Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Айфон - телефон, айфон - курта, айфон - рӯймол ва... (ВИДЕО)


​Тоҷирон мегӯянд, ки ҳоло матое бо номи “Айфон” дар бозорҳои кишвар серхаридор шуда, ҷойи “Путин”-ро торафт тангтар мекунад. Арзиши як метри ин матоъ аз 50 сомонӣ сар мешавад.

Ҳарчанд харидории телефони нави "Айфон" бо рамзи ширкати "Apple" ё себи газида на ба ҳар сокини Тоҷикистон даст медиҳад, аммо матое бо номи "Айфон" тавонистааст бозорҳои кишварро пур карда, ҷойи "Путин"-ро дар дили занону духтарони тоҷик тангтар кунад. Як метри ин матоъ панҷоҳ сомонӣ будааст.

Бар илова, дар бозору фурӯшгоҳҳои Душанбе гарданбанду рӯймолҳое низ бо номи "Айфон" ва рамзи ширкати "Apple" ба фурӯш баромадааст. Ин рамз, инчунин, баъзе аз худравҳо, пояфзолу ҳамён ва ашёи зиёди дигарро оро медиҳад. Нигора, фурӯшандаи Маркази савдои "Садбарг", мегӯяд, охирин ҳамёнаш бо рамзи ширкати "Apple"-ро ба ҷавоне фурӯхтааст. Ӯ мегӯяд, "ҳамин себи газидаро ҷавонон зиёд мепурсанд. Себ бо нигин ва зебо оро дода шудааст ва диққати ҷавононро ҷалб мекунад."

Ширкати "Apple" аз гаронарзиш ва бонуфузтарин ширкатҳо дар бозори мухобиротии ҷаҳон аст ва бо вуҷуди нархи гаронаш ба гуфтаи тоҷирон, дар Тоҷикистон ҳам теъдоди ошиқони маҳсулоти ин ширкат рӯз то рӯз меафзояд. Бо таваҷҷӯҳ ба нуфузи ин ширкат ҳам бархе аз соҳибкорони тоҷик ба овардани молу колое талош мекунанд, ки дорои ин “бренд” бошад ва таваҷҷӯҳи харидорро ҷалб кунад.

Муслима, як зани ҷавон, мегӯяд, дӯстдори маҳсулоти ширкатҳои маъруф аст ва мехоҳад ҳама сару либосу ашёаш аз ширкатҳои маъруф бошанд. Баъд аз чанд соли интизорӣ, як соли қабл хоҳарбузургаш ба ӯ аз хориҷ “Айфон”-и насли 5 тӯҳфа фиристод ва хушбахтиаш ҳадду канор надошт. "Албатта, ифтихор буд байни ҳамсабақон ва дӯстон соҳиби телефони гаронарзиш ва бренди маъруф будан. Аммо, мутаасифона, телефонамро гум кардам ва дигар ҳоло, ки соҳиби фарзанди хурдсолам ҳеҷ имкони харидории чунин телефонро надорам,"- афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Рустам Воҳидов, муовини раҳбари маркази фурӯши "Айком" нуқтае, ки аз ширкати Apple дар Тоҷикистон намояндагӣ мекунад, гуфт, бо вуҷуди таъсири бӯҳрони иқтисодӣ ба тиҷорати маҳсулоти ин ширкат, боз ҳам маҳсулотаон талабот дорад. Аз ин фурӯшгоҳ дар маркази Душанбе ҳамарӯза 100 харидор боздид мекунад ва тааҷҷубовараш он аст, ки мегӯяд Рустам, "аксарият аз Айфони насли нав пурсон мешаванду онро харидорӣ кардан мехоҳанд. Яъне, Айфону Айпадҳои кӯҳна не, Айфони 6-ро интихоб мекунанд. Асосан тоҷирону кормандони бонк меоянд. Аммо донишҷӯён ҳам ҳастанд дар миёни онҳо."

Рустам мегӯяд, албатта, ҷавонони тоҷик мисли ҳаммаслакони хориҷии худ барои соҳиб шудан ба Айфону Айпад гурдаи худро ба фурӯш намегузоранд ва ё барои харидории онҳо навбат намепоянд, аммо бр асоси як тарҳи махсус бо гирифтани қарзи шашмоҳаву яксола аз бонкҳо соҳиби телефону планшетҳои ширкати Apple мешаванд.

Дар маркази фурӯши "Айком" як Айфонро бо арзиши аз 760 доллар боло ва Айпадро бо қимати аз 810 то 1000 доллар харидорӣ кардан мумкин аст. Навгонӣ дар ин мағоза ба фурӯш гузошта шудани соатҳои ширкати Apple аст, ки як моҳ боз пешниҳоди сокинони Тоҷикистон шудааст. Ин соат ба фарқ аз соатҳои маъмулӣ метавонад дараҷаи набз ва фишори касро муайян кунад. Арзиши ин соатҳо ҳам 700 доллар аст.

Рустам Қосимов, раҳбари Бунёди интернет дар Тоҷикистон, ки дар робита ба истифодабарии телефону смартфонҳо пажӯҳиш бурдааст, мегӯяд, ҳоло айфону айпад доштан маънии сарватманд буданро надорад. Падарони муҳоҷир, ба гуфтаи ӯ, ки солҳо аз назди фарзандонашон дуранд, бо тақдими айфону айпад аксаран ҳиҷрати чандсолаи худро пеши фарзандон ҷуброн мекунанд.

Вале Дилшод - як ҷавони тоҷик, ки мегӯяд, бо фанновариҳои ҷадид хуб ошност, ба фарқ аз дигар ҳамсолони Aplle-дӯстдораш ба тавлидоти ин ширкат, аз ҷумла айфон чандон баҳои баланд намедиҳад. Ӯ мегӯяд, онҳое ошиқи айфон ҳастанд, ки дунболи мӯд мегарданд, вале, мегӯяд Дилшод, барои ӯ сифат муҳимтар аст. “Ширкате, ки аз ҳад зиёд маъруф шуд, дигар ба сифати маҳсулот таваҷҷӯҳ намекунад. Айфон ҳам аз бисёр ҷиҳат ҳоло аз смартфонҳои дигар фарқ намекунад.”

Як пажӯҳиши нав дар бораи истифодаи телефонҳои ҳушманд муайян кардааст, ки дар Тоҷикистон ҳоло бештар аз ҳама ҷавонони аз 21 то 32-сола телефонҳои ҳушманд доштаанд ва бештарашон ба телефонҳои “Нокиа” ва “Самсунг” бартарӣ медиҳанд.

XS
SM
MD
LG