Пайвандҳои дастрасӣ

Ба мушоҳидаи меҳмонони хориҷии Тоҷикистон, бисёре аз занону духтарони тоҷик "аз хавфи мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифтан” аз истифодаи нақлиёти мусофирбари Душанбе худдорӣ мекардаанд.

Як мақоми аршади Барномаи рушди Созмони Милал дар Тоҷикистон гуфт, ки ба шунидаи ӯ, занону духтарони тоҷик "аз хавфи мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифтан" аз савор шудан ба автобусу троллейбус дар пойтахт худдорӣ мекунанд. Норимаса Шимомура, муовини раҳбари Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, дар ин бора баъд аз тафтиши шеваи кори системаи GPS дар дохили мусофирбарҳо дар саҳифаи Фейсбукаш изҳори назар кард.

Шимомура рӯзи 3 июл навишт, "автобус ва троллейбус воситаи асосии ҳамлу нақл аст. Аммо шунидам, ки занон аз озори ҷинсии номақбул дар ташвишанд ва аз ин рӯ аз нақлиёти дигари гаронарзиш истифода мекунанд."

Ин андешаро занону духтарони зиёди тоҷик дар кӯчаҳои Душанбе тасдиқ карданд. Бархе ин падидаро бо истилоҳи "хирагии шаҳвонӣ" шарҳ доданд. Бо Фирӯза, як духтари тоҷик дар наздикии истгоҳи "Хонаи матбуот"-и хиёбони Рӯдакӣ ҳамсӯҳбат шудем. Ӯ гуфт, ки қариб пас аз ҳар сафараш бо автобус ё троллейбус бо табъи хира берун мешавад. Фирӯза мегӯяд, писарони ношинос дар дохили автобусу троллейбус ба наздаш омада, аз ӯ шумораи телефонашро мепурсанд. "Ё ҷой медиҳанд ва бо ҳамин баҳона мехоҳанд, ки ҳамсӯҳбат шуда, худашонро ба Шумо наздик кунанд," -- идома дод ӯ.

Нигора, ҳамсӯҳбати дигари мо мегӯяд, аз муносибати дағал ва рафтори нодурусти баъзе аз ҷавонон дар автобусҳо дилсард шудааст ва аз ин рӯ кӯшиш мекунад, на бо автобус, балки бо микроавтобус (маршрутка) ё таксии арзонтар дар дохили шаҳр ҳаракат кунад.

Дар ҳамин ҳол, мусоҳибони дигари мо таъкид мекунанд, ки густохиву хирасарии ҷавонон нисбат ба онҳо на танҳо дар дохили автобусҳо, балки дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла мактабу донишгоҳ, бозору фурӯшгоҳ, театру толори консерт ва ҳам кӯчаву гулгаштҳо бисёр рух медиҳад. Айни замон, ҳеч нафаре аз ҳамсӯҳбатони мо нагуфт, ки шоҳид ё дучори бадрафтории ҷинсӣ шудааст.

Бисёре аз духтарон аз бетарафии ҷомеа ва хусусан калонсолон дар қиболи беадабиҳои ҷавонон ба занону духтарон дар маконҳои ҷамъиятӣ шикоят карданд.

Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, бадрафторӣ ва озори ҷинсии ҷавонону мардон нисбат ба занон падидаи нав нест ва дар даврони Шӯравӣ низ вуҷуд дошт. Ӯ афзуд, "агар решаҳои равонии ин падидаро ҷӯем, маълум мешавад, ки ҳамон хуни гарми шарқии мо дар ин ҷо нақше дорад. Ҷавонон мекӯшанд, дар дохили нақлиёт бо духтарон ошно шаванд, аммо фарҳанги муносибат бунёд кардан бо духтаронро надоранд. Аз ин рӯ, дар нақлиёт ҳангоме ин ҳисси онҳо боло мегирад, ин табдил меёбад ба як хирагии шаҳвонӣ ва бадрафторӣ нисбат ба занон."

Ин дар ҳолест, ки падидаи бадрафтории бархе аз мардон нисбат ба занон дар Тоҷикистон натанҳо дар дохил, балки дар хориҷ аз кишвар ҳам вирди забонҳо шудааст. Ин аст, ки Вазорати умури хориҷии Бритониё ба шаҳрвандонаш, хусусан занҳо, ки қасди сафар ба Тоҷикистонро доранд, машварат додааст, шабона танҳо саёҳат накунанд. Чунки, ба гуфтаи ин ниҳоди Бритониё, дар Тоҷикистон ҳодисаҳои озору азияти ҷинсӣ нисбати занон ва ҳатто ҳодисаҳои таҷовуз ба номус дар рӯз низ ба қайд гирифта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG