одат кардаем, ки як кас бояд қисмати мора тоб бидиҳад. Ба ҷои мо хона бисозаду ҷуфт кунад. Як каси дигар нон диҳад. Мо ба ҳамин чиз одат кардем. Мо кӯшиши ба орзу расидан надорем. Ҷурмро дар ҷомеа на, дар ҳар инсон мебинам, ки ба муродаш нарасидааст.”

Озодӣ: Аз тарафи дигар, як духтар дар ҷомеаи мардсолор ва хурофӣ чӣ метавонад кунад?

Гулрухсори Сафӣ. Акс аз бойгонии Озодӣ

Гулрухсори Сафӣ. Акс аз бойгонии Озодӣ

Гулрухсор: “Дар оилаи мо, хушбахтона, ҳеч кас зиди ҳеч кас набуд. Падари ман бисёр одами рӯшанфикр буд, бобоям мадраса дошт. Ман дар мактаб суруд мехондам, менавохтам, тарона эҷод мекардам. Мисли як сел будам, ки пеши роҳашро гирифтан имкон надошт. Ҳеч кас ба мақсад расидани моро таъмин намекунад. Орзу, орзуи мо аст. Ишқ, ишқи мо аст. Зиндагӣ зиндагии мо аст. Мо бояд зиндагии худамонро бо орзуву ишқамон ба дасти худ бигирем.”

Озодӣ: Ҳоло чӣ шуда ба зани тоҷик, ки ба осонӣ аз ҳуқуқи худ даст мекашад ва аҷиб ин аст, ки дар баъзе маврид ин ҳуқуқи шаръӣ ҳастанд?

Гулрухсор: “Дар муфлисӣ, дастнигарӣ ва қашшоқӣ мебинам. Нисфи мардуме, ки ман мешиносам, бо якдигар танҳо ба ин хотир зиндагӣ мекунанд, ки ҷое барои рафтан надоранд. Нақл аст, ки муллобача “Қуръон”-ро ба хотири пораи нон зери по гузоштааст. Баъд надонистани ҳуқуқи худашон, нахонданашон, надонистанашон. Хаёл мекунанд, ҳамин ки хап куниву аз болоят ароба ҳай кунанд, ҳамон маданияту фарҳанг аст, ҳамон ҳуқуқ. Як муаллимаи ҷавон, даъво кардааст, ки барои чӣ маоши моро намедиҳед. Гуфтаанд як Гулрухсор Сафиеваи дигар пайдо шуд. Мегӯяд, ки ту бояд хап бошиву чизе нагӯӣ. Ин “хапбошӣ”-и мардум аз куҷост? Намехоҳам, ки ҷамъияти мо ба ҳамин аҳвол пеш биравад. Аз инсонҳо ҳар чӣ сохтан мумкин, ноинсон сохтан ноинсофӣ аст. Мо бояд ин корро накунем.”

“АГАР ДАР ХОНАИ ХУДАТ ХУШБАХТ НАБОШӢ...”

Озодӣ: Мо бас чеҳраҳои матраҳ доштем, ки бо таассуб ва хурофот мубориза бурданд. Тавоноии таассуб аз чист, ки онро наметавонанд маҳв сохт?

Гулрухсор: “Аз надонистани дин ва мазҳаб. Ҳар чӣ мегӯянд, рӯякӣ мегӯянд. Вақте мо сура мехонем, оят мехонем, ба маънии он сарфаҳм намеравем.”

Озодӣ: Ҳоло аз тарвиҷи афкори тундгароӣ дар миёни ҷавонони тоҷик ҳарф мезананд ва мо шумораи зиёдро медонем, ки ҳатто барои адои “вазифаи шаръӣ” ба Сурия мераванд. Шумо ба ин раванд шарҳу эзоҳе доред?

Гулрухсор: “Медонӣ, вақте ки одам дилаш холӣ аст, руҳаш холӣ аст, мебинад аз боло як гапромезананд, амали дигар мекунанд, аз даст мераванд. Онҳое, ки ба Сурия мераванд, суолҳои зиёде доранд аз зиндагӣ, ки мехоҳанд посух гиранд. На аз падараш, на аз ҳамсоя, на аз

ҷамъият дастгирӣ намеёбад. Ба наздикӣ шунидам, ки писари кадоме гӯё ба “Давлати исломӣ” пайвастааст. Гуфтанд бечора модараш. Дилам ба модараш насӯхт, ба ҳамон бача сӯхт, ки нафаҳмид барои чӣ таваллуд шуд, барои чӣ меравад ва ба куҷо? Бояд ҷамъияте дошта бошем, ки барои ҷавонон умедворкунанда бошад. Фаҳманд, ки дар макотиб дониши хуб мегиранд, бо ҳамон диплом, мадраке, ки мегиранд як рӯз барои ватан ба кор меоянд. Агар дар хонаи худат хушбахт набошӣ, дар ҷамъият ҳеч гоҳ хушбахт намешавӣ.”

Озодӣ: Дар ин гирудор ва тасаввурҳо аз эътиқод бо кадом васила муносибати худро бо Худо муайян кард?

Гулрухсор: “Бовар надоштан ин маъниро надорад, ки инкор мекунӣ. Ҳар қадаме, ки мемонам, мехоҳам ба суоли ман киям ва аз куҷо омадаам ва ба куҷо меравам ҷавоб ёбам. Кӣ маро ба ин дунё овардааст, маро кӣ ба куҷо мебарад? Агар инсон аз пушти ҳамин суолҳо равад, ҳам табиат зинда мемонад, ҳам худи одам хушбахттар мешавад.”

Озодӣ: Шумо дар бораи иштироки фаъоли дастгоҳи ҳукуматӣ дар масоили динӣ чӣ назар доред?

Гулрухсор: “Ҳар як сохтор бояд, ки таҳдевории қавии амниятӣ дошта бошад; ҳам амнияти иҷтимоӣ, ҳам амнияти давлатӣ, амнияте, ки мамлакатро наҷот бидиҳад. Бо зӯроварӣ буданду ҳазор бор шуданд. Як сабаби аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамин буд, ки мехост дину мазҳабро ба мардум таҳмил кунад. Ин ҳеч имкон надорад. Контрол дар фарҳанг аст, дар ҳақиқат аст, дар инсоф аст, дар имон аст, дар номус аст. Ҳамаи инҳо агар таъмин бошанд, ба сари ҳеч кас корду камон гирифтан даркор нест. Мардуми мо бисёр мардуми амин аст. Ба сари касе ханҷар накашидааст, намекашад ҳам. Аз кӯҳҳо боло шуд, то Помир рафт, ё ки аз Помир фаромад, ки кушта нашавад. Зӯровариро мардуми мо қабул надорад. Метавонад барои вақти муайян табассум кунад баъд дар дилаш мезанад.”

“ҚУРБОҚҚАРО ПАХШ КАРДӢ, “ВАҚ” МЕГӮЯД”

Озодӣ: Замоне гуфта будед, ки одамони боақл сиёсатро аз тариқи фарҳанг, ҳунар пеш мебаранд. Вақте Шуморо дар замони Шӯравӣ барои инъикоси мавзӯе манъ карданд, чаро забони эътироз баланд кардед?

Гулрухсор: “Ман худамро эҳтиром мекунам пеш аз ҳама. Эътироз барои шахсияти худ кардаам.Не, ҳамин қурбоққаро пахш кунӣ, “вақ” мегӯяд. Ман забони эътироз баланд накардам, забони андеша баланд кардам. Андешаи ман ин буд, ки ҳеч кас ҳақ надорад гапҳояшро болои ман таҳмил кунад, агар нодуруст бошад. Вақте ки медидам, пирони намозхонро мезаданд, таҳқир мекарданд, наметавонистам тарафи онҳоро нагирам, ҳамчун коммунист. Чаро вайро мегуфтанд ту ба худои худ муроҷиат накун? Ба суолҳои беҷавоби худаш ибодат мекунад. Мо чӣ ҳақ доштем, ки ӯро таҳқир кунем? Ҳаминро мехоҳам бигӯям, ки эътирози ман ҳамеша аз таҳқири дигарон сар мезанад. Нуфузи ҳукумат аз ҷиҳати фарҳанг бошаду аз ҷиҳати кумак. Андешаи ман, ҳунари ман ба ягон идеология, ба ягон ҳукумат ва ягон болову поин дахл надорад. Агар аз ман ҳаққамро бигиранд, ҳеч гоҳ хомӯш намемонам, муқобилият нишон медиҳам.”

Озодӣ: Ҳоло мавқеи зиёӣ дар баробари сиёсати ҳукумат баҳси зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Ҷойгоҳи онро ҳар кас ба таври худ мебинад. Ба назаратон, зиёӣ, ки Шумо намояндаи ин қишр ҳастед, дар баробари сиёсати давлат чӣ мавқеъ бояд дошта бошад? Он тарафдорӣ бошад, ё мухолиф?

Гулрухсори Сафӣ. Прага, 2016

Гулрухсори Сафӣ. Прага, 2016

Гулрухсор: “Ба чизи хубаш тарафдорона бошад, агар бошад. Ба чизи бадаш бояд муқобилият нишон диҳад. Чунки зиёӣ, яъне чароғ; чароғ дар торикӣ, фаҳмидед! Мо аз ҷанги даҳшатборе баромадем, ки ҳар як хонавода қурбонӣ дорад. Ҳамон тарсу ҳарос ҳоло ҳам, азбаски зиёиҳо, ин чароғҳоро куштанд, дар хунашон боқист. Ман ин ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро “ҷанги чароғкуш” мегӯям. Зиёиҳо дар ҳамон сафе буданд, ки аксараш қурбон шуданд, ҳоло ҳам ҳамон тарсу ҳарос дар хунашон ҳаст. Миллате ҳаст дар Аврупо, ҳар ҷанге, ки сар шуд, аз дарвозаи ҳамон гузашту даромаду аз дарвозааш берун шуд. Ҳозир ҳамон миллатро дарашро тақ-тақ кунӣ, боз намекунад. Яъне, ки ту ба ман кордор набош, боз ту кистӣ? Зиёии мо ҳам ҳоло ҳамон тарсу ҳаросаш, ки шаб меомаданду мебурданду мекуштандаш, ҳифз шудааст. Худи маро дар хонаам даромада хостанд кушанд, номҳояшонро медонам. Ҳукумат ҳам медонад, ҳеч кор накард. Ҳеч кор накунад, чунки ҳамаамон қурбонӣ будем. Мехоҳам бигӯям, ки зиёӣ ҳанӯз тарсу ҳарос дорад. Ба назари ман, зиёиҳо сиёсати ҳукуматро бояд муайян кунанд ва ҷавоб диҳанд. Ҳар шоир ва ҳар нависанда бояд барои суханаш ҷавоб гӯяд. Сиёсатмадор ҳам барои суханҳои худаш ҷавоб гӯяд; дар ҳавлӣ як чиз нагӯяд, дар оила як чизи дигар. Ин чизҳо ҷамъиятро хароб мекунад. Аз ҳама кори осон танқид кардан аст. Аз ҳама боз осонтараш таҳриф кардан. Ҳамин ду корро зиёиҳои мо аксар мекунанд. Ҳама не, албатта. Барои он ки аксараш зиёӣ нест. Вақте фаҳмида иғво мекунанд, зиёиҳо фаҳмида ҳунару истеъдодҳои фавқуллодае, ки мо дорем аз нақошӣ то адабиёт то ҳунар инкор мекунанду ҷойҳои онҳоро мегиранд. Ин ба фоҷиаи ҷамъият бурда мерасонад. Миллати мо бисёр самимӣ ва сода аст ва ба ҳамин зиёиҳо бовар мекунад. Ба ҳамин рӯз расидани мо аз ин аст, ки ба мо бовар мекунанд. Аксари мо сазовори бовар нестем.”

Озодӣ: Чанд бор шунидаем, ки аз тарафи раҳбарияти сиёсии кишвар барои таъини мавзуъ ҳаракатҳое шудаанд...

Гулрухсор: “Куллан нодуруст аст. Бояд ҳеч кас мавзӯъ пешниҳод накунад. Мавзӯъ ин андеша ҳаст. Ҳар як шоиру нависанда аъзои Иттифоқи нависандагон ҳаст, шоир аст, нависанда аст, ҷоиза дорад, бояд чизеро гӯяд, ки ҷамъият имрӯз ниёз дорад ё ки аз ҷамъият бигирад. Танқид ҳам бошад, бошад.”

ГУФТАН ДИГАР АСТУ НАШР КАРДАН - ДИГАР

Озодӣ: Ҳоло дар Тоҷикистон вазъияте ҳаст, ки гӯем шоир гуфтани мавзӯъеро ба сабаби амниятӣ салоҳ намебинад? Агар ҳаст онҳо кадом мавзӯҳо ҳастанд?

Гулрухсор: “Дигарҳоро намедонам. На дар даврони Шӯравӣ, на баъдаш нашудааст, ки ман мавзӯе дошта бошаму маро гирифтор кунаду ман онро нагуфта бошам. Гуфтан дигар асту онро чоп кардан дигар. Ман китобҳои чоп накарда зиёд дорам. Мепурсед, ки ҳастанд ин хел нависандаҳо? Ҳастанд. Аввал ин ки онҳо нависандаву шоир нестанд. Мардуме, ки Ҳофизу Саъдиву “Шоҳнома” дорад, онҳоро шоир меҳисобад? Бигӯяд ҳар чӣ мехоҳад. Мардум онҳоро гӯш намекунад.”

Озодӣ: Насли наве, ки эстафетаро ба онҳо месупоред каломашон барои тағйири вазъи тоҷикон метавонад пуртаъсир бошад, мисле ки овони шурӯи фаъолияти адабӣ бо Бозору Лоиқ каломи Шумо ин хусусиятро гирифт?

Лоиқ Шералӣ

Лоиқ Шералӣ

Гулрухсор: “Аслан мо ҳеч кор накардем: На ман, на Лоиқ, на Бозор, на Устод Қаноат. Ҳар коре, ки кард, ҷамъият кард. Ҷамъият худаш роҳи таърихӣ дорад, худаш тараққӣ мекунад, худаш шахсиятҳоро ба миён меорад. Мо, шоиронро ҳам ҷамъият худаш месозад. Замон худаш тарбия мекунад. Сухани ҷамъиятро мо гуфтем, мо чизи дигарро нагуфтем ва хеле кам гуфтем, суст гуфтем. Мо бояд бештару хубтар мегуфтем, чунки мо намунаҳои барҷастаашро дорем, дар мисоли Фирдавсиву Мансури Ҳаллоҷ ё худи устод Рӯдакӣ. Имрӯз аз рӯзи мо фарқ дорад. Дар бораи ин, ки “Мо меравем”-у “Онҳо” меоянд, мо ҳеч куҷо нарафтем. Шоир сухани охиринашро мисли Мавлоно дар лаҳзаи мурданаш мегӯяд. Он чӣ ки мо гуфтем, онро мо гуфтем. Дигарҳо мисли мо намегӯянд. Аввал ин ки фикр мекунанд, дигар ин ки ниёз надоранд ба гуфтани ин сухан. Саввум ин ки бояд чӣ қадар одам шахсияти сарсупурдаву нотарс бошад, ки як гапро бигӯяд.”

Озодӣ: Шоир як чеҳраи сиёсӣ буд?

Гулрухсор: “Агар шахсият бошӣ, миллат туро сиёсӣ мекунад. Чӣ қадар одамони хуб аз байн рафтанд, шоири хуб буданду шахсият набуданд, фақат ғами худашонро хӯрданд.”

ҚИСМИ ДУВУМИ “ЗАН ВА ҶАНГ”

Озодӣ: Шумо мегӯед, ки дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ хулосаи худро навиштан ҳанӯз барвақт аст, аммо ба назари ман Шумо мавқеъ ва хулосаҳои худро дар чанд китоб гуфтед...

Гулрухсор: “Дар китобҳои “Зан ва ҷанг”, “Озарахш”, барои Бозору Лоиқ бахшидем, баъд худи достони “Мурофиаи баҳор”. Таърихи воқеӣ вақт мехоҳад. Ман ҳамчу шоир, ҳамчун шоҳид ончӣ дидам, гуфтам ва ҳанӯз тамом накардаам. “Зан ва ҷанг” китоби дувум ҳам дорад. Ҳар як қаҳрамон, ки таҷовуз ва кушта мешавад, аз хуни шоир мегузарад. Ҳозир қуввату қудрати чоп кардани китоби дувумро надорам.”

Озодӣ: Атрофи шахсияти Шумо дар овони шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ баҳсҳои вуҷуд доштанд? То ҳадде ки Шуморо ба шурӯи он муттаҳам медонистанд. Чӣ эҳсосе Шуморо фаро мегирифт ҳамон вақт?

Душанбе, моҳи феврали 1990

Душанбе, моҳи феврали 1990

Гулрухсор: “Ин масъалаи шоир ва ҷамъият аст. Мардум хаёл мекунад, мо гуфтем “фалонӣ занашро задааст, бояд назанад”. Ҷурми ман аст, ки занро ҳимоят кардам. Солҳи 90-ум аз пушти раиси ҷумҳур ба ман арз мекарданд. Ман мехоҳам бигӯям, ки кӣ чӣ мегӯяд ҳамаи инро таърих дар ҷояш мемонад. Хоҳанд маро бифаҳманд, шеъри маро хонанд. Гапи чӣ гуфтаасту кӣ гуфтааст, ҳазён аст.”

Озодӣ: Шуморо дард мегирифт?

Гулрухсор: “Ҳозир ҳам маро дард мегирад. Гап ин аст, ки инҳо ҳамааш дурӯғ аст. Барои он ки ба ҳадафашон наздик шаванд, ин чизҳо барои онҳо зарурат дорад. Аз номи шахсиятҳо ба худашон ному нон месозанд. Сухани мо сухан буд, сухани мо ҳоло ҳам сухан аст. Медонед он чизе, ки сухан карда метавонад, ягон шамшер дар тӯли қарнҳо накардааст. Барои ҳамин, ҳар чизе, ки ба шоирон мегӯянду мечаспонанд, аз тарси он аст, ки аз минбр ду даҳан гӯяд, мардумро ҷамъ карда намешавад. Мо ҳеч вақт шоири минбарӣ ба зидди касе набудем. Ман ҳадафи сиёсӣ надорам ва надоштам.”

“ҲЕЧ КАСРО БЕДОР НАКАРДААМ”

Озодӣ: Шояд ин аз он ҷиҳат аст, ки дар ҳамон солҳои 90-ум хело фаъол будед, мардумро ба худогоҳӣ даъват мекардед?

Гулрухсор: “Ман ҳеч касро бедор накардам. Ҷамъият худаш пухта расид. Мо гапи ҳамонҳоро мегуфтем. Мо ончиро мегуфтем, ки онҳо мегуфтанд. Ман ҳамеша фаъолам дар адабиёт. Ҳамин хел мемонам то мурданам. Баъзеҳо мехоҳанд, ки ба ин васила даҳони шоирро банданд, кори беҳуда мекунанд.”

Озодӣ: Солҳои 90-ум ин замони авҷи худогоҳии миллӣ буд ва ливобардорони аслии он низ Шумо будед...

Гулрухсор: “На, танҳо мо шеърро ба минбар баровардем. Ин баъди Евтушенко Вознисенский, Рждественский, Ахмадулина Казаков, баъди инҳо. Мо худамон набаромадем. Онҳо баромаданд, баъд мо баромадем. Мо аз ҳамон минбар сар кардем.”

Озодӣ: Ливобардорон дар Тоҷикистон Шумо будед?

Гулрухсор: “Ман намедонам чиро бардоштем. Ягон шоир ливо бардошта, сангар намеравад.”

Озодӣ: Насли мо Шуморо медид?

Гулрухсор: “Медонед он чӣ мо навиштем, Шумо инро фикр мекардед. Рост мегӯед Шумо. Ин маъниро надошт, ки мехоҳем бо Шумо ба сангарҳо равем. “Шоҳнома”-ро Фидавсӣ сӣ сол навишт, баъд мурд. Барои чӣ мурд? Гапашро гуфту мурд! Мо гапи миллатеро гуфтем, ки бояд зиндагӣ кунад. Ман намехостам, ки як ҷамъияти қашшоқ ба якдигар дарафтанд. Коммунисту Муллову Ом... мехостам, ки эҳтироми инсон ва муҳаббати инсонро ба худашон баргардонам.”

Озодӣ: Чаро ҳаракати соф миллӣ комёб нашуд?

Гулрухсор: “Ҳаракати миллӣ ҳеч вақт комёб намешавад. Гурӯҳи зиёиҳо ҳамеша кушта мешаванд. Ҳамеша аз байн бардошта мешаванд. Ҳамеша тарсонда мешаванд. Ва ҳаракатҳои миллӣ дар ягон ҷо комгор нашуданд, барои чӣ? Барои он ки як даста оташ аст. Як миллат аст дар ҳамин Европа, мегӯянд, ки офтоби сунъӣ сохтанд. Ба офтоб ҳама вақт ниёз аст, бубинед, дар онҷое ки офтоб нест, офтоби маснӯӣ месозанд. Аммо вақте як даста оташ аст, онро хомӯш кардан осон аст, ҳамон офтоби маснӯиро низ хомӯш мекунанд. Офтоби Осмонро хомӯш карда намешавад.”

СУЛҲ - ҶАШНИ ИНСОНӢ

Озодӣ: Ҳоло ба сулҳи соли 1997 назарҳо фарқ мекунанд, андешаи Шумо дар бораи ин санаи таърихӣ чист, онро ҷашн мегиред?

Гулрухсор: “Баҳс накунанд, сулҳ сулҳ аст. Сулҳ шуд. Бузургии миллатро нишон дод. Чӣ назарҳо доранд? Барои чӣ? Сулҳи хуб буд. Ман дар ҳамааш иштирок кардам. Дар Бишкек ҳам, дар Маскав, гарчанде ки маро даъват намекарданд, ҳарчанд ки муроҷиатномаи маро доштанд. Ёд доред ки “Озодӣ”, хеле ташаккур мегӯям, 20 бор онро пахш кард. Ман гуфтам, Шумо, ки мехоҳед қудрат гиред, Шумо мехоҳед давлат бигиред, ҳарду тараф, Шумо мехоҳед вазифа бигиред, мо чӣ гуноҳ дорем? Барои чӣ ман аз шавҳарам ва аз бачаам ҷудо монам? Шумо зудтар сулҳ кунед, ки баргардем. Худи миллат миллати амин аст, сулҳпарвар аст, ба ҳеч кас дарнамеафтад. Сулҳро бояд эҳтиёт кунем. Тилову зарро ёфтанаш осонтар аст аз нигаҳ доштанаш.”

Озодӣ: Яъне, барои Шумо ҷашни хонаводагӣ аст?

Гулрухсор: “Барои ман ҷашни инсонӣ аст. Инсон барои манфиат набояд якдигарашро бикушад. Ин ҷашни миллӣ аст. Миллати ман зинда монд. Фаҳмидед? Ин кӣ омадаасту кӣ меравад, инҳо ҳамаро таърих худаш дар ҷояш мемонад. Баъд вақту замон ҳамаро аз байн мебарад. Мо ватан дорем, мо миллат дорем.”

“ҲАР ҶАНГ АЗ ЯК ТИР САР МЕШАВАД”

Озодӣ: Ҳаводиси ҷангро чӣ гуна метавон воқеӣ тасвир кард, бахусус дар ҷанги шаҳрвандӣ, дар ҳоле ки ҳарду ҷониб ҳақиқати худро доранд?

Гулрухсор: “Ҳар як ҷанг аз як тир сар мешавад. Бигзор манро бибахшанд қаҳрамонҳо, лекин қаҳрамони воқеӣ вуҷуд надорад. Ҳамон ҳолат ё одамро буздил мекунад ё тарсончак ё хоин ё қаҳрамон. Ана, ҳамон ҳолати ҳол.”

Озодӣ: Кадом вақт дар овони ҷанги шаҳрвандӣ эҳсос кардед, ки дигар ҳама чиз дар дасти силоҳ аст?

Гулрухсор: “Вақте ки яке аз ҳамсояҳои ман хонаи маро ба қотилонам нишон дод.”

Озодӣ: Аз вокуниши Шумо ба гурӯҳи мусаллаҳе, ки вориди хонаи Шумо шуданд...

Гулрухсор: “Ман гуфтам, чаро як сӯзан наовардед. Гуфтанд, барои чӣ? Гуфтам, барои куштани ман як сӯзан бас аст. Бо чорто автомат, чорто пистолет, чорто шамшер, чорто гранатомёт омада буданд. Натарсидам.”

Озодӣ: Шумо Душанберо тарк нагуфтед. Намедонистед, ки ҷанг бераҳмона аст?

Гулрухсор: “Ман медонистам, ки меоянд, маро мекушанд. Ман медонистам, ҳар рӯз сарамро як бор мешустам. Ҳар рӯз лабҳоямро сурх мекардам, либоси нав мепӯшидам. Ҳар як садои дар мешуд, медонистам барои куштани ман омаданд. Намехостам биравам. Ман интизор будам қотилонро.”

СИЁСАТИ НОН

Озодӣ: Дар як мусоҳибаатон ба “Российская газета” изҳор доштед, ки ҳар як муҳоҷири корӣ дар Русия шахси сиёсист. Чӣ фикр доред ҳукумат инро дарк мекунад ё на?

Гулрухсор: “Бояд дарк кунад. Чунки як шахсияти қавӣ бармегарданд. Ҳар як шахсияте ки аз хонааш берун меравад, пеш аз ҳама худашро месозад. Фақат барои шикамаш намеравад. Барои ақлаш меравад, барои хирадаш меравад. Барои шарафи оилааш меравад. Барои ман якеаш камини русӣ сохт. Алакай дар ҳамон сохтанаш як нақши сиёсӣ буд, ки ба мо монандӣ надошт; сиёсати худашро эҳтиром кардан; сиёсати ҳунар буд, сиёсати нон буд. Сиёсати нон бадтарин сиёсат аст, медонед?”

Озодӣ: Яъне хеле мардуми озод бармегардад?

Гулрухсор: “Метавонанд ҳар хел баргарданд. Метавонанд нашъаманд баргарданд. Ин аз он вобаста аст, ки чӣ қадар ирода доштаасту мағзи пояш чӣ қадар будааст. Метавонанд бадмаст баргарданд. Метавонанд масалан нашъаманд баргарданд. Дар маҷмуъ, солим ва андешаманд бармегарданд.”

“МАҒЗИ ХОЛИРО ПУР КАРДАН ОСОН АСТ”

Озодӣ: Ононе, ки ба Сурия мераванд аз тариқи Русия ба ин кишвар сафар мекунанд. Ин назари расмии мақомоти Тоҷикистон аст. Шумо дар Тоҷикистон зиста эҳсос мекунед, ки фазои мазҳабии одамҳо тағйир меёбад?

Гулрухсор: “Агар одамро мағз холӣ ҳаст, вайро пур кардан осон аст. Онҳо ҳамчун мазҳабӣ намераванд, барои пул кор кардан мераванд. “Давлати исломӣ” кай вақт ёфт, ки як касро мазҳабӣ кунад? Ҳеч касро мазҳабӣ накардааст. Дона дар замини сабз месабзад, дар болои санг - не. Яъне, мағзи сари ҷавонон барои қабули ин ақоид омода аст. Ҷавоне, ки аз хонааш берун мешавад, то худро ба куштан диҳад, дар хона норасоие дорад. Вақте ки бача рафт, вай алакай бадбахтарин инсони дунёст. На ба хонааш бармегардад, на ба ҷамъият ва на андешаашро дигар карда мешавад. Миллат аз ҷанг баромадааст. Бачаҳое, ки имрӯз 22 сол доранд, дар батни модар мариз буданд, дар батни модар стресс доштанд, ба равоншинос ниёз доранд.”

Озодӣ: Шумо иштиёқманди фарҳанги исломӣ будед...

Гулрухсор: “Аз номи ман бисёр чизҳо навиштанд. Фарҳанг метавонад фарҳанги ҷаҳонӣ бошад. Шоиру нависандаҳо наметавонанд инҷурӣ бошанду онҷурӣ, тарафдори фарҳанги шарқӣ ё ғарбӣ. Дар ҳолате, ки мо фарҳангро тақсим мекунем, фарҳанг нест. Ҳамаи онҳое, ки аз дониши қуръонӣ баромаданд, фарҳанги исломӣ доранд. Ман ки забони қуръонро намедонам, бисёр бадбахтам. Ман тарҷумаашро хондам. Ман намедонам ки фарҳанги исломӣ чӣ ҳаст? Медонӣ барои чӣ намефаҳмам? Барои ин ки барои ман ёд надоданд. Ман аз мактаби Шӯравӣ баромадам. Бобоям мадраса доштааст, дар мадрасаи бобоям нахондам, падарам низ саводи кофии исломӣ надошт.”

Озодӣ: Гапи ман сари дигар чиз буд?

Гулрухсор: “Ман фаҳмидам.. ин гапро чанд бор аст мешунавам. Он қадар донишманде нестам, ки худамро намунаи фарҳанги исломӣ гӯям. Ба ман наомӯхтанд.”

Озодӣ: Маънии Ислом сулҳ аст...

Гулрухсор: “Медонам, ки сулҳ аст.”

Озодӣ: Чӣ шудааст дар ин замон исломро чун дини ҷангу ҷидол мешиносанд?

Гулрухсор: “Мо дар бораи мазҳаби худ маълумоти кофӣ надорем. Агар мо дини худро медонистем, вазъ чунин намешуд. Қуръон китоби илмӣ аст; илмие, ки тамоми дину мазоҳиб ва илми ҷаҳонро фаро гирифтааст. Мо амиқ китоби муқаддаси худро наомӯхтем, рӯякӣ мехонем.”

Гулрухсори Сафӣ

Гулрухсори Сафӣ

“ДИГАР ГАДОИРО БАС КАРДАН ДАРКОР”

Озодӣ: Тоҷик ҳеч гоҳ гадоӣ намекунад, мегӯед Шумо. Ҳоло ба воқеият назар дӯхта ҳанӯз ба ин фикри худ пофишорӣ мекунед?

Гулрухсор: “Мо дар ҳамин солҳои охир маҷбур будем хело гадоӣ кунем. Дигар гадоиро бас кардан даркор. Чӣ хел миллате, ки дар решаи номаш “Тоҷ” аст, гадоӣ мекунад. Накунад бояд. Мекунем, мекунем.”

Озодӣ: “Сабр миллати моро наҷот дод” мегӯед Шумо. Назари дигаре мавҷуд аст, ки сабр миллати моро мекушад...

Гулрухсор: “Не, сабр ҳеч касро накуштааст. Оне, ки аз сари тир гурехта наметавонад, сабр накардааст, ӯ ночор аст. Сабр имкон медиҳад, ки одам дар бораи гузаштаву ояндаи худаш фикр кунад. Лекин сабр аз амалҳои мушкилтарине ҳаст, ки инсон метавонад баъди ташнагӣ таҳаммул кунад.”

Озодӣ: Чун аз ватан мегӯед, солҳои охир мебинам фазои фаротар аз Тоҷикистонро дар назар доред?

Гулрухсор: “Нимо Юшич мегӯяд, ки “дунё хона аст”, ман мехоҳам гӯям, ки хона дунё аст. Мо ҳар қадар дар сатҳи ватан, дар доираи ҳавлӣ ва дар хонаи худ танг бишавем, ҳамон қадар аз одаму олам бехабар мемонем. Одам ба ин дунё барои шинохтани худаш омадааст. Худашро танҳо ба воситаи дигарҳо мешиносад.”

“МАН ОРИЁИЯМ”

Озодӣ: Ба муносибатҳои сиёсии ахири Эрону Тоҷикистон чӣ назар доред?

Гулрухсор: “Назари хуб надорам. Эрон модар аст. Эрон реша аст. Эрон бунёд аст. Ба ман тӯҳмат мезананд ба ин хотир, ки мегӯям: “Ман ориёиам”. Одаме, ки аслу решаи худро ёд надошта бошад, модари худашро эҳтиром намекунад. Ин чизҳои бисёр сода, маснӯӣ ва сохта ҳастанд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба гурезаҳои мо кумак карданд, ҳоло ҳам мекунанд. Ҳоло ҳам бо муҳаббат гап мезананд. Ҳар як одам ҳар чӣ бигӯяд. Дар маҷмуъ, Эрон хеч вақт муқобили мо набуд ва ҳеч вақт моро бад намедид ва хеч вақт аз мо тамаъ ҳам надошт, ба мо ниёз ҳам надорад. Онҳое, ки моро мехоҳанд ҷанг андозанд, тирашон хок мехӯрад. Медонед, намешавад бародар бо бародар, модарро аз фарзанд дур андозӣ.”

Озодӣ: Паси ин эронситезӣ кӣ ҳаст?

Гулрухсор: “Аз мо берун ҳастанд. Агар дарун ҳам бошанд, хеле манфиатдор ҳастанд. Барои ин кор пули зиёд ҳам мегиранд. Шарм доранд дар гулӯяшон монад. Мо 300 сол аз якдигар дур будем. Фарҳанги мо, тамаддуни мо, шеъри мо бисёр қафо рафт. Чунки одам аз решааш канда шавад, ҳамин хел мешавад. Харитаи сиёсӣ аст, аммо мо забонамонро чӣ кор мекунем? Устод Абуабдуллоҳи Рудакӣ, ки имсол тамоми ҷаҳон омад барои шунидани шеъраш, дар Тоҷикистон хуфтааст, падари шеъри форсӣ. Инро мо метавонем ба ҳамдигарамон тақсим кунем, инро ҳам ҷудо кунем?”

ГУЛРУХСОР НАГУЗОШТ, РОҒУНРО БИСОЗАНД?

Озодӣ: Яке аз сабабҳои эрод ба шахсияти Шумо мухолиф будани Шумо ба сохтмони Роғун аст. Метавонед гӯед, ки ин ҳама ҳадсу гумонҳо аз куҷо сарчашма мегиранд?

Гулрухсор: “Ин чизи бисёр ҷиддӣ ҳаст, ин ҳам чизи сиёсӣ аст. Вақте ки мардумро аз Чорсада ба Эсанбой кӯчонданд, дар ҳавои кушод бехонаву бедаршон партофтанд, онҳо назди ман омаданд. Ман аз ҳокими ҳамон вақт, ҳоло ҳам зинда аст, пурсидам, ки агар бимирӣ туро дар куҷо гӯр мекунанд? Аз ҳамон ҷо сар шуд. Гуфтам мардумро бурда, дар қади раҳ партофтед. Аввал хонаашон бисозеду баъд онҳоро бикӯчонед, мисле ки дар дигар ҷойҳо мекунанд. Гуфт: Мо аз куҷо хона диҳем, худамон хона надорем. Ман гуфтам иҷозат намедиҳам. Ҳамеша айбдор мекунанд, ки ман қишлоқи худамро наҷот медиҳам. Қишлоқи ман аз сатҳи баҳр қариб 2000 метр боло аст. Об хоҳад ҳам то пояш расида наметавонад. Ҳазрати Султони моро об наздикаш расида наметавонад. Ҳамин Яхч ба ягон об дахл надорад. Барои чӣ ман фақат дар бораи Яхчи худам фикр кунам, агар шоири миллат бошам? Баъд шармашон бод, дар Тоҷикистон, ки 25 сол соҳибистиқлолияшро ҷашн мегиранд, як ГЭС-е ки аз давраи Шӯравӣ насохтанаш, ин қадар дар гардани як шоир бор кунанд. Шарму ҳаё надоранд. Ба номи Худо. Соҳибистиқлол бояд чил ГЭС-и дигар худаш месохт. Шумо иттифоқи Советиро барқарор кунед, ГЭС-ро созем. Охир, айб аст, ин гапро гуфтан, ки “Гулрухсор намонд”. Чӣ хел Гулрухсор метавонад, як шоир, як ГЭС-ро намонад ки бисозанд?

Озодӣ: Шумо гуфтед, ки кӣ дар баровардани қароре ҳамчунин муҳим, аз шумо мепурсид? Он замон Шумо низ як шахси оддӣ набудед? То ҷое ман медонам Маскав дар шахси Шумо раҳбари баъдии Тоҷикистон, раиси ҷумҳурро медид...

Гулрухсор: Таъсир дошту... Онҳо иҷозат ҳам дода буданд барои сохтмонаш. Мо сар накардем аз худи Маскав сар карданд, ки “ин реалӣ нест”.

Озодӣ: Рад кардани ин таклиф ба чӣ хотир буд? Шояд ба ин чиз агар розӣ мешудед, имконият барои амалӣ намудани ормонҳои миллӣ бештар мебуд?

Гулрухсор: “Ягон раиси ҷумҳур ормонҳои миллиро амалӣ карда наметавонад. Дигар ин ки ман шоирам. Ман ҳатто сафир нарафтам ба Шри Ланка. Алакай қарор буд барои таъини ман.”

Озодӣ: Ин халал мерасонд?

Гулрухсор: “Биёр халал мерасонд. Хаёл мекунам ҳар кас дар ин дунё барои коре офарида шудааст. Ва ман аслан ин майлро надоштам, хоҳиш надоштам. Ман аз 22-солагиам роҳбари идора будам. Ман медонам, ки чӣ қадар шахсияти ман дигар шуд, дағал шуд. Раиси ҷумҳур шудан, ҳар кас наметавонад. Орзуи ҳар кас ҳам нест. Ту ба на танҳо як оилаи худат, ту тамоми ҳамин миллатро аз сӯзанаш то қасраш ба гардан мегирӣ. Ту барои мурдааш, зиндааш, барои масалан ояндааш ҷавобгарӣ. Ту бояд дар бораи худат фикр накунӣ. Ту бояд барои худат сарват ҷамъ накунӣ. Ту бояд, ки қаср надошта бошӣ, мисли Ленин як қошуқи шикастагӣ дошта бошӣ. Баъд ман ҳеч орзуву хоҳиш надорам. Як дақиқа вақтам, агар беҳуда равад, худамро намебахшам.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG